Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, № 545 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 ва Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо:

- ҷиҳати маблағгузории амалисозии босамари Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, ҷалби сармоя ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тадбирҳои зарурӣ андешанд;

- ҳар нимсола оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, оид ба рафти иҷрои онҳо ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 ноябри соли 2023, № 545