Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи дурнамои миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024-ро ба инобат гирад.
3. Маблағгузории нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети давлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ шудааст ва манбаъҳои ғайрибуҷетӣ таъмин карда шавад.
4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор амалисозии Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024-ро таъмин намуда, оид ба иҷрои он ҳар сол то моҳи феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июли соли 2020 № 431
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Национальной программе по профилактике правонарушений среди несовершеннолетних на 2020-2024 годы
В соответствии со статьёй 5 Закона Республики Таджикистан "О системе предупреждения и профилактики правонарушений несовершеннолетних" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Национальную программу по профилактике правонарушений среди несовершеннолетних на 2020-2024 годы и план мероприятий по реализации Национальной программы по профилактике правонарушений среди несовершеннолетних на 2020-2024 годы (приложения 1 и 2).
2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан при разработке среднесрочного прогноза социально-экономического развития Республики Таджикистан учесть положения Национальной программы по профилактике правонарушений среди несовершеннолетних на 2020-2024 годы.
3. Финансирование плана мероприятий по реализации Национальной программы по профилактике правонарушений среди несовершеннолетних на 2020-2024 годы обеспечить за счёт средств, предусмотренных в государственном бюджете соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, и внебюджетных источников.
4. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами обеспечить реализацию Национальной программы по профилактике правонарушений среди несовершеннолетних на 2020-2024 годы и ежегодно до февраля месяца предоставлять отчёт о ходе её выполнения Правительству Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 июля 2020 года, №431