Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2023, № 531 "Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯйи ташкилотҳои низоми Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 , 3, 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 18 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

3. Ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 1 муовини сардор ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад.

4. Маблағгузории Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 616 "Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 ноябри соли 2023, № 531

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Главном архивном управлении при Правительстве Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О Национальном архивном фонде и архивных учреждениях" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата, Схему управления и Перечень организаций системы Главного архивного управления при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1, 2, 3, 4).

2. Установить предельную численность работников центрального аппарата Главного архивного управления при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 18 единиц (без обслуживающего персонала).

3. Разрешить Главному архивному управлению при Правительстве Республики Таджикистан иметь 1 заместителя начальника и коллегию в составе 5 человек.

4. Финансирование Главного архивного управления при Правительстве Республики Таджикистан осуществлять за счет средств республиканского бюджета и иных источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.

5. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №616 "О Главном архивном управлении при Правительстве Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 28 ноября 2023 года №531