Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 маи соли 1999, № 210 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корҳонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2023 № 505 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корҳонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2002с. №487, аз 25.11.2021, №504)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корҳонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида аз 1 июли соли 1999 ҷорӣ карда шавад.

2. Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар мувофиқат бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои соҳавии калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору, хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳоро тасдиқ намоянд; (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2002с. № 487, аз 25.11.2021, №504).

санадҳои меъёрии идоравиро бо қарори мазкур мутобиқ гардонанд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми меъёрҳо ва санадҳои меъёриро, ки аз Низомномаи бо қарори мазкур тасдиқшудаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору, хизматрасонӣ) дар корҳонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тасдиқ намояд.

4. Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 1994 № 193 "Дар хусуси тасдиқи Низомномаи таркиби хароҷоти истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти (кору хизматрасонӣ) ба арзиши маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дохилкардашаванда ва тартиби ташаккулдиҳии натиҷаҳои молиявии ҳангоми андозбандии фоида дар корҳонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирифташаванда" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 12 маи соли 1999 № 210

ш. Душанбе

Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 28.10.2023 №505

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Положения по калькулированию себестоимости продукции (работ, услуг) на предприятиях и в организациях Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.12.2002г.№487, от 25.11.2021г.№504)

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемое Положение по калькулированию себестоимости продукции (работ, услуг) на предприятиях и в организациях Республики Таджикистан и ввести его в действие с 1-го июля 1999 года.

2. Министерствам и ведомствам Республики Таджикистан:

утвердить по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан и Антимонопольной службой при Правительстве Республики Таджикистан  отраслевые положения по калькулированию себестоимости продукции (работ, услуг)на предприятиях и в организациях(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.12.2002г. №487, от 25.11.2021г.№504);

привести ведомственные нормативные акты в соответствие с настоящим постановлением.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан утвердить нормы и нормативы, вытекающие из утвержденного настоящим постановлением Положение по калькулированию себестоимости продукции (работ, услуг) на предприятиях и в организациях Республики Таджикистан.

4. Признать утратившим силу постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 26 апреля 1994 года № 193 "Об утверждении Положения о составе затрат по производству и реализации продукции (работ, услуг), включаемых в себестоимость продукции (работ, услуг), и о порядке формирования финансовых результатов, учитываемых при налогообложении прибыли на предприятиях Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Э. Рахмонов

от 12 мая 1999 года № 210

 г. Душанбе