Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 октябри соли 2023, № 505
тасдиқ шудаанд
Қоидаҳои намунавии ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои намунавии ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ) (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби намунавии ҳисоб намудани арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ)-ро дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Дар Қоидаҳо мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ) - хароҷоти субъекти хоҷагидор, ки барои ба даст овардан, коркард, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ) сарф гардидааст;
- субъекти хоҷагидор - шахси ҳуқуқӣ (новобаста ба шакли моликият), аз ҷумла филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки фаъолияти он барои ба даст овардан, коркард, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ) равона гардидааст;
- мол (кор, хизматрасонӣ) - ҳама гуна ашё (аз ҷумла ашёи хом ва ё маводи тайёр), маҳсулот (тайёр ва ё нотамом), кор ва хизматрасонӣ (пурра ва ё қисман) (минбаъд - мол)-е, ки дар мубодилаи озод ба моли дигар ё барои фурӯш дар бозор иштирок мекунад;
- ҳисобкунии арзиши аслии мол - ҳисобкунии илман асосноккардашудаи арзиши аслии моли субъекти хоҷагидор буда, бо мақсади таъмини инъикоси боэътимоди хароҷот барои дастраскунӣ, коркард, истеҳсол ва фурӯши мол дар муқоиса бо меъёрҳои амалкунанда анҷом дода мешавад;
- партовҳои бозгашта - боқимондаҳои ашёи хом, масолеҳ, моли нимтайёр, гармибарҳо ва дигар намудҳои захираҳои моддӣ, ки дар раванди истеҳсоли мол пайдо шуда, қисман ё пурра сифати истеъмолии захираи аввалияро (хусусияти кимиёвӣ ё табииро) гум кардаанд ва вобаста ба ин бо хароҷоти зиёд истифода мешаванд (паст шудани истеҳсоли моли тайёр) ё ин ки бевосита аз рӯйи таъинот тамоман истифода намегарданд;
- нишондиҳандаҳои ҳисобкунӣ - нишондиҳандаҳои муқоисавӣ (арзиши аслии воқеӣ, арзиши аслӣ барои давраи гузашта, арзиши аслӣ аз рӯйи меъёрҳои амалкунанда);
- нишондиҳандаҳои таркиб ва сохтори арзиши аслӣ - моддаҳои ҳисобкунӣ мебошанд;
- нишондиҳандаҳои ҷузъӣ - тафсир кардани моддаҳои алоҳидаи ҳисобкунӣ мебошад.
3. Ҳисобкунии хароҷот барои истеҳсоли мол, ки ба арзиши аслии мол дохил карда мешавад, унсури ёрирасони ташаккули нархгузорӣ буда, бо мақсади муайян намудани заминаи андозбандӣ, идоракунии истеҳсолот бо дар назар доштани хусусиятҳои он гузаронида мешавад.
4. Дар ҳама истеҳсолот объекти ҳисобкунии арзиши аслии мол моли ҳамин истеҳсолот мебошад.
5. Вобаста ба технология ва хусусияти хоси мол объектҳои ҳисобкунии арзиши аслии мол инҳо шуда метавонанд:
- мол, қисми он, гурӯҳи ҳаммонанди мол (фармоиш) аз рӯйи хароҷоти субъекти хоҷагидор дар умум ва ё аз рӯйи хароҷоти воҳидҳои алоҳидаи сохторӣ;
- маҷмуи мол ё ин ки як намуди мол аз рӯйи давраҳои истеҳсол дар умум, ё аз рӯйи равандҳои алоҳида (марҳила, давраҳо)-и онро ташкилдиҳанда;
- намуди кору хизматрасонӣ - дар субъекти хоҷагидоре, ки ба иҷрои намудҳои алоҳидаи кору хизматрасонӣ махсус гардонида шудаанд.
6. Вобаста ба мақсадҳои субъектҳои идоракунӣ ба сифати объекти ҳисобкунии арзиши аслии мол молҳои гуногундараҷаи тайёр баромад менамоянд. Арзиши аслии моли тайёр самаранокии фаъолияти субъекти хоҷагидорро дар маҷмуъ ифода намуда, арзиши моли нимтайёр дар марҳилаҳои гуногуни тайёршавии он натиҷаҳои кори воҳидҳои алоҳидаи сохтории субъекти хоҷагидорро нишон медиҳад. Бинобар ин, ҳисобкунии арзиши аслии моли тайёр ва нимтайёро ҳамчун раванди ягона баҳо додан зарур аст, ки дар рафти он дақиқкунии маълумот амалӣ гардида, алоқамандии натиҷаҳои истеҳсолот бо истифодабарии захираҳои сарфгардида муқаррар карда шуда, дар ин замина захираҳои сарфаҷӯӣ ва усулҳои сафарбаркунии онҳо муайян карда мешаванд.
7. Усулҳои ҳисобкунии арзиши аслии мол аз технологияи таъсиррасонӣ ба воситаҳои меҳнат вобаста мебошанд.
8. Дар истеҳсолоте, ки як намуди мол истеҳсол мешавад, хароҷот барои истеҳсолот (бо дарназардошт ё бе дарназардошти тағйир ёфтани хароҷоти моли нотамом) маънои арзиши аслии ҳамин намуди молро дорад. Тақсим кардани хароҷот барои истеҳсолот дар гурӯҳҳо аз рӯйи моддаҳо (ё аз рӯйи қисмҳо ба миқдори моли тайёршуда арзиши аслии воҳиди молро муайян менамояд.
9. Дар истеҳсолоти маҷмуӣ ва мураккаб, ки дар як раванди технологӣ аз як ашёи хом ва масолеҳ дар як вақт номгӯйи васеи мол тайёр карда мешавад, аз ҷумла олоти меҳнат, барои ҳисобкунии арзиши аслии намудҳои ҷудогонаи мол усулҳои зерин истифода мегарданд:
- баровардани хароҷот;
- тақсим кардани хароҷот;
- омехта.
10. Мутобиқи усули ҳисобкунӣ, хароҷоти истеҳсоли мол ба арзиши ҳамон даврае, ки онҳо воқеан истеҳсол шудаанд, новобаста аз вақти пардохташон (пешакӣ ё баъдтар) дохил карда мешавад.
11. Дар баҳисобгирии муҳосибӣ (умумӣ) хароҷоти давраҳои оянда, асосан ба хароҷоти ҳамон давраҳое навишта мешавад, ки мол дар он истеҳсол гардидааст.
12. Дар баҳисобгирии муҳосибӣ усули ягонаи баҳодиҳии захираҳои моддие, ки дар истеҳсолот аз рӯйи арзиши аслӣ (миёна) ба ҳисоб гирифта шудаанд, истифода мегардад.
2. ХАРОҶОТЕ, КИ БА АРЗИШИ АСЛИИ МОЛ ДОХИЛ КАРДА МЕШАВАНД
13. Хароҷоте, ки арзиши аслии молро ба вуҷуд меорад, мутобиқи таркиби иқтисодӣ аз рӯйи унсурҳои зерин гурӯҳбандӣ мешаванд:
- хароҷоти моддӣ (бо тарҳ кардани арзиши партовҳои бозгашта);
- хароҷот барои музди меҳнат;
- маблағҷудокунӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа;
- истеҳлоки воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддӣ.
14. Ба арзиши аслии мол дохил мешаванд:
1) хароҷот барои дастрас намудани мол:
- барои харид;
- андозҳо, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ (ба истиснои андози иҷтимоии суғурташаванда) мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- ҳамлу нақли мол;
2) хароҷоти бевосита ба истеҳсоли мол алоқаманд, вобаста ба технология ва ташкили истеҳсолот, бо дар назар доштани хароҷоти моддӣ ва хароҷоти музди меҳнати кормандони ба истеҳсоли мол, иҷрои кор ва пешниҳоди хизматрасонӣ машғулбуда, хароҷот оид ба назорати равандҳои истеҳсолӣ ва сифати моли истеҳсолшаванда, мушоиат ва назорати кафолатии мол, бартараф намудани камбудиҳои дар ҷараёни истифодабарии онҳо ошкоргардида;
3) хароҷоти вобаста ба истифодабарии ашёи хоми истеҳсолӣ, дар қисмати хароҷот барои сихмолакунии заминҳо, пардохти дарахтҳои решаканкардашуда, инчунин пардохти об, ки субъекти хоҷагидор аз идораҳои хоҷагиҳои об дар доираи меъёрҳои муқарраршуда мегиранд;
4) хароҷот барои тайёр ва азхудкунии истеҳсолот:
- хароҷот барои корҳои омодагӣ дар соҳаҳои истихроҷ: ҷустуҷӯйи пурраи конҳо, иҷрои корҳои қабаткушоӣ, сохтмони чоҳҳо, тоза кардани гирду атрофи минтақаҳои кушоди конҳои маъдан, майдончаҳо барои нигоҳдории қабати ҳосилхези хок, ки барои коркарди минбаъдаи замин истифода мегардад, бунёд кардани роҳҳои муваққатии воридшавӣ ва роҳҳо барои баровардани ашёи хоми истихроҷшаванда, васл кардан ва таҷзияи дастгоҳҳои пармакунӣ ва дигар намуди корҳо;
- хароҷоти азхудкунии истеҳсолоти нав, коргоҳҳо ва дастгоҳҳо (хароҷоти бакорандозӣ): санҷиши омодагии субъекти хоҷагидори нав, истеҳсолот, коргоҳҳо ва дастгоҳҳои нав барои ба истифода додани онҳо бо роҳи санҷиши маҷмуӣ (таҳти сарборӣ)-и ҳамаи мошинҳо ва механизмҳо (истифодаи таҷрибавӣ) бо истеҳсоли озмоишии маҳсулоти дар лоиҳа пешбинишуда ва танзими таҷҳизот;
- хароҷот барои тайёр ва азхудкунии истеҳсоли молҳои барои истеҳсоли силсилавӣ ё оммавӣ пешбининашуда, ки бо истифодаи ашёи хом дар қисмати маблағгузаронӣ барои пӯшонидани хароҷот оид ба корҳои инкишофи геологӣ ва ҷустуҷӯйи геологӣ алоқаманд аст;
- хароҷоти вобаста ба омодагии корҳо оид ба пешгирии паҳншавии олудаҳои радиоактивӣ, гузаронидани таҷзияи таҷҳизот, бино ва иншооти бо радионуклеидҳо фаъолу олудашуда, таъмини ҳифзи радиатсионии аҳолӣ, ҳайати кормандон ва муҳити зист;
5) хароҷоти хусусияти ғайриасосидошта, ки бо такмили технология ва ташкили истеҳсолот, инчунин бо беҳтар кардани сифати мол, баланд бардоштани эътимоднокии он, истифодаи дарозмуҳлат ва сифатҳои дигари истифодабарӣ алоқаманд буда, дар раванди истеҳсолот амалӣ мешаванд;
6) хароҷоти вобаста ба ихтироъкорӣ ва фаъолияти ратсионализаторӣ, гузаронидани корҳои таҷрибавию озмоишӣ, тайёркунӣ ва озмоиши амсила ва намунаҳо аз рӯйи ихтироъкорӣ ва пешниҳодоти ратсионализаторӣ, ташкил кардани намоишҳо, азназаргузаронӣ, озмунҳо ва чорабиниҳои дигар оид ба ихтироъкорӣ ва фаъолияти ратсионализаторӣ, пардохти подоши муаллифӣ ва хароҷоти дигар;
7) хароҷот барои хизматрасонии раванди истеҳсолот:
- оид ба таъмин кардани истеҳсолот бо ашёи хом, масолеҳ, сӯзишворӣ, барқ, олот, асбоб, дигар воситаҳо ва ашёи меҳнат;
- ҷиҳати дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани воситаҳои асосии истеҳсолӣ (хароҷот барои азназаргузаронии техникӣ ва нигоҳубин, гузаронидани таъмири ҷорӣ ва миёна);
8) хароҷот оид ба таъмини иҷрои талаботи санитарию гигиенӣ, бо дарназардошти хароҷот барои нигоҳдории бино ва асбобу анҷомҳо, ки субъекти хоҷагидор ба ташкилотҳои тиббӣ барои ташкил кардани нуқтаҳои тиббӣ (қисмҳои санитарӣ) бевосита дар ҳудуди онҳо, барои нигоҳдории тозагӣ ва тартибот дар истеҳсолот, таъмин кардани чораҳои зидди сӯхтор, посбонӣ ва дигар талаботи махсуси бо қоидаҳои истифодабарии техникӣ ва назорат аз рӯйи фаъолияти онҳо пешбинишуда пешниҳод мегарданд;
9) хароҷоти нигоҳдории бино, ки ройгон ба муассисаҳои хӯроки умумии ба коллективҳои меҳнатӣ хизматрасонанда пешниҳод карда мешаванд (аз ҷумла маблағҷудокуниҳои истеҳлокӣ, хароҷоти гузаронидани ҳамаи намуди таъмири биноҳо, хароҷоти таъмини рӯшноӣ, об, барқ, инчунин сӯзишворӣ барои тайёркунии хӯрок);
10) хароҷоти таъминкунии шароити муътадили меҳнат ва техникаи бехатарӣ:
- бунёд ва нигоҳдории инҳисори мошинҳо ва қисмҳои ҳаракатдиҳандаи онҳо, палконаҳо, сӯрохиҳо, бонги хабардиҳанда, намудҳои таркиботи дигари хусусияти ғайриасосидошта, ки бехатарии техникиро таъмин менамоянд;
- сохтмон ва нигоҳдории утоқҳои тамизгардонӣ, дастшӯякҳо, душхона, ҳаммом ва либосшӯйхона дар истеҳсолот (дар он ҷойҳое, пешбинӣ мешавад ки чунин намудҳои хизматрасонӣ ба кормандон бо хусусиятҳои истеҳсолот алоқамандӣ дорад);
- таҷҳизонидани ҷойҳои корӣ бо дастгоҳҳои махсус (хусусияти ғайриасосидошта), таъминот бо либосу пойафзоли махсус, асбобу анҷомҳои муҳофизатӣ ва дар ҳолатҳои бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбининамуда - бо хӯроки махсус;
- нигоҳдории дастгоҳу таҷҳизоти газнок кардани об, дастгоҳи яхкунонанда, обҷӯшонакҳо, чалакҳо, либосовезак ва ҷевончаҳо барои нигоҳдории либоси махсус, либосхушккунакҳо, ҳуҷраҳои истироҳатӣ;
- ташкили шароитҳои дигари бо талаботи махсус пешбинигашта, инчунин дастрас намудани маълумотнома ва лавҳаю овезаҳо оид ба ҳифзи меҳнат, ташкил кардани маърузаҳо, лексияҳо оид ба бехатарии техникӣ;
11) хароҷоти ҷорӣ вобаста ба нигоҳдорӣ ва истифодабарии фондҳои таъиноти ҳифзи табиатдошта: иншоотҳои тозакунӣ, хокистаркашакҳо, обполо (ҳавотозакунӣ) ва дигар иншооти ҳифзи табиат, хароҷот оид ба гӯронидани партовҳои барои муҳит хатарнок, пардохти хизматрасонии субъекти хоҷагидори бегона барои қабул, нигоҳдорӣ ва нест кардани партовҳои барои муҳит хатарнок, тоза кардани обҳои партов ва намуди дигари хароҷоти ҷории ҳифзи табиат. Пардохтҳо барои партовҳои меъёран иҷозатдодашудаи моддаҳои ифлосшуда ба муҳити табиат аз ҳисоби арзиши аслии мол амалӣ мешавад ва пардохтҳо барои партовҳои аз меъёр зиёди онҳо аз ҳисоби даромадҳои дар ихтиёри истифодабарандагони табиат гузошташаванда амалӣ карда мешавад;
12) хароҷоти вобаста ба идоракунии истеҳсолот:
- нигоҳдории кормандони дастгоҳи идоракунии субъекти хоҷагидор ва воҳидҳои сохтории он, хизматрасонии моддию техникӣ ва нақлиётии фаъолияти онҳо, аз он ҷумла хароҷот барои нигоҳдории нақлиёти автомобилии хизматӣ ва ҷуброн кардани истифодабарии нақлиёти сабукрави шахсӣ дар сафарҳои хизматӣ;
- маблағи ҷудошуда барои нигоҳдории ташкилоти болоӣ аз ҳисоби фоидаи софи дар ихтиёри субъекти хоҷагидор боқимондашуда пардохта мешавад;
- хароҷоти истифодабарӣ оид ба нигоҳдории бино, иморат, иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом ва монанди онҳо;
- хароҷот барои сафарҳои хизматии ба фаъолияти истеҳсолӣ алоқаманд (мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ);
- хароҷот барои нигоҳдорӣ ва хизматрасонии воситаҳои техникии идоракунӣ: марказҳои ҳисоббарорӣ, марказҳои алоқа, бонгдиҳандаю огоҳикунандаҳо ва дигар воситаҳои техникии идоракунӣ;
- хизматрасониҳои аз ҷониби субъекти хоҷагидори бегона оид ба идоракунии истеҳсолот анҷомдиҳанда;
- пардохти хизматрасониҳои машваратӣ, иттилоотӣ ва аудиторӣ;
- пардохти хизматрасониҳои тарҷумонҳои дар басти вазифавии субъекти хоҷагидор қарорнадошта;
13) хароҷоти вобаста ба тайёр кардан ва бозомӯзонии кадрҳо:
- пардохти музди миёнаи меҳнати кормандони субъекти хоҷагидор аз рӯйи ҷойи кори асосӣ дар вақти таҳсили онҳо бо ҷудо шудани онҳо аз кор дар низоми такмили ихтисос ва бозомӯзонии кадрҳо;
- хароҷоти таълими шогирдон ва такмили ихтисоси коргарон, аз он ҷумла пардохти музди меҳнати кормандони соҳибтахассус, ки аз ҷойи кори асосӣ озод нашудаанд;
- пардохти рухсатиҳо бо пурра ё қисман нигоҳ доштани музди меҳнат, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба кормандони дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос, докторантура, муассисаҳои таълимии махсус, миёнаи касбӣ - техникӣ ва соҳавӣ, рӯзона, ғоибона ва шабона таҳсилкунанда, инчунин дохилшавандагон ба магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос ва докторантура бо ҷудо ё бе ҷудо шудан аз истеҳсолот пешниҳод мешаванд;
- пардохти роҳкирои онҳо то маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои таълимӣ ва бозгашт бо тартиби муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- хароҷоти вобаста ба тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, пардохти стипендия, пардохт барои таълим аз рӯйи шартномаҳо бо муассисаҳои таълимӣ, барои тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, хароҷоти субъекти хоҷагидори асосӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандони техникию муҳандисӣ ва кормандони соҳибтахассус, ки аз ҷойи кори асосӣ аз рӯйи дастури таълим дар шароити истеҳсолот ва таҷрибаи истеҳсолии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус, миёнаи касбӣ - техникӣ ва соҳавӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ озод карда шудаанд. Хароҷоти тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо ба арзиши аслӣ бо шарти бастани шартномаҳо бо муасисаҳои таълимӣ, ки барои ин фаъолият иҷозатнома доранд, инчунин бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, бояд дохил карда шавад;
14) хароҷот оид ба ҳамлу нақли кормандон ба ҷойи корашон ва бозгашт аз он ҷо дар самтҳое, ки аз ҷониби нақлиёти мусофиркашонии истифодаи умум хизмат расонида намешавад, хароҷоти иловагии алоқаманд бо ҷалб кардани воситаҳои пулии субъекти хоҷагидор дар асоси шартномаҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ё ин ки бо субъекти хоҷагидори соҳаи нақлиёт барои пӯшонидани хароҷоти ҳамлу нақли кормандон бо хатсайри нақлиёти заминӣ, мусофиркашонии истифодаи умумии шаҳрӣ зиёда аз маблағҳое, ки дар асоси тарифҳои амалкунанда барои намудҳои дахлдори воситаҳои нақлиёт муайян шудаанд. Маблағҳое, ки дар асоси тарифҳои амалкунанда барои хизматрасонии нақлиёт муайян карда шудаанд, ба кормандони субъекти хоҷагидор ҷуброн карда мешаванд (дар шакли пардохти ҳуҷҷатҳои сафарии қабулшуда) ё ба фоидаи дар ихтиёри субъекти хоҷагидор боқимонда дохил карда мешаванд;
15) хароҷоти субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ оид ба ҳамлу нақли кормандон то объектҳои сохтмонӣ;
16) хароҷоти иловагии марбут ба анҷом додани корҳо бо усули вахтавӣ, аз он ҷумла хароҷоти нақлиёт барои ҳамлу нақли кормандон аз маҳалли ҷойгиршавии субъекти хоҷагидор ё нуқтаи ҷамъшавӣ то ҷойи кор ва бозгашт аз он ва аз ҷойи истиқомат дар нуқтаи ҷойгиршавии вахта то ҷойи кор ва бозгашт аз он ҷо, инчунин хароҷоти ҷуброннашаванда барои истифодабарӣ ва нигоҳдории нуқтаи ҷойгиршавии вахта;
17) пардохт барои собиқаи корӣ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнат пешбинӣ шудаанд, барои вақти кор накардан (ҳозир набудан) дар истеҳсолот;
18) пардохти рухсатиҳои ҳарсола ва иловагӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, пардохти соатҳои имтиёзнок барои наврасон (шахсони аз 14 то 18 сола), пардохти танаффус дар кори модарон барои ширдиҳии кӯдакон, пардохти вақти ба муоинаи тиббӣ алоқамандбуда ва иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ;
19) маблағҷудокунӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз хароҷоти музди меҳнати кормандон, ки ба истеҳсоли мол машғул мебошанд. Маблағҷудокунӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз хароҷоти музди меҳнати кормандони субъекти хоҷагидори дар соҳаи ғайриистеҳсолӣ машғулбуда (кормандони хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ, муассисаҳои томактабӣ, тиббӣ, солимгардонӣ ва ба инҳо монанд) бояд ба сметаи хароҷот барои нигоҳдории соҳаи субъекти хоҷагидори ғайриистеҳсолӣ дохил карда шаванд, ки аз ҳисоби сарчашмаҳои дахлдор маблағгузорӣ карда мешаванд: аз фоидаи дар ихтиёри субъекти хоҷагидор боқимонда, пардохтҳои иҷоранишинҳо, пардохтҳои падару модарон барои нигоҳдории кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва ба инҳо монанд;
20) маблағҳои ба музди меҳнат ва ҳаққи қалами кормандони эҷодӣ ҳисобшуда, ки аз ҷониби иттиҳодияҳои эҷодӣ ба фондҳои онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида мешаванд;
21) хароҷот ҷиҳати бунёд кардани фондҳои суғуртавӣ (захиравӣ) дар доираи меъёрҳои бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршуда барои маблағгузории хароҷот оид ба пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои садамаҳо, сӯхторҳо, офатҳои табиӣ, фалокат ва дигар ҳолатҳои фавқулода, инчунин барои суғурта кардани молу мулки субъекти хоҷагидор, ҳаёти кормандон ва ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ барои расонидани зарар ба манфиатҳои молумулкии шахсони сеюм;
22) ба хароҷоти бунёди фондҳои суғуртавӣ, ки ба арзиши аслии мол дохил карда мешаванд, инҳо медароянд:
- суғурта аз ҳодисаҳои нохуш;
- суғурта дар ҳолати ба беморӣ гирифтор шудан;
- суғуртаи воситаҳои нақлиёт (автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ);
- суғуртаи молу мулк аз зарарёбӣ;
- суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ;
23) хароҷот ҷиҳати пардохти фоизи қарзҳои аз ташкилоти қарзии молиявӣ гирифташуда (вале на зиёда аз 25 фоиз), фоизҳо барои ба таъхир андохтани пардохтҳо (қарзҳои тиҷоратӣ), ки таҳвилдиҳандагон (истеҳсолкунандагони мол) аз рӯйи арзишҳои моддию молии таҳвилдодашаванда (барои корҳои анҷомдодашуда, хизматҳои расонидашуда) пешниҳод намуданд, фоизҳо аз рӯйи маблағҳои қарзии гирифташуда, ки ба онҳо инчунин қарзҳои аз ҷониби субъектҳои лизинг барои анҷом додани амалиёти лизинги молиявӣ аз ташкилоти қарзии молиявӣ ва дигар субъекти хоҷагидор гирифташуда дохил мешаванд;
24) пардохти хаққи хизмати ташкилоти қарзии молиявӣ (вале на зиёда аз андозаи ҳаққи хизмати тибқи қонунгузорӣ тасдиқгардида), аз он ҷумла тибқи шартномаҳои басташуда анҷом додани амалиёти маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ, амалиёти ба идоракунии боваринок асосёфта, мукофотпулиҳои комиссионӣ, ки аз ҷониби субъекти хоҷагидор ба ташкилоти қарзии молиявӣ пардохт мешаванд;
25) хароҷот оид ба пардохти фоизҳои ташкилоти қарзии молиявӣ дар доираи меъёри бозтамвил (вале на зиёда аз 25 фоиз);
26) меъёри бозтамвили азнавмуқарраршуда барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба шартномаҳои азнавбасташуда ва муҳлаташон дарозкардашуда, инчунин ба шартномаҳои қаблан басташуда, ки дар онҳо тағйир додани меъёри фоизҳо пешбинӣ гардидааст, татбиқ карда мешавад (вале на зиёда аз 25 фоиз);
27) хароҷот оид ба пардохти фоизҳои қарзҳои буҷетӣ, ғайр аз қарзҳое, ки барои сармоягузорӣ ва чорабиниҳои конверсионӣ дода шудаанд, вале на зиёда аз 25 фоиз;
28) хароҷоти бо фурӯши мол алоқамандбуда: борбандкунӣ, реклама ва ҳамлу нақл (ғайр аз ҳолатҳое, ки онҳо ба харидорон зиёда аз нарх ба мол ҷуброн карда мешаванд), пардохти ҳаққи хизматрасонии субъекти хоҷагидори соҳаи нақлиётию экспедитсионӣ ва миёнарав (брокерӣ, маклерӣ, дилерӣ, маркетингӣ, аз ҷумла шахсони воқеӣ) бо боҷи комиссионӣ ва мукофотпулиҳо, ки аз ҷониби субъекти хоҷагидори фурӯшанда ва фаъолияти савдои хориҷӣ пардохт мегардад;
29) маблағҷудокуниҳои истеҳлокӣ барои пурра барқарорсозии фондҳои асосии истеҳсолӣ аз рӯйи меъёрҳое, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ гардидаанд;
30) истеҳлоки дороиҳои ғайримоддӣ (ба дороиҳои ғайримоддӣ хароҷоти субъекти хоҷагидор дар объектҳои моддӣ, ки дар давраи дарозмуҳлат дар фаъолияти хоҷагидорӣ истифода бурда шуда, фоида меоранд, тааллуқ доранд: ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин, захираҳои табиӣ, патентҳо, иҷозатномаҳо, ихтироъкорӣ ва фаъолияти ратсионализаторӣ, маҳсулоти барномавӣ, ҳуқуқ ва имтиёзҳои инҳисорӣ, ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои намудҳои муайяни фаъолият ва амал, хароҷоти ташкилӣ (бо дар назар доштани пардохти ҳаққи хизмати бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидор, ҷойи брокерӣ, маркаҳои тиҷоратӣ, тамғаҳои молӣ, хароҷот оид ба сертификатсияи молу маҳсулот ва монанди инҳо), ки дар раванди амалӣ намудани фаъолияти оинномавӣ тибқи меъёри маблағҷудокунии истеҳлокӣ истифода мешаванд, ки субъекти хоҷагидор дар асоси арзиши ибтидоии онҳо ва муҳлати истифодабарии фоиданок (вале на бештар аз муҳлати фаъолияти субъекти хоҷагидор) ҳисоб кардааст. Истеҳлоки дороиҳои ғайримоддӣ ба арзиши аслии мол ҳармоҳа дохил карда мешаванд. Меъёри маблағҷудокунии истеҳлокӣ оид ба дороиҳои ғайримоддӣ, ки муҳлати истифодабарии фоиданоки онҳоро муайян кардан ғайриимкон аст, бо ҳисоби даҳ сол (вале на бештар аз муҳлати фаъолияти субъекти хоҷагидор) муқаррар карда мешавад;
31) хароҷот барои обуна шудан ба адабиёти даврӣ, илмию техникӣ ва меъёрию методӣ, ки ба фаъолияти истеҳсолӣ алоқаманд мебошад;
32) хароҷот оид ба андозҳо, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ситонида мешаванд;
33) хароҷот барои гузаронидани сертификатсияи молҳо:
34) талаф аз сақат бо тарҳ кардани ҷуброни хароҷот (зарарҳо) аз ҷониби шахсони гунаҳкор;
35) хароҷот барои таъмири кафолатнок ва хизматрасонии кафолатноки мол, ки ба он муҳлати кафолати истифода муқаррар шудааст;
36) талаф аз бекористӣ бо сабабҳои дохилиистеҳсолотӣ;
37) норасоии арзишҳои моддӣ дар истеҳсолот ва дар анборҳо дар доираи меъёрҳои зиёни табиӣ зимни набудани шахсони гунаҳкор;
38) хароҷот оид ба ҷуброни зарари бо бемории касбӣ ба кормандон расонидашуда ё дигар зарари ба саломатӣ расонидашуда, ки бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ аз ҷониби онҳо алоқаманд аст, ҳангоми анҷом додани пардохтҳо оид ба ҷуброн кардани зарари қайдгардида бо тартиб ва шартҳои пешбинишудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
39) пардохтҳо ба кормандоне, ки аз субъекти хоҷагидор бинобар сабаби азнавташкилдиҳӣ, ихтисор шудани шумораи воҳидҳои корӣ озод гаштаанд;
40) дигар намуди хароҷот, ки ба арзиши аслии мол тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳои миллии баҳисобгирии муҳосибӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дохил карда мешаванд.
15. Дар қисми хароҷоти моддӣ арзиши зерин нишон дода мешавад:
1) арзиши аз тараф пайдонамудаи ашёи хом ва масолеҳ, ки ба таркиби моли коркардшуда дохил буда, асоси онро ташкил медиҳад, ё ин ки унсури (қисмати) зарурӣ зимни тайёр кардани мол (гузаронидани корҳо, хизматрасонӣ) мебошад;
2) масолеҳи харидашаванда, ки дар раванди истеҳсоли мол барои таъмини муътадили раванди технологӣ ва борпечонии мол ё барои эҳтиёҷоти дигари истеҳсолию хоҷагӣ сарфшаванда истифода мегарданд (гузаронидани озмоиш ва назорат, нигоҳдорӣ, таъмир ва истифодаи таҷҳизот, бино, иншоот, дигар воситаҳои асосӣ ва монанди инҳо), инчунин қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири таҷҳизот, фарсудашавии асбобу воситаҳо, абзору дастгоҳҳо, таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ва дигар воситаҳои меҳнат, ки ба воситаҳои асосӣ дохил намегарданд, фарсудашавии либосҳои махсус ва дигар чизҳои камарзиш;
3) масолеҳи ҷузъӣ ва нимтайёри харидашаванда, ки дар ҳамин субъекти хоҷагидор минбаъд васл мегарданд ё аз коркарди иловагӣ мегузаранд;
4) кору хизматрасонии хусусияти истеҳсолидошта, ки субъекти хоҷагидор ё истеҳсолот ва хоҷагиҳои субъекти хоҷагидори бегона иҷро менамоянд ва ба фаъолияти асосӣ рабт надорад. Ба кору хизматрасониҳои хусусияти истеҳсолидошта дохил мешаванд:
- иҷрои амалиёти ҷудогона оид ба тайёр кардани мол, коркарди ашёи хом ва масолеҳ, гузаронидани озмоиш барои муайян кардани сифати ашёи хом ва маводи истеъмолшаванда, назорати риояи раванди муқарраршудаи технологӣ, таъмири воситаҳои асосии истеҳсолӣ ва монанди инҳо;
- хизматрасонии нақлиётии субъекти хоҷагидори дигар оид ба боркашонӣ дар дохили субъекти хоҷагидор (ба ҷойи дигар кашонидани ашёи хом, масолеҳ, асбобҳо, қисмҳо, захираи тайёр, дигар намуди бор аз анбори асосӣ (марказӣ) ба коргоҳҳо (шуъбаҳо) ва таҳвили (расонидани) моли тайёр ба анборҳои нигоҳдорӣ, то нуқта (истгоҳ, бандар)-и равонкунӣ;
- хароҷоте, ки бо истифодаи ашёи хоми табиӣ дар қисмати маблағҷудокунӣ барои таҷдиди пойгоҳи маъданию ашёи хом, барои сихмолакунии заминҳо, пардохти музди кор барои сихмолакунии заминҳо, ки аз тарафи субъекти хоҷагидори махсусгардонидашуда амалӣ мегарданд, пардохт барои дарахтҳои решаканкардашуда, пардохт барои об, ки субъекти хоҷагидор аз идораҳои хоҷагиҳои об мегиранд;
- аз тарафи дигар дастрас намудани ҳамаи намудҳои сӯзишворӣ, ки барои мақсадҳои технологӣ, истеҳсоли ҳамаи намудҳои энергия (барқӣ, гармӣ, ҳавои фишурда, хунук ва дигар намудҳо), гармкунии бино, иҷрои корҳои нақлиётӣ оид ба хизматрасонии истеҳсолоти аз тарафи нақлиёти субъекти хоҷагидор иҷрошаванда сарф мегарданд;
- ҳама намудҳои энергияи харидашаванда (барқӣ, гармӣ, ҳавои фишурда, хунукӣ ва дигар намудҳо), ки барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, технологӣ, энергетикӣ, харакатдиҳӣ ва дигар эҳтиёҷоти истеҳсолию хоҷагии субъекти хоҷагидор сарф карда мешаванд. Хароҷот барои истеҳсоли энергияи барқӣ ва дигар намудҳои энергия, ки аз ҷониби худи субъеки хоҷагидор истеҳсол мегардад, инчунин барои тағйирдиҳӣ ва интиқоли энергияи харидашаванда то маҳали истеъмоли он ба қисмҳои дахлдори хароҷот дохил карда мешаванд;
- талаф аз норасоии захираҳои моддии воридшаванда дар доираи меъёри зиёни табиӣ.
16. Арзиши захираҳои моддии аз рӯйи қисми хароҷоти моддӣ инъикосёбанда дар ҳисобкунии арзиши аслии пурра дар асоси нархи хариди онҳо (бе дар назар доштани андоз аз арзиши иловашуда), болонархӣ (изофапулӣ), мукофотпулиҳои комиссионӣ ташаккул ва дохил карда мешавад аз ҷониби субъекти хоҷагидори таъминкунанда ва иқтисоди хориҷӣ, арзиши хизматрасониҳои бозорҳои молӣ, аз он ҷумла хизматрасониҳои брокерӣ, боҷҳои гумрукӣ, пардохтҳо барои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва расонидан, ки аз тарафи дигар субъекти хоҷагидор анҷом дода мешаванд, пардохт мегардад.
17. Хароҷоти вобаста ба таҳвили (бо дар назар доштани корҳои боркунӣ ва борфурории) захираҳои моддӣ тавассути нақлиёт ва кормандони субъекти хоҷагидор бояд ба қисмҳои дахлдори хароҷот барои истеҳсолот (хароҷот барои музди меҳнат, истеҳлоки воситаҳои асосӣ, хароҷоти моддӣ ва монанди инҳо) дохил карда шаванд.
18. Ба арзиши захираҳои моддӣ, инчунин хароҷоти субъекти хоҷагидор барои дастрас кардани зарфҳо ва борбандҳое, ки аз таҳвилкунандагони захираҳои моддӣ гирифта шудаанд, бо тарҳ кардани арзиши ин зарфҳо бо нархи истифодаи имконпазир дар ҳолатҳое, ки нарх барои онҳо махсусан бо болонархӣ барои ин захираҳо муқаррар гардидааст, дохил карда мешаванд.
19. Дар ҳолатҳои ба нарх дохил будани арзиши зарфҳое, ки аз таҳвилгар бо захираҳои моддӣ қабул карда шудааст, аз маблағи умумии хароҷот барои хариди он арзиши зарфҳо бо нархи истифодаи имконпазир ё фурӯши он (бо дарназардошти хароҷот барои таъмири он дар қисмати масолеҳ) хориҷ карда мешавад.
20. Аз хароҷот барои захираҳои моддӣ, ки ба арзиши аслии мол дохил карда мешаванд, арзиши партовҳои бозгашта хориҷ карда мешаванд. Ба партовҳои бозгашта боқимондаҳои захираҳои моддӣ, ки мутобиқи технологияи муқарраршуда ба дигар коргоҳҳо ва воҳидҳо ба сифати маводи пурарзиш барои истеҳсоли дигар намудҳои мол пешниҳод карда мешаванд, тааллуқ надоранд.
21. Партовҳои бозгашта баҳогузорӣ ва ба арзиши аслии мол бо тартиби зерин дохил карда мешаванд:
- аз рӯйи нархҳои пасткардашудаи захираи ибтидоии моддӣ (бо нархи истифодаи имконпазир), агар партовҳои бозгашта метавонад барои истеҳсолоти асосӣ истифода бурда шаванд, вале бо хароҷоти зиёд (паст шудани истеҳсоли моли тайёр), барои эҳтиёҷоти истеҳсолоти ёридиҳанда, тайёр кардани ашёи истеъмоли васеъ (молҳои таъиноти фаҳангию маишӣ ва таомули рӯзғор) ё ба тарафи дигар фурӯхта шаванд;
- аз рӯйи нархҳои ҷорӣ барои партовҳои бозгашта бо тарҳ кардани хароҷот ҷиҳати ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо, ҳангоме ки партовҳои бозгашта барои коркард дар дохили субъекти хоҷагидор истифода мегарданд ё ба тарафи дигар дода мешаванд;
- аз рӯйи нархҳои пурраи захираҳои ибтидоии моддӣ, агар партовҳои бозгашта ба тарафи дигар барои истифода ба сифати захираи пурарзиш фурӯхта шаванд.
22. Ба қисми хароҷот барои музди меҳнат, ки ба арзиши аслии мол медарояд, хароҷот барои музди меҳнати ҳайати асосии истеҳсолии субъекти хоҷагидор, бо дарназардошти мукофотпулии кормандон барои натиҷаҳои истеҳсолӣ, пардохтҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷубронкунӣ, аз он ҷумла ҷубронпулӣ оид ба музди меҳнат бо сабаби баланд шудани нархҳо ва индексатсияи даромадҳо дар доираи меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷубронпулии дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба занон пардохтшаванда, ки дар рухсатии меҳнатии қисман музднок барои нигоҳубини кӯдакон то ба синни муайян расидани онҳо қарор доранд, инчунин хароҷот барои музди меҳнати кормандони дар басти вазифавии субъекти хоҷагидор набуда, ки бо фаъолияти асосӣ банд мебошанд, дохил мегарданд.
23. Ба таркиби хароҷоти музди меҳнат дохил мешаванд:
- пардохти музди меҳнат барои кори воқеии иҷрогардида, ки бо дар назар доштани арзиши корбайъ, меъёрҳои тарифӣ ва маоши вазифавии дар субъекти хоҷагидор бо шаклҳо ва низомҳои музди меҳнат қабулшуда ҳисоб карда шудаанд;
- пардохтҳои дорои хусусияти ҳавасмандкунӣ аз рӯйи муқаррароти низомӣ;
- мукофотпулиҳо (бо дар назар доштани арзиши мукофотҳои молӣ (моли истеҳсоли худӣ ба молҳои харидашуда) барои натиҷаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла подошпулиҳо аз рӯйи ҷамъбасти кори солона, иловапулӣ ба меъёрҳои тарифӣ ва маош барои маҳорати касбӣ, дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва монанди инҳо;
- пардохтҳои дорои хусусияти ҷуброндошта, ки бо низоми кор ва шароити меҳнат алоқаманд мебошанд, аз он ҷумла иловапулӣ ва пардохти иловагӣ ба меъёрҳои тарифӣ ва маош барои кори шабона, кори зиёда аз вақти муқаррарӣ, кор дар низоми бисёрбаст, барои якҷоякунии касбҳо, васеъ кардани минтақаи хизматрасонӣ, барои кор дар шароити вазнину зарарноки меҳнат ва монанди инҳо, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд;
- арзиши хизматрасониҳои коммуналӣ, барои хӯрок ва маҳсулот (маблағҳои ҷубронпулӣ барои анҷом надодани хизматрасонии коммуналӣ, хӯрок ва маҳсулоти ройгон), ки ба кормандони соҳаҳои алоҳида мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ройгон дода мешаванд;
- хароҷоти пардохти маблағи манзили ройгон (маблағҳои ҷубронпулӣ барои надодани манзили ройгон, хизматрасонии коммуналии ройгон), ки ба кормандони субъекти хоҷагидор мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод мегардад;
- арзиши ашё (аз ҷумла либоси ягона, пӯшоки расмӣ)-е, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бепул (ё ин ки фарқияти маблағи он бинобар фурӯшашон бо нархи паст) дода мешавад ва барои истифодаи доимии шахсӣ дар ӯ мононда мешавад;
- пардохтҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнат барои вақти дар истеҳсолот (ҳозир набудан) кор накардан;
- пардохти рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола ва иловагӣ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст, пардохти соатҳои кории имтиёзноки наврасон (шахсони аз 14 то 18 - сола), пардохти танаффусҳои кории модарон барои ширдиҳии кӯдак, инчунин пардохти вақте, ки бо аз муоинаи тиббӣ гузаштан, иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ алоқаманд аст;
- пулдиҳӣ ба кормандони аз кор озодшуда дар субъекти хоҷагидор бо сабаби барҳамхӯрӣ, азнавташкилёбӣ, ихтисори шумораи кормандон ва воҳидҳои корӣ;
- иловапулӣ барои собиқаи корӣ дар субъекти хоҷагидор мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- иловапулӣ ба музди меҳнат, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои кор дар минтақаҳои дорои шароити номусоиди табиию иқлимӣ ва маишӣ пешбинӣ намудаанд;
- пардохти рухсатиҳои таълимӣ, ки барои кормандони дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос, докторантура, муассисаҳои таълимии махсус, миёнаи касбӣ - техникӣ ва соҳавӣ, рӯзона, ғоибона ва шабона таҳсилкунанда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дода мешаванд;
- пардохт барои вақти ноилоҷ ҳузур надоштан дар кор ё иҷрои корҳои каммузд дар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнат пешбинӣ намудаанд;
- иловапулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- фарқияти маоши пардохтшавандаи кормандони аз дигар субъекти хоҷагидор бо кор таъмингардида, бо нигоҳдории андозаи маоши мансабии ҷойи кори пештара дар давоми муҳлати муайян (мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ), инчунин дар ҳолати кори муштараки муваққатӣ;
- маблағи пардохташаванда (дар мавриди иҷрои кор бо усули вахтавӣ) ба андозаи меъёри тарифии маош барои рӯзҳои дар роҳ будан аз маҳалли ҷойгиршавии субъекти хоҷагидор (нуқтаи ҷамъшавӣ) то ҷойи кор ва бозгашт, ки бо ҷадвали корӣ дар вахта пешбинӣ шудааст, инчунин барои рӯзҳои дер кардани кормандон дар роҳ бинобар шароити обу ҳаво ва бо гуноҳи субъекти хоҷагидори соҳаи нақлиёт;
- маблағҳои ҳисобшуда барои кори иҷрокардаи шахсоне, ки ҷиҳати кор дар субъекти хоҷагидор тибқи шартномаи махсус бо сохторҳои давлатӣ (барои пешниҳоди қувваи корӣ) ҷалб шудаанд, ҳам мустақиман ба ин шахсон додашуда ва ҳам ба сохторҳои давлатӣ гузаронидашуда;
- музди меҳнат ба кормандон, аз ҷумла роҳбарон ва мутахассисони субъекти хоҷагидор аз ҷойи кори асосӣ дар вақти ҷудо шудан аз кор бо сабаби таҳсили онҳо дар низоми такмили ихтисос ва тайёрии кадрҳо;
- пардохти ҳаққи кормандон - донорҳо барои рӯзҳои муоина, супурдани хун ва истироҳат, ки баъди ҳар рӯзи супоридани хун дода мешавад;
- музди меҳнати донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва касбию техникӣ, ки дар субъекти хоҷагидор таҷрибаи истеҳсолӣ мегузаранд, инчунин пардохти музди меҳнати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар давраи интихоби касб;
- музди меҳнати донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва касбию техникӣ, ки дар ҳайати дастаҳои донишҷӯён кор мекунанд;
- музди меҳнати кормандоне, ки дар басти вазифавии субъекти хоҷагидор нестанд, барои иҷрои кор тибқи шартномаи басташудаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, аз ҷумла шартномаи пудрат, агар ҳисобкунӣ бо кормандон барои иҷрои кор бевосита аз ҷониби худи субъекти хоҷагидор анҷом дода шавад. Дар ин маврид ҳаҷми маблағ барои пардохти музди меҳнати кормандон барои иҷрои кору хизматрасониҳо аз рӯйи шартномаи пудрат бо дарназардошти сметаи иҷрои ин кору хизматрасониҳо ва ҳуҷҷатҳои пардохтӣ муайян карда мешавад;
- дигар намуди пардохтҳо, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба фонди музди меҳнат дохил мешаванд (ба истиснои хароҷот оид ба пардохти музди меҳнат, ки аз ҳисоби фоидаи дар ихтиёри субъекти хоҷагидор гузошташаванда ва дигар воридоти мақсаднок маблағгузорӣ карда мешаванд).
3. ХАРОҶОТИ БА АРЗИШИ АСЛИИ МОЛ ДОХИЛНАШАВАНДА
24. Ба арзиши аслии мол ва ба хароҷоти азхудкунии субъекти хоҷагидор, истеҳсолот, коргоҳҳо ва дастгоҳҳои нав (хароҷоти бакорандозӣ) инҳо тааллуқ надоранд ва дохил намешаванд:
- хароҷоти озмоиши алоҳидаи намудҳои ҷудогонаи мошину механизмҳо ва барои озмоиши маҷмуи (бемаҳсул)-и ҳама намуди таҷҳизот ва насби дастгоҳҳои техникӣ бо мақсади санҷиши сифати васлкунии онҳо;
- хароҷот барои назорати васлкунӣ, ки субъекти хоҷагидортаҳвилгарони таҷҳизот ё бо супориши онҳо субъекти хоҷагидори махсусгардондашуда анҷом медиҳанд;
- хароҷот барои нигоҳдории мудирияти бинои субъекти хоҷагидори сохташаванда ва дар сурати набудани онҳо - гурӯҳҳои назорати техникӣ (хароҷот барои нигоҳдории онҳо дар ҳисобҳои сметавии арзиши сохтмон пешбинӣ шудааст), инчунин хароҷот вобаста ба қабули бинои субъекти хоҷагидор ва объектҳои нав барои истифодабарӣ;
- хароҷот ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо барои кор дар бинои субъекти хоҷагидор азнавбаистифодадодашаванда;
- хароҷот оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар лоиҳаҳо ва корҳои сохтмону васлкунӣ, ислоҳ кардани нуқсони таҷҳизот бо гуноҳи субъекти хоҷагидори истеҳсолкунанда, инчунин осеб дидан ва тағйирёбии шакл ҳангоми ҳамлу нақл то анбор, хароҷоти санҷида баромадан (ҷудокунӣ)-и таҷҳизот, ки дар натиҷаи нуқсонҳои ҳифзи зидди зангзанӣ ба вуҷуд омадааст ва дигар хароҷоти ҳаммонанде, ки бо гуноҳи худи субъекти хоҷагидор ба миён омадааст;
- хароҷот барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи саломатӣ ва ташкили истироҳат, ки бевосита ба иштироки кормандон дар раванди истеҳсолот алоқаманд намебошад;
- хароҷоти сохтани технологияҳои нав ва такмили технологияҳои татбиқшаванда, инчунин баландбардории сифати моли алоқаманд бо гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, тайёр кардани намудҳои нави ашёи хому масолеҳ ва азнавҷиҳозонии истеҳсолот;
- хароҷоти бунёди макони навбатдорӣ (шаҳраки навбатдорӣ);
- навкунии таҷҳизот, инчунин таҷдиди объектҳои воситаҳои асосӣ;
- хароҷоти вобаста ба санҷиш ё аудити фаъолияти молиявию хоҷагии субъекти хоҷагидор, ки бо ташаббуси яке аз муассисон (иштирокчиён)-и он гузаронида мешавад;
- хароҷот оид ба ташкил ва такмили низом ва воситаҳои идоракунии хусусияти асосидошта (сармоягузоридошта);
- хароҷоти марбут ба нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои ройгон, инчунин хароҷоти марбут ба ҷалби қувваҳои корӣ, аз ҷумла пардохтпулиҳои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи касбию техникӣ ва мутахассисони ҷавон, ки муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсусро хатм кардаанд, роҳкиро то ҷойи кор.
25. Ба арзиши аслии мол кору хизматрасониҳои зерин дохил ва ҳисоб карда намешаванд:
- хароҷот барои иҷрои кору хизматрасониҳои анҷомдода аз ҷониби худи субъекти хоҷагидор ё пардохти кору хизматрасонӣ, ки бо истеҳсоли маҳсулот алоқаманд намебошанд (корҳо оид ба ободигардонии шаҳрҳо, шаҳракҳо ва ноҳияҳо, расонидани кумакҳо ба хоҷагии кишоварзӣ ва дигар корҳои ҳаммонанди он);
- хароҷот барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, таҷҳизонидан ва нигоҳдорӣ (ҳамчунин маблағҷудокунии истеҳлокӣ ва хароҷот барои ҳамаи намудҳои таъмир)-и объектҳои фарҳангию маишӣ ва дигар объектҳо, ки дар тавозуни субъекти хоҷагидор мебошанд, инчунин иҷрои корҳое, ки тариқи расонидани ёрӣ ва иштирок дар фаъолияти дигар субъекти хоҷагидор амалӣ мегарданд.
26. Ба арзиши аслии мол ҳангоми мураттаб сохтани ҳисобкунии арзиши аслии мол пардохтҳои зерин дар шакли пулӣ ва молӣ барои кормандони субъекти хоҷагидор, инчунин хароҷоте, ки бо нигоҳдории онҳо алоқаманд аст, ворид карда намешаванд:
- мукофотпулиҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои таъиноти махсус ва воридоти мақсаднок пардохт карда мешаванд;
- кумакҳои моддӣ (аз ҷумла кумакҳои ройгони моддӣ ба кормандон барои ҳаққи узвияти аввалия ҷиҳати сохтмони манзили кооперативӣ, барои қисман пӯшонидани қарзе, ки барои сохтмони манзили кооперативӣ ва шахсӣ дода шудааст), қарзи бефоиз барои беҳтаркунии шароити манзил, дорои рӯзғори хона шудан ва дигар эҳтиёҷоти иҷтимоӣ;
- иловапулӣ ба нафақа, кумакпулии яквақта ба собиқадорони меҳнат, ки ба нафақа мебароянд, даромадҳо (суди саҳмия, фоизҳо)-е, ки тибқи саҳмияҳо ва пасандозҳои коллективи меҳнатии субъекти хоҷагидор пардохт карда мешаванд, ҷубронпулиҳо бинобар сабаби баландшавии нархҳо, ки зиёда аз хаҷми индексатсияи даромадҳо бо қарори мақомоти ваколатдори тарафҳо гузаронида мешаванд, ҷуброни қиматшавии нархи хӯрок дар ошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши хӯрок ва табобатгоҳҳо ё пешниҳоди он бо нархҳои имтиёзнок ё ройгон (ғайр аз хӯроки махсус барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон дар ҳолатҳои бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбининамуда);
- пардохти роҳкиро то ҷойи кор тариқи хатсайри махсус тавассути нақлиёти истифодаи умум ва нақлиёти худи субъекти хоҷагидор (ба истиснои маблағҳое, ки бояд ба арзиши аслии мол дохил шавад);
- фарқияти нархи мол, ки ба кормандони субъекти хоҷагидор пешниҳод карда мешавад ё аз ҷониби хоҷагиҳои ёрирасон барои ташкилоти хӯроки умумии субъекти хоҷагидор дода мешавад;
- пардохти роҳхатҳо барои табобат ва истироҳат, сайру сайёҳат, шуғл дар бахшҳои варзишӣ, маҳфилҳо, клубҳо, ташриф дар чорабиниҳои фарҳангию намоишӣ ва варзишӣ, обуна ва молҳо барои истеъмоли шахсии кормандон ва ба ҳамин монанд дигар пардохтҳо ва хароҷоте, ки аз ҳисоби фоидаи дар ихтиёри субъекти хоҷагидор боқимонда амалӣ карда мешаванд;
- дигар намуди пардохтҳо, ки бевосита бо музди меҳнат алоқаманд нестанд.
27. Хароҷоти намояндагӣ ва дигар хароҷоти ба он монанд барои гузаронидани ҷашнҳо, ҷобаҷокунии меҳмонон роҳ дода намешаванд, ба ғайр аз субъекти хоҷагидоре, ки фаъолияти соҳибкориаш хусусияти дилхушӣ дорад ва агар ин хароҷот дар доираи чунин фаъолият тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ гардад.
28. Бо мақсади андозбандӣ хароҷоти пардохти фоизҳо аз рӯйи қарзҳои муҳлаташон гузашта ва зиёда аз 25 фоиз ба арзиши аслии мол дохил карда намешаванд.
29. Дар сурати мақсаднок истифода накардани маблағҷудокунии истеҳлокӣ бо усули суръатёфта он ба арзиши аслии мол дохил карда намешаванд.
4. ТАРКИБИ ХАРОҶОТИ ИСТЕҲСОЛ ВА ФУРӯШИ МОЛ
30. Дар қисми маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ дар ҳисобкунии хароҷот маблағҷудокунии ҳатмӣ тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти фонди давлатии шуғл аз хароҷот барои музди меҳнати кормандон, ки ба арзиши аслии мол аз рӯйи қисми хароҷот барои музди меҳнат (ғайр аз он намудҳои пардохтҳо, ки ба онҳо пардохти суғуртавӣ ҳисоб карда намешаванд) дохил мегарданд, нишон дода ва ба он ворид карда мешавад.
31. Дар қисми истеҳлоки воситаҳои асосӣ ба ҳисобкунии арзиши аслии мол маблағи маблағҷудокуниҳои истеҳлокӣ барои пурра барқарор кардани фондҳои асосии истеҳсолӣ, ки бо дар назар доштани арзиши тавозунӣ ва тасдиқгардида тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла истеҳлоки суръатноки қисми фаъоли онҳо, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд, инъикос ва истифода бурда мешаванд.
32. Субъекти хоҷагидоре, ки фаъолияти худро дар шароити иҷора амалӣ менамояд, дар қисмати истеҳлоки воситаҳои асосӣ ба ҳисобкунии арзиши аслии мол маблағҷудокунии истеҳлокиро барои пурра барқарор кардани ҳам фондҳои асосии худӣ ва ҳам фондҳои асосии иҷоравӣ ворид карда, дар он инъикос менамоянд. Дар ин қисмати хароҷот инчунин маблағҷудокунии истеҳлокӣ аз арзиши воситаҳои асосӣ (биноҳо), ки ба ташкилоти хӯроки умумии ба коллективҳои меҳнатӣ хизматрасонанда ройгон пешниҳод шудаанд, инчунин аз арзиши иморат ва асбобу анҷом, ки аз ҷониби субъекти хоҷагидор ба муассисаҳои тиббӣ барои ташкил кардани нуқтаҳои тиббӣ бевосита дар ҳудуди иншооти субъекти хоҷагидор пешниҳод гардидаанд, инъикос карда мешаванд.
33. Субъекти хоҷагидоре, ки бо тартиби муқарраргардида индексатсияи ҳисобгардидаро аз рӯйи меъёрҳои ҷории маблағҷудокунии истеҳлокӣ барои пурра барқарор намудани воситаҳои асосӣ анҷом медиҳад, аз рӯйи қисмати истеҳлоки воситаҳои асосӣ инчунин маблағи афзоиши маблағҷудокуниҳои истеҳлокиро дар натиҷаи индексатсияҳои онҳо инъикос мекунад.
34. Ба қисмати дигари хароҷот дар таркиби арзиши аслӣ ва ҳангоми ҳисобкунии арзиши аслии мол андозҳо, боҷҳо, пардохтҳо (аз он ҷумла аз рӯйи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ), маблағҷудокунӣ ба воситаҳои асосӣ (захираҳо)-и суғуртавӣ ва дигар маблағҷудокуниҳои ҳатмӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом дода мешаванд, мукофотпулиҳо барои ихтироъкорӣ ва пешниҳоди ратсионализаторӣ, хароҷот барои пардохти фоизи қарзҳои гирифташуда, пардохти музди кор оид ба сертификатсияи мол, хароҷот барои сафарҳои хизматӣ, роҳкиро, пардохт ба субъекти хоҷагидори бегона барои ҳифз аз сӯхтор ва посбонӣ, барои тайёркунӣ ва бозомӯзонии кадрҳо, хароҷот барои қабули муташаккилонаи кормандон ба кор, барои таъмир ва хизматрасонии кафолатнок, пардохти ҳаққи хизматрасонии алоқа, марказҳои ҳисоббарорӣ, ташкилоти қарзӣ, истеҳлок аз рӯйи дороиҳои ғайримоддӣ, хароҷот барои обуна ба нашрияҳои даврӣ, адабиёти илмию техникӣ ва меъёрию методӣ, инчунин дигар хароҷот, ки ба таркиби арзиши аслии мол ворид мешаванд, вале ба қисматҳои хароҷоти пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур тааллуқ надоранд, дохил мегарданд.
35. Субъекти хоҷагидоре, ки фонди таъмириро ҷиҳати таъмин дар тӯли якчанд сол барои ба арзиши аслии мол баробар ворид кардани хароҷоти гузаронидани намудҳои махсусан мураккаби таъмири фондҳои асосии истеҳсолӣ ташкил медиҳад, дар таркиби қисматҳои дигари хароҷот, инчунин маблағҷудокуниҳоро ба фонди таъмир, ки дар асоси арзиши тавозунии фондҳои асосии истеҳсолӣ ва меъёрҳои маблағҷудокунии тасдиқшуда аз ҷониби худи субъекти хоҷагидор тибқи тартиби муқарраршуда муайян гардидаанд, нишон медиҳад. Фарқияти байни арзиши умумии таъмир ва маблағе, ки тибқи меъёр ба арзиши аслии мол тааллуқ дорад, дар таркиби хароҷоти давраи минбаъда ё пардохтҳо ва хароҷоти оянда инъикос меёбад. Дар ҳолатҳои боқимонда хароҷот барои амалӣ намудани ҳамаи намудҳои таъмир (ҷорӣ, миёна, асосӣ)-и фондҳои асосии истеҳсолӣ ба арзиши аслии мол ворид карда мешавад ва тибқи қисматҳои дахлдори хароҷот (бо хароҷоти моддӣ, хароҷот барои пардохти музди меҳнат ва дигар хароҷот) ҳисоб карда мешавад.
36. Хароҷот барои пардохтҳои суғуртаи молу мулки субъекти хоҷагидор, аз ҷумла пардохтҳо оид ба суғуртаи ҳатмии давлатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин суғуртаи ҳаёт ва саломатии гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон ва хароҷоти марбут ба фурӯши мол метавонанд аз таркиби қисми дигар хароҷот ба қисмҳои алоҳида ҷудо карда шаванд.
37. Хароҷоти марбут ба истеҳсол ва фурӯши мол ҳангоми банақшагирӣ, баҳисобгирӣ ва ҳисобкунии арзиши аслии мол аз рӯйи моддаҳои ҳисобкунӣ (хароҷот) гурӯҳбандӣ карда мешавад.
38. Ба хароҷот барои истеҳсоли моли ҳамон давраи ҳисоботӣ хароҷоти сарфи назар аз давраи вақт, пешакӣ, ё ин ки минбаъд пардохтшаванда (пардохт барои хизматрасонии муштарӣ, пардохт барои обуна ба нашриёти даврӣ, нашриёти дорои хусусияти меъёрию техникӣ ва ғайра) дохил мешаванд.
39. Хароҷоти ғайриистеҳсолӣ дар баҳисобгирии ҳамон моҳи ҳисоботӣ, ки онҳо ошкор карда шудаанд, нишон дода мешаванд.
40. Хароҷоти анҷомдодаи субъекти хоҷагидор бо асъори хориҷӣ, ки бояд ба арзиши аслии мол ворид гардад, бо пули миллӣ бо роҳи аз нав ҳисоб кардани асъори хориҷӣ аз рӯйи қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи анҷом додани амалиёт, инъикос меёбад.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
41. Баҳсҳо вобаста ба ҳисобкунии арзиши аслии мол бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия, фаъолияти зиддиинҳисорӣ ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
42. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қоидаҳои мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Ниг. ба Замима