Низомномаи дастёрони ихтиёрӣ аз 13 феврали соли 2024, № 60

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 феврали соли 2024, № 60

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 феврали соли 2024, № 60

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ ДАСТЁРОНИ ИХТИЁРӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Низомномаи дастёрони ихтиёрӣ (минбаъд - Низомнома) тартиби таъсис ва фаъолияти дастёрони ихтиёриро танзим намуда, шаклу усулҳои фаъолияти онҳоро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо муайян менамояд.

2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Низомнома истифода карда мешаванд:

- дастаи дастёрони ихтиёрӣ - ҷамъи ду ва зиёда дастёрони ихтиёрӣ, ки барои ба амал баровардани вазифаҳои дастаҷамъонаи дастёрони ихтиёрӣ ташкил карда мешавад;

- дастёрони ихтиёрӣ (дастёрони ихтиёрии халқӣ) - гурӯҳи ихтиёрии на камтар аз 10 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар ҷойи кор, таҳсилот ва маҳалли зисти шаҳрвандон бо мақсади мусоидат кардан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Низомнома таъсис дода шуда, аз қайди баҳисобгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаштааст ва дар маҳалҳо таҳти роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (мақомоти корҳои дохилӣ) фаъолият мекунад;

- дастёри ихтиёрӣ (узви дастёрони ихтиёрӣ) - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни ҳаждаҳ расида, аз рӯйи сифатҳои корӣ, ахлоқӣ ва вазъи саломатиашон қобилияти иҷрои вазифаҳоро оид ба ҳифз ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дорад;

- ситоди дастёрони ихтиёрӣ - мақоми асосии идоракунии фаъолияти дастёрони ихтиёрӣ дар сатҳи вилоят, шаҳр ва ноҳия мебошад.

3. Ба узви дастёрони ихтиёрӣ шаҳодатномаи намунаи муқарраршуда, нишони сарисинагии "Дастёри ихтиёрӣ", дастбанд ва ёддошт, ки дар он уҳдадорӣ, ҳуқуқҳои асосии дастёр ва маҷмуи қонунҳо доир ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ оварда шудаанд, супорида мешаванд.

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "13" февраля 2024 года, №60

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "13" февраля 2024 года, №60

Положение о добровольных дружинах

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о добровольных дружинах (далее - Положение) регулирует порядок формирования и деятельности добровольных дружин и определяет методы и формы их деятельности с правоохранительными органами в обеспечение общественного порядка, профилактики преступности и правонарушений.

2. Основные понятия, используемые в Положении:

- отряд добровольных дружин - совокупность двух и более добровольных дружин, которая образуется для реализации коллективных задач добровольных дружин;

- добровольная дружина (добровольная народная дружина) - добровольная группа не менее чем из 10 граждан Республики Таджикистан, которая учреждена по месту работы, образования и жительства граждан в порядке, установленном Положением, с целью оказания содействия правоохранительным органам для обеспечении общественного порядка и профилактике правонарушений, прошедшая учётную регистрацию в местных исполнительных органах государственной власти и осуществляющая деятельность под руководством правоохранительных органов (органов внутренних дел) на местах;

- добровольный дружинник (член добровольной дружины) - гражданин Республики Таджикистан, достигший восемнадцатилетнего возраста, способный по своим деловым, моральным качествам и состоянию здоровья выполнять задачи по охране и обеспечению общественного порядка;

- штаб добровольных дружин - основной орган управления деятельностью добровольных дружин на областном, городском и районном уровнях.

3. Члену добровольных дружин выдается удостоверение установленного образца, нагрудный знак "Дастёри ихтиёри", повязка и памятка, в которой приведены обязанность, основные права дружин и свод основных законов по охране общественного порядка.

4. Добровольный дружинник при исполнении поставленных перед ним задач находится под защитой государства и его права, свобода, честь и достоинство охраняются.

...