ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи дастёрони ихтиёрӣ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи дастёрони ихтиёрӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ:
1) барои ҷалби дастёрони ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ андешанд;
2) ҳамкории муштаракро бо дастёрони ихтиёрӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкур ташкил намоянд;
3) таҳлил ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти дастёрони ихтиёриро ҳамасола амалӣ намоянд;
4) якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар:
- оид ба баррасии масъалаҳои ташкилии фаъолияти дастёрони ихтиёрӣ ва сари вақт аз қайди нави баҳисобгирӣ гузаштани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд;
- барои бо ҳуҷраҳои корӣ, воситаҳои нақлиёт, алоқа ва ҳуҷҷатҳои дахлдор таъмин кардани дастёрони ихтиёрӣ ҳангоми навбатдории онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Сардорони ситодҳои дастёрони ихтиёрӣ ҳар семоҳа ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисоботи омориро оид ба фаъолияти дастёрони ихтиёрӣ пешниҳод намоянд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 400 "Оид ба тасдиқи Низомномаи дружинаи ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 феврали соли 2024, № 60
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Положении о добровольных дружинах
В соответствии со статьей 12 Закона Республики Таджикистан "Об участии граждан в обеспечении общественного порядка" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение о добровольных дружинах (прилагается).
2. Правоохранительным органам:
1) принять необходимые меры для привлечения добровольных дружин в обеспечении охраны общественного порядка;
2) организовать взаимодействие с добровольными дружинами в соответствии с нормативными правовыми актами и настоящим Положением;
3) ежегодно осуществлять анализ и обобщение результатов деятельности добровольных дружин;
4) совместно с исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, а также другими предприятиями, учреждениями и организациями:
- принять необходимые меры по рассмотрению организационных вопросов деятельности добровольных дружин и их своевременной новой учётной регистрации;
- принять необходимые меры по обеспечению добровольных дружин рабочими кабинетами, транспортом, средствами связи, соответствующими документами во время их дежурств.
3. Руководителям штабов добровольных дружин ежеквартально представлять местным исполнительным органам государственной власти и правоохранительным органам статистические отчёты о деятельности добровольных дружин.
4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 августа 2010 года, №400 "Об утверждении Положения о добровольных дружинах в Республике Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 13 февраля 2024 года №60