Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 ноябри соли 2023, № 531
Низомномаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Саридораи бойгонӣ) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ амалисозии сиёсати давлатиро дар самти назорат ва бо заминаи меъёрию методӣ таъмин намудани тартиби пешбурди коргузорӣ ва кори бойгонидорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, таъмин менамояд.
2. Саридораи бойгонӣ фаъолияти ташкилотҳои Саридораи бойгониро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат менамояд.
3. Саридораи бойгонӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.
4. Саридораи бойгонӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқии онҳо анҷом медиҳад.
2. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲО
5. Саридораи бойгонӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:
- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳое, ки ба фаъолияти Саридораи бойгонӣ тааллуқ доранд;
- баҳисобгирӣ ва нигоҳдории давлатии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ;
- муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти низоми ташкилотҳои бойгонии мамлакат, инчунин пешбурд, рушд ва такмили онҳо;
- таҳия ва тасдиқи нақшаҳои кори бойгонидорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Саридораи бойгонӣ мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ваколатҳои зеринро ба амал мебарорад:
- тасдиқи низомномаҳои бойгониҳои марказии давлатӣ;
- тасдиқи низомномаҳои бойгониҳои давлатӣ;
- таҳия ва тасдиқи низомномаҳои намунавии бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ;
- таҳияи низомномаҳои намунавии бойгониҳои соҳавӣ;
- таҳияи Низомномаи Комиссияи марказии муштараки ташхисию тафтишотӣ ва методии Саридораи бойгонӣ;
- тасдиқи Дастури кори Комиссияи ташхисию тафтишотӣ;
- мувофиқа намудани феҳристҳои парвандаҳои вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- мувофиқа намудани номгӯйи ҳуҷҷатҳои намунавӣ ва соҳавии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- таҳияи қоидаҳои асосии кори бойгониҳои давлатӣ ва идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва тасдиқи номгӯйи хизматрасониҳое, ки бойгониҳои давлатӣ дар асоси шартнома анҷом медиҳад;
- таҳия ва тасдиқи тартиби намунаи меъёри намудҳои кори бойгониҳои давлатӣ, вақт ва коркарди асосӣ;
- ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравии ҷумҳурӣ;
- назорати расмиёти супоридани ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ба бойгониҳои давлатӣ, инчунин ба осорхонаҳо ва китобхонаҳо;
- бо тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани чорабиниҳо оид ба ошкор намудани ҳуҷҷатҳои марбут ба таърихи давлати тоҷикон, ки дар бойгониҳои давлатҳои хориҷӣ маҳфуз мебошанд ва бо нусхаи асл ё нусхаҳои ин ҳуҷҷатҳо таъмин намудани Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили баҳисобгирии давлатии марказонидашудаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатӣ, идоравӣ, осорхонаҳо ва китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҳфуз мебошанд;
- дар асоси шартнома иҷрои корҳо оид ба коркарди илмию техникии ҳуҷҷатҳои бойгониҳои идоравӣ;
- иҷрои корҳо оид ба таъсиси Хазинаи эҳтиётии нусхаҳои ҳуҷҷатҳои нодир ва ниҳоят арзишноки дорои аҳаммияти таърихӣ;
- расонидани кумаки методию амалӣ дар кори таъмини ҳифз, ҷамъоварӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъсис ва рушди низоми дастгоҳи илмию маълумотдиҳии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати корҳои илмию тадқиқотӣ ва методии муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои бойгонишиносӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва археография, инчунин андешидани чораҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ дар фаъолияти бойгонидорӣ;
- баррасии пешниҳод, ариза, шикоят ва муроҷиатҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва қабули қарорҳои асоснок ва қонунӣ оид ба ариза, шикоят ва муроҷиатҳои дигари воридшуда ва дар ҳолати зарурӣ санҷиши онҳо дар маҳалҳо;
- дар доираи ваколатҳои худ таъмини ҳифзи маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳад;
- ба роҳ мондани омодагии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони Саридораи бойгонӣ;
- дар асоси шартнома ташкили омӯзиши шахсони масъули самти кори бойгонидорӣ ва коргузории вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар;
- таҳия, мувофиқа ва тасдиқи барномаҳои омӯзиши кормандони масъули самти бойгонидорӣ ва коргузории вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса, ташкилоти дигар;
- тибқи тартиби муқарраршуда ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ дар соҳаи муқарраргардида;
- бо тартиби муқарраргардида баргузории озмунҳо, имзои қарордодҳои давлатӣ оид ба таъмини мавод, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо барои ҳалли эҳтиёҷоти Саридораи бойгонӣ, инчунин гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ;
- ҷамъбаст намудани таҷрибаи татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- анҷом додани функсияи ихтиёрдори асосии воситаҳои буҷети давлатӣ, ки барои таъминот ва ҳалли вазифаҳои Саридораи бойгонӣ пешбинӣ шудаанд;
- додани иттилоъ ба мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти Саридораи бойгонӣ;
- пешбурди назорати фаъолияти самти бойгонидорӣ ва коргузории вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон;
- таҳия ва тасдиқи дастурамалҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва санадҳои дигари меъёрию методӣ оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи бойгонидорӣ.
7. Саридораи бойгонӣ барои амалигардонии вазифаҳо ва ваколатҳои худ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқҳои зерин дорад:
- манбаъҳои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таркиби ҳуҷҷатҳоеро, ки бояд дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ нигоҳ дошта шаванд, муайян намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хадамоти бойгонидорӣ ва коргузориро санҷад;
- маълумоти барои қабули қарор вобаста ба масъалаҳои ба ваколати Саридораи бойгонӣ тааллуқдоштаро дархост карда гирад;
- барои бартараф намудани камбудиҳо дар кори бойгониҳои давлатӣ, идоравӣ, байниидоравӣ ва ташкили феҳристи парвандаҳо ва раванди минбаъдаи ба бойгонӣ супоридани ҳуҷҷатҳои коргузорӣ дастур диҳад;
- бо тартиби муқарраршуда ҷиҳати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба қонунвайронкуниҳо дар самти бойгонидорӣ роҳ додаанд, чорандешӣ намояд;
- тибқи қонунгузорӣ санадҳои ҳуқуқии марбут ба масъалаҳои бойгонидорӣ ва коргузориро, ки аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон таҳия гардидаанд, мувофиқа намояд;
- тадқиқоту озмоишҳо, таҳлилҳо ва баҳодиҳӣ, инчунин тадқиқоти илмии зарурӣ оид ба масъалаҳои бурдани назорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолиятро ба роҳ монад;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ масъалаҳои ба ваколати Саридораи бойгонӣ тааллуқдоштаро шарҳ диҳад;
- фаъолияти ташкилотҳои тобеи Саридораи бойгониро назорат намояд;
- ҷиҳати ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолияташ муассисаҳои илмӣ, олимон ва мутахассисони алоҳидаро ҷалб намояд;
- барои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳ надодан ва ё пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо нисбат ба талаботи ҳатмӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, инчунин бартараф намудани оқибатҳои қонуншиканиҳои мазкур чораҳои дахлдорро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешад;
- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва ташхисӣ (шуроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо ва ҳайати мушовара), аз ҷумла байниидоравӣ, таъсис диҳад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ба ваколати Саридораи бойгонӣ мансуб донисташуда лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- нишонҳои сарисинагии соҳавӣ таъсис дода, бо он кормандони соҳаи бойгонӣ ва шаҳрвандонеро, ки дар рушди соҳа саҳми махсус гузоштаанд, сарфароз гардонад;
- дигар ҳуқуқҳоеро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, доро бошад.
3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ
8. Ба фаъолияти Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
9. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Саридораи бойгонӣ гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳа шахсан масъул мебошад.
10. Сардори Саридораи бойгонӣ 1 муовин дорад, ки ӯ бо пешниҳоди сардор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
11. Фаъолияти меҳнатии кормандон дар дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Саридораи бойгонӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии танзим карда мешавад.
12. Сардори Саридораи бойгонӣ:
- вазифаҳоро байни сардор ва муовин тақсим менамояд;
- низомномаҳои воҳидҳои зертобеи Саридораи бойгониро тасдиқ менамояд;
- кормандони дастгоҳи марказии Саридораи бойгонӣ, роҳбарон ва муовинони роҳбарони ташкилотҳои зертобеъро ба вазифа таъин менамояд ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои адои хизмати давлатиро дар Саридораи бойгонӣ ҳал менамояд;
- сохтор ва ҷадвали бастҳои Саридораи бойгониро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргашта, инчунин хароҷоти нигоҳдории Саридораи бойгониро, ки дар доираи маблағгузории тасдиқшудаи буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;
- нақшаи солонаи кор ва нишондиҳандаҳои фаъолияти Саридораи бойгонӣ ва воҳидҳои сохтории онро тасдиқ менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо оид ба ташаккули буҷети ҷумҳурӣ дар қисми таъминоти молиявии фаъолияти Саридораи бойгонӣ пешниҳод манзур менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пешниҳод менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис додан, таҷдид ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории Саридораи бойгонӣ пешниҳод манзур менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида кормандони Саридораи бойгонӣ ва сохторҳои тобеи онро барои қадршиносӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- бо мақсади иҷрои муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ба ваколати Саридораи бойгонӣ дахлдошта, инчунин масъалаҳои ташкили фаъолияти ҳамарӯзаи Саридораи бойгонӣ фармоишҳо ба тасвиб мерасонад.
4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
13. Саридораи бойгонӣ молу мулкеро, ки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ дода шудааст, истифода мебарад.
14. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Саридораи бойгонӣ ва мақомоти тобеи он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус анҷом дода мешавад. Маблағгузории бойгониҳои давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва филиалҳои онҳо аз ҳисоби буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо анҷом дода мешаванд.
15. Саридораи бойгонӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, муҳрҳои дигар, штампу бланкҳои намунаашон муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
16. Маҳалли ҷойгиршавии Саридораи бойгонӣ: 734018, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Н. Қарабоев 38/1.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 ноябри соли 2023, № 531
Cохтори дастгоҳи марказии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Шуъбаи ташкилию методӣ, банақшагирӣ, кор бо бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ
Шуъбаи таъминоти нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, баҳисобгирӣ ва фаъолияти илмию иттилоотӣ
Шуъбаи коргузорӣ, назорат ва корҳои махсус
Бахши молия ва муҳосибот
Бахши ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28" ноябри соли 2023, № 531
Нақшаи идоракунии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Воҳидҳои сохтории бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Замимаи 4
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 ноябри соли 2023, № 531
Номгӯйи ташкилотҳои низоми Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Филиали
Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат
Филиали Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор
Филиали Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт
Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон
Озмоишгоҳи марказии барқароркунӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бойгонии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ
Бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд
Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар
Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб
Приложение 1 к
постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от "28" ноября 2023 года, №531
Положение о Главном архивном управлении при Правительстве Республики Таджикистан
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Главное архивное управление при Правительстве Республики Таджикистан (далее-Главное архивное управление) является центральным исполнительном органом государственной власти Республики Таджикистан, обеспечивающий в пределах своих полномочий, осуществление государственной политики в части надзора и обеспечения нормативно-методической базой порядка делопроизводства и архивного дела в государственных органах, учреждениях, предприятиях и других организаций, независимо от форм собственности и подчинённости.
2. Главное архивное управление осуществляет руководство, координацию и контроль деятельности организаций Главного архивного управления.
3. Главное архивное управление осуществляет свою деятельность на основании Конституции Республики Таджикистан, конституционных законов и законов Республики Таджикистан, постановлений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указов и распоряжений Президента Республики Таджикистан, постановлений и распоряжений Правительства Республики Таджикистан, международных правовых актов, признанных Таджикистаном, а также настоящего Положения.
4. Главное архивное управление осуществляет свою деятельность во взаимодействии с другими центральными органами исполнительной власти, местными исполнительными органами государственной власти, органы самоуправления посёлков и дехотов, общественными организациями, физическими и юридическими лицами, независимо от их организационно-правовой формы.
2. ЗАДАЧИ И ПОЛНОМОЧИЯ
5. Главное архивное управление осуществляет следующие задачи в установленной сфере деятельности:
- представление на рассмотрение Правительству Республики Таджикистан проектов законов Республики Таджикистан, нормативных правовых актов Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан по вопросам, связанных с деятельностью Главного архивного управления;
- государственный учёт и хранение документов Национального архивного фонда;
- определение основных направлений деятельности системы архивных учреждений страны, а также их ведение, развитие и совершенствование;
- разработка и утверждение рабочих планов архивного дела на территории Республики Таджикистан;
6. Главное архивное управление в соответствии с возложенными на него задачами осуществляет следующие полномочия:
- утверждение положений центральных государственных архивов;
- утверждение положений государственных архивов;
- разработка и утверждение типовых положений архивного сектора исполнительного органа государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, областей, городов и районов Республики Таджикистан и межведомственных архивов документов личного состава;
- разработка типовых положений отраслевых архивов;
- разработка Положения о Центральной объединённой экспертнопроверочной и методической комиссии Главного архивного управления;
- утверждение Регламента работы Центральной объединённой экспертно-проверочной комиссии;
- согласование номенклатур дел министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти;
- согласование перечней типовых и отраслевых документов министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти;
- разработка основных правил работы государственных и ведомственных архивов Республики Таджикистан;
- разработка и утверждение перечня услуг предоставляемых государственными архивами на договорных основаниях.
- разработка и утверждение порядка образца норм видов работ государственных архивов, время и основная обработка;
- комплектование и хранение документов Национального архивного фонда Республики Таджикистан в государственных и ведомственных архивах республики;
- контроль за процедурой передачи документов общественных организаций и граждан в государственные архивы, а также музеи и библиотеки;
- в установленном порядке осуществление мероприятий по выявлению документов, относящихся к истории таджикского государства, хранящихся в архивах зарубежных стран и обеспечение подлинниками или копиями этих документов Национального архивного фонда Республики Таджикистан;
- организация централизованного государственного учета документов Национального архивного фонда Республики Таджикистан, хранящихся в государственных, ведомственных архивах, музеях, и библиотеках Республики Таджикистан, а также находящихся в собственности физических и юридических лиц;
- выполнение на основе договора работ по научно-технической обработке документов ведомственных архивов;
- выполнение работ по созданию Страхового фонда копий уникальных и особо ценных документов, имеющих историческое значение;
- оказание методической и практической помощи в деле обеспечения сохранности, комплектования и использования документов Национального архивного фонда Республики Таджикистан;
- создание и развитие системы научно-справочного аппарата документов Национального архивного фонда Республики Таджикистан;
- контроль за научно-исследовательскими и методическими работами архивных учреждений Республики Таджикистан в областях архивоведения, документоведения и археографии, а также принятие мер по внедрению результатов научных исследований в архивной деятельности;
- рассмотрение предложений, заявлений, жалоб и иных обращений физических и юридических лиц и принятие обоснованных и законных решений по поступившим заявлениям, жалобам и другим поступившим обращениям и при необходимости их проверки на местах;
- обеспечение в рамках своих полномочий защиты сведений, составляющих государственную тайну;
- осуществление профессиональной подготовки, переподготовки, повышения квалификации и стажировки сотрудников Главного архивного управления;
- на основании договора организация обучение ответственных лиц архивного и делопроизводственного дела министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти, учреждений, предприятий и других организаций;
- разработка, согласование и утверждение учебных программ по подготовке ответственных лиц архивного и делопроизводственного направления министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти, предприятий, учреждений, других организаций;
- осуществление сотрудничества с органами государственной власти иностранных государств и с международными организациями в установленной сфере деятельности согласно установленному порядку;
- в установленном порядке проведение конкурсов и заключение государственных контрактов на обеспечение материалами, выполнения работ и услуг для решения нужд Главного архивного управления, а также проведение научно-исследовательских работ;
- обобщение практики применения законодательства Республики Таджикистан в установленной сфере деятельности;
- осуществление функции главного распорядителя средств республиканского бюджета, предусмотренных на содержание и решение задач Главного архивного управления;
- информирование государственных органов, средств массовой информации и общественность Республики Таджикистан о деятельности Главного архивного управления;
- ведение контроля за архивной и делопроизводственной деятельностью министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти, учреждений, предприятий и других организаций независимо от их форм собственности и ведомственной принадлежности;
- разработка и утверждение инструкций, норм, правил и других нормативных и методических актов по вопросам, связанных с архивным делом.
7. Главное архивное управление для реализации задач и полномочий в установленной сфере деятельности имеет следующие права:
- определять источники комплектования документов Национального архивного фонда Республики Таджикистан, а также состав документов, подлежащих хранению в государственных и ведомственных архивах;
- в порядке, установленным законодательством Республики Таджикистан проверять деятельность архивных и делопроизводственных служб;
- запрашивать сведения, необходимые для принятия решений по вопросам, отнесённым к полномочиям Главного архивного управления;
- давать указания по устранению недостатков в работе государственных, ведомственных, межведомственных архивах и в организации номенклатур дел и дальнейшего процесса сдачи документов делопроизводства в архив;
- в установленном порядке принимать меры для привлечения к административной ответственности физических и юридических лиц, допустивших правонарушения в архивном деле;
- в соответствии с законодательством согласовывать правовые акты, связанные с вопросами архивного дела и делопроизводства, разрабатываемых местными исполнительными органами государственной власти, министерствами и ведомствам и учреждениями, предприятиями и другими организациями, независимо от их форм собственности и ведомственной принадлежности;
- проводить исследования, испытания, анализы и оценки, а также необходимые научные исследования по вопросам контроля в установленной сфере деятельности;
- разъяснять физическим и юридическим лицам вопросы, отнесенные к полномочиям Главного архивного управления;
- осуществить контроль за деятельностью подведомственных организаций Главного архивного управления;
- привлекать научные и иные организации, ученых и отдельных специалистов для решения вопросов установленной сферы деятельности;
- принять соответствующие меры согласно законодательству Республики Таджикистан по предотвращению правонарушений относительно обязательных требований в установленной сфере деятельности физическими и юридическими лицами, а также по устранению последствий этих правонарушений;
- в установленной сфере деятельности создавать координационные, совещательные и экспертные (советы, комиссии, группы, и коллегии) в том числе и межведомственные органы;
- в случаях, предусмотренных законодательством разрабатывать проекты нормативных правовых актов, касаемых вопросов, отнесенных к полномочиям Главного архивного управления и представить на рассмотрение Правительству Таджикистана;
- учреждать отраслевые нагрудные знаки и награждать ими работников архивной сферы и граждан, внесенных особый вклад в развитие отрасли;
- иметь другие права, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан.
3. ОРГАНИЗАЦИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ
8. Главное архивное управление возглавляет начальник, назначаемый на должность и освобождаемый от должности Правительством Республики Таджикистан.
9. Начальник несет персональную ответственность за выполнение задач, возложенных на Главное архивное управление и реализацию государственной политики в сфере.
10. Начальник Главного архивного управления имеет 1 заместителя, который по его представлению назначается на должность, и освобождается от должности Правительством Республики Таджикистан.
11. Трудовая деятельность работников центрального аппарата и структурных подразделений Главного архивного управления регулируется законодательством Республики Таджикистан.
12. Начальник Главного архивного управления:
- распределяет обязанности между начальником и заместителем;
- утверждает положения структурных подразделений Главного архивного управления;
- назначает на должность и освобождает от должности работников центрального аппарата Главного архивного управления, руководителей и заместителей руководителей его подведомственных организаций;
- автономной области, областей и их филиалов, заключает, вносит изменения и расторгает с ними трудовые соглашения;
- в соответствии с законодательством Республики Таджикистан о государственной службе решает вопросы, связанные с прохождением государственной службы в Главном архивном управлении;
- утверждает структуру и штатное расписание Главного архивного управления в пределах, установленных Правительством Республики Таджикистан фонда оплаты труда и численности работников, а также смету расходов на содержание Главного архивного управления в пределах, утвержденного финансирования республиканского бюджет на соответствующий период;
- утверждает ежегодный план работы и показатели деятельности Главного архивного управления и его подведомственных структур;
- представляет в Министерства финансов Республики Таджикистан предложения по формированию республиканского бюджета в части финансового обеспечения деятельности Главного архивного управления;
- представляет в Правительство Республики Таджикистан проекты нормативных правовых актов;
- представляет в Правительство Республики Таджикистан предложения о создании, реорганизации и ликвидации подведомственных структур Главного архивного управления;
- в установленном порядке представляет работников Главного архивного управления и его подведомственных структур для награждения государственными наградами Правительство Республики Таджикистан;
- с целью исполнения положений Конституции Республики Таджикистан, конституционных законов и законов Республики Таджикистан, актов Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан издает распоряжения по вопросам, отнесенным к полномочиям Главного архивного управления, а также по вопросам организации повседневной деятельности Главного архивного управления.
4. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
13. Главное архивное управление пользуется имуществом, закрепленным за ним Правительством Республики Таджикистан на правах оперативного управления.
14. Финансирование расходов на содержание центрального аппарата Главного архивного управления и его подведомственные органы осуществляется за счет средств, предусмотренных в республиканском бюджете и специальных средств. Финансирование государственных архивов Горно-Бадахшанской автономной области, областей и их филиалов соответственно осуществляется за счет бюджетов Горно-Бадахшанской автономной области и областей.
15. Главное архивное управление является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и со своим наименованием на государственном и русском языках, иные печати, штампы и бланки установленного образца и финансируется с единого расчетного счета Центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.
16. Местонахождение Главного архивного управления: Республика Таджикистан, 734018, город Душанбе, проспект Н. Карабаева, 38/1.
Приложение 2 к
постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от "28" ноября 2023 года, №531
Структура центрального аппарата Главного архивного управления при Правительстве Республики Таджикистан
Руководство
Организационно-методический отдел, планирования, работы с государственными и ведомственными архивами
Отдел по обеспечению сохранности документов, учету и научно-информационной деятельности
Отдел делопроизводства, контроля и специальных работ
Сектор финансов и бухгалтерского учёта
Сектор права и работ с кадрами
Приложение 3 к
постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от "28" ноября 2023 года, №531
Схема управления Главного архивного управления при Правительстве Республики Таджикистан
Центральный аппарат
Архивные подразделения исполнительных органов государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, городов и районов республики
Приложение 4 к
постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от "28" ноября 2023 года, №531
Перечень Организаций системы Главного архивного управления при Правительстве Республики Таджикистан
Центральный государственный архив Республики Таджикистан
Филиал Центрального государственного архива Республики Таджикистан в городе Вахдат
Филиал Центрального государственного архива Республики Таджикистан в городе Гиссар
Филиал Центрального государственного архива Республики Таджикистан в поселке Гарм Раштского района
Центральный государственный архив кино-фото-фонодокументов Республики Таджикистан
Государственный архив новейшей истории Республики Таджикистан
Центральная лаборатория копирования и реставрации документов
Государственный архив Горно-Бадахшанской автономной области в городе Хорог
Государственный архив Согдийской области в городе Худжанд
Государственный архив Хатлонской области в городе Бохтар
Государственный архив Хатлонской области в городе Куляб