Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2023, № 505 "Дар бораи Қоидаҳои намунавии ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои намунавии ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ)

 

Мутобиқи қисми 6 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои намунавии ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999, №210 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 октябри соли 2023, № 505