Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 аз 30 июни соли 2023, № 310

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2023, № 310

Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барномаи мазкур) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, баҳри иҷрои муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Қоидаҳои стандартии ҳадди ақалли СММ оид ба адолати судӣ нисбат ба ноболиғон (Қоидаҳои Пекин), Қоидаҳои СММ вобаста ба ҳифзи ноболиғони аз озодӣ маҳрумшуда, Принсипҳои роҳбарикунандаи СММ оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон (принсипҳои роҳбарикунандаи Ар-Риёз) ва Принсипҳои роҳбарикунандае, ки ба адолати судӣ бо иштироки кӯдакони шоҳид ва ҷабрдида аз ҷиноят алоқамандӣ доранд, равона карда шудааст.

2. Барномаи мазкур бо мақсади идома додани ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон қабул гардида, баъд аз Нақшаи миллии амал оид ба адлияи ноболиғон барои солҳои 2010-2015 ва Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2017-2021 санади ҳуқуқии навбатии муҳим дар ин самт ба шумор меравад.

3. Ҳадафи Барномаи мазкур ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва амалия дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон буда, ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакон, паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ, такроран содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва тавонбахшию ҳамгироии иҷтимоии кӯдакон равона карда шудааст.

4. Барномаи мазкур нисбат ба кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда, ҷабрдидагони ҷиноят ва шоҳид паҳн мегардад.

2. МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ВА ДАСТОВАРДҲО

5. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба санадҳои асосии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла соли 1993 ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамроҳ шудааст. Бо мақсади татбиқи муқаррароти Конвенсияи зикргардида ва иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак соли 2004 Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд.

6. Дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин тавсияҳои мақомоти оинномавии СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба қонунгузории кишвар тағйирот ворид гардида, санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабул мешаванд.

7. Шурӯъ аз соли 2010 дар кишвар ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон амалӣ шуда истодааст. Дар доираи 2 марҳилаи ислоҳот Нақшаи миллии амал оид ба адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2010-2015 ва Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2017-2021 қабул ва амалӣ карда шуданд.

8. Дар рафти амалисозии ислоҳот бо мақсади муайян намудани мушкилот, муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва таҳияи тавсияҳо дар самти ислоҳоти минбаъдаи низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон ва мутобиқ гардондани он ба стандартҳои байналмилалӣ таҳлили қонунгузории миллӣ вобаста ба мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалии соҳаи тавонбахшии кӯдакон дар низоми адолати судӣ, аз ҷумла кӯдакони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда, инчунин таҳлили қонунгузорӣ дар соҳаи адлияи ноболиғон ҷиҳати мутобиқати он ба Қоидаҳои стандартии ҳадди ақалли СММ оид ба адолати судӣ нисбат ба ноболиғон (Қоидаҳои Пекин), Принсипҳои роҳбарикунандаи СММ оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон (принсипҳои роҳбарикунандаи Ар-Риёз) ва Принсипҳои роҳбарикунанда вобаста ба адолати судӣ ва масоили ба кӯдакон-қурбониёну шоҳидони ҷиноят тааллуқдошта гузаронда шуданд.

9. Бо мақсади такмили қонунгузории танзимкунандаи низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон 23 декабри соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шуд. Тибқи қонуни мазкур гумонбаршудаи ноболиғ аз лаҳзаи воқеан дастгир карда шуданаш дар давоми 12 соат пурсида шуда, аз лаҳзаи боздошт ӯро зиёда аз 48 соат боздоштан мумкин нест.

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда" 2 январи соли 2020 қабул карда шудааст. Муқаррароти ин қонун якҷо нигоҳ доштани кӯдакон бо калонсолонро пурра манъ карда, инчунин ҳангоми воридшавии муроҷиат оид ба истифодаи зӯроварӣ ҷиҳати муайян намудани нишонаҳои зӯроварӣ, татбиқи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбат ба кӯдак аз ҷониби кормандони тиббии мустақил ташхиси тиббии ҳатмӣ гузаронда мешавад. Инчунин ҷойгиркунии кӯдак дар тавқифгоҳҳо (изоляторҳо)-и интизомӣ манъ карда шуд.

11. Такмили ихтисоси кормандон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ буда, аз ҷониби ҳамаи вазорату идораҳо амалӣ гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи тахассусӣ оид ба ҳуқуқ ва манфиати беҳтарини кӯдак равона карда шудааст.

12. Аз соли 2017 оғоз намуда, дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам нақшаҳои таълимӣ вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи адлияи ноболиғон таҳия ва ҷорӣ мегарданд. Ҳамзамон бо мусоидати намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, ҷиҳати омӯхтани санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, барои кормандони мақомоти зикргардида мунтазам давраҳои омӯзишӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд. Дар давоми солҳои 2017-2021 дар курсҳои такмили ихтисос ва давраҳои омӯзишӣ 1576 нафар кормандони мақомоти болозикр ширкат варзиданд.

13. Дар давраи солҳои 2017-2021 Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҷамъиятии "Ташаббуси ҳуқуқӣ" 14 давраҳои омӯзишӣ барои адвокатҳо ташкил ва баргузор намуданд. Мавзӯҳои асосии давраҳои омӯзишии мазкур "Хусусиятҳои ҳимояи ноболиғон дар мурофиаи судии ҷиноятӣ" ва "Омилҳои равонии кор бо ноболиғон" буда, дар онҳо 260 нафар адвокат иштирок намуданд.

14. Солҳои 2020-2021 аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон 2 маротиба аз муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ бо мақсади таҳлили шароити нигаҳдории кӯдакон дар онҳо боздид ба амал оварданд. Дар рафти гузаронидани таҳлилҳо бо 92 кӯдак ва 57 корманди муассисаҳои номбурда мусоҳиба гузаронида шуда, дар маҷмуъ дар муассисаҳои таҳти таҳлил қароргирифта ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо кӯдакон ошкор карда нашуда, шароити зист, таълим ва тарбия дар онҳо қонеъкунанда мебошанд.

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон" 2 январи соли 2020 қабул шуд.

16. Бо мақсади коҳиш додани сатҳи такроран содирнамоии ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби кӯдакон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2020, № 387 Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адоиҷазонамуда барои солҳои 2020-2024 қабул карда шуд.

17. Ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни кӯдакон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, № 431 Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон барои солҳои 2020-2024 қабул гардид.

18. Соли 2021 аввалин бор дар ҷумҳурӣ озмуни илмию маърифатӣ дар мавзуи: "Ҳуқуқҳои кӯдак ва адолати судӣ нисбат ба кӯдакон" байни кормандону омӯзгорони муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ, инчунин байни кӯдаконе, ки дар муассисаҳои мазкур нигоҳ дошта мешаванд, гузаронида шуд.

3. МУШКИЛОТ

19. Дар натиҷаи таҳлили қонунгузорӣ ва амалия як қатор мушкилот дар низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон муайян карда шуд, аз ҷумла:

- мавҷуд набудани заминаи ҳуқуқӣ дар самти тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии кӯдаконе, ки дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазо кардаанд;

- ба таври фаъол ҷалб нашудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати пешниҳоди хизматрасонӣ вобаста ба дастгирии иҷтимоии кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон;

- истифодаи нокифояи механизми барканор кардани кӯдакон аз низоми расмии адолати судӣ нисбат ба кӯдакон ҷиҳати барқарорсозии адолати судӣ ва доғи судӣ нагирифтани кӯдаконе, ки бори аввал ҷиноятҳои дараҷаи сабук ва миёна содир кардаанд;

- мавҷуд набудани омори мутамарказ оид ба ташкили таъмини ҳимояи кӯдакони шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ, дар ҳоле ки ин гурӯҳи кӯдакон ба ёрӣ ва дастгирии дахлдор на камтар аз кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда эҳтиёҷ доранд;

- ҷой доштани мушкилот ҷиҳати дар амалия таъмин намудани ёрии ҳуқуқии ройгон ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда (гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда).

4. ҲАДАФҲО ВА ВАЗИФАҲО

20. Ҳадафҳои асосии Барномаи мазкур аз инҳо иборат мебошад:

- тақвияти ҳамоҳангсозӣ ва мониторинг дар низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон;

- коҳиш додани шумораи содиршавии ҷиноятҳои такрории кӯдакон бо роҳи вокуниши самаранок ба талаботи ҳар як кӯдак дар алоҳидагӣ;

- пурзӯр намудани низоми некхоҳонаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, ки ҳуқуқи онҳоро тибқи қонунгузорӣ дар амалия ҳифз намояд.

21. Барномаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ иҷрои вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон;

- ҷоннок намудани фаъолияти мақомоти дахлдор ҷиҳати рушди хизматрасониҳо вобаста ба тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ бо мақсади дастгирии самаранок ва мусоидат барои бомуваффақият баргаштани кӯдакон ба ҷомеа баъди озод шудан аз муассисаҳои мазкур;

- идомаёбии ислоҳот дар низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон бо мақсади такмили низоми некхоҳонаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, инчунин таъмини муносибати шоиста нисбат ба кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда, шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва шаъну эътибори онҳо.

5. ПРИНСИПҲО, АМАЛҲО ВА НАТИҶАҲОИ ДАР НАЗАР ДОШТАШУДА

22. Принсипҳои асосии Барномаи мазкур инҳо мебошанд:

- истифодаи чораҳои дорои хусусияти пешгирикунанда ҳамчун усули асосӣ дар низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон;

- тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ ҳамчун ҳадафи аввалиндараҷаи ҳамагуна чораҳои ҷавобӣ нисбат ба кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда;

- таъмини чораҳои алтернативии таъсиррасонӣ нисбат ба кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда бо мақсади барканор кардани онҳо аз низоми расмии адолати судӣ;

- аз озодӣ маҳрум сохтани кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда ҳамчун чораи истисноӣ.

23. Дар давраи амалишавии Барномаи мазкур вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, инчунин бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ менамоянд.

24. Барои расидан ба натиҷаҳои мусбат арзёбии самаранокии чорабиниҳои баанҷомрасондашуда амалӣ карда мешавад. Арзёбӣ аз таҳлили дурусти вазифаҳои муқарраршуда, чорабиниҳои иҷрошуда ва муҳлати амалишавии Барномаи мазкур иборат мебошад.

25. Барномаи мазкур дар асоси Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Нақшаи амал) амалӣ карда мешавад. Минбаъд то ба анҷом расидани муҳлати Барномаи мазкур бо тартиби муқарраршуда нақшаҳои амал ба муҳлати яксолӣ қабул карда мешаванд.

26. Амалӣ гардидани Барномаи мазкур барои беҳтар намудани низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалҳои зерин имконият медиҳад:

- мутобиқ намудани қонунгузории соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ;

- омӯзонидани кормандони мақомоти давлатӣ вобаста ба риояи ҳуқуқҳои кӯдакон;

- ислоҳоти муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ бо мақсади ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани муқаррарот оид ба ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон;

- пурзӯр намудани иттилоотонии аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои адолати судӣ нисбат ба кӯдакон;

- таъсис додани низоми некхоҳонаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон;

- бе маҳдудият таъмин кардани ёрии ҳуқуқии ройгон барои ҳамаи кӯдакон.

6. ЗАМИНАҲОИ МУСОИД ВА ХАТАРҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМАИ МАЗКУР

27. Яке аз заминаҳои муҳимми бомуваффақият амалӣ гардидани Барномаи мазкур низоми таъсисёфта ва амаликунандаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, инчунин механизми самараноки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии минбаъдаи он мебошад. Рушди иқтидори давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, истифодаи васеи амалияи байналмилалӣ ва усулҳои навоварона дар соҳаи мазкур омилҳои мусбат барои амалигардии Барномаи мазкур мебошанд.

28. Дар баробари омилҳои мусбат омилҳое мавҷуданд, ки метавонанд барои амалӣ гардидани Барномаи мазкур, аз ҷумла норасоии воситаҳои молиявӣ, нокифоя будани иқтидори кадрӣ ва ғайра монеа шаванд.

29. Низоми мониторинг ва арзёбии амалигардии Барномаи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, № 615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.

30. Дар асоси натиҷаҳои мониторинг марҳила ба марҳила самаранокии амалишавии Нақшаи амали зикргардида, бартарӣ ва норасоиҳо дар фаъолияти иҷрокунандагон ва ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ арзёбӣ мегардад.

7. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

31. Маблағи умумии амалисозии Барномаи мазкур 4 447 000 сомониро ташкил дода, аз ҷониби намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

32. Назорати иҷрои Барномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

33. Мақомоти давлатии масъули иҷрои Барномаи мазкур Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2023, № 310

Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027

Ниг. ба замима