Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020 № 1665 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАРТИБ ВА ШАРОИТИ ДАР ҲАБС НИГОҲ ДОШТАНИ ГУМОНБАРШУДА, АЙБДОРШАВАНДА ВА СУДШАВАНДА"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 ноябри соли 2019, № 1522

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 декабри соли 2019, № 724

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2011, № 6, мод. 433; с. 2013, №12, мод. 883; с. 2016, № 3, мод. 135, № 5, мод. 363) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 2 ва қисми 2 моддаи 6 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Ба моддаи 32 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6. Ҳангоми ворид гардидани муроҷиат оид ба истифодаи шиканҷа нисбат ба ноболиғ, аз ҷониби на кам аз се корманди тиббие, ки дар тобеияти муассисаи ҷойи нигоҳдории гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ нестанд, ҷиҳати муайян намудани дараҷаи ҷароҳати ҷисмонӣ, нишонаҳои зӯроварӣ, истифодаи шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронида мешавад.".

3. Аз сархати дуюми банди 1) қисми 2 моддаи 34 калимаҳои ", дар ҳолатҳои истисно бо розигии прокурор дар камераҳое, ки ноболиғон нигоҳ дошта мешаванд, ҷойгир кардани калонсолони хислати мусбат зоҳирнамуда, ки бори аввал ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва ҷинояти содиркардаи онҳо аз қабили ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин нест, иҷозат дода мешавад" хориҷ карда шаванд.

4. Сархати дуюми моддаи 38 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ҷойгир кардан дар карсер, камераи якнафара ва гауптвахта ба мӯҳлати то понздаҳ шабонарӯз, ба истиснои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

 

 

ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1665