Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2023, № 531 "Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.04.2026 № 208)

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯйи ташкилотҳои низоми Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 , 3, 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 19 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.04.2026 № 208).

3. Ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 2 муовини сардор, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.04.2026 № 208).

4. Маблағгузории Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 616 "Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 ноябри соли 2023, № 531

...

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯйи ташкилотҳои низоми Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 , 3, 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 18 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

3. Ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 1 муовини сардор ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад.