Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2023, № 168 "Дар бораи Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИС

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатӣ

 

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар ҳангоми таҳияи дурнамоҳои давлатӣ барои солҳои дахлдор аз рӯйи Тартиби мазкур амал намоянд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2019, №279 "Дар бораи Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 апрели соли 2023, № 168

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Порядке разработки государственных прогнозов

В соответствии со статьями 4 и 20 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Порядок разработки государственных прогнозов (прилагается).

2. Уполномоченному государственному органу по стратегическому планированию и государственному прогнозированию, министерствам, ведомствам и исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, предприятиям, учреждениям и другим организациям при разработке государственных прогнозов на соответствующие годы действовать в соответствии с настоящим Порядком.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 10 июня 2019 года, №279 "О Порядке разработки государственных прогнозов социально-экономического развития Республики Таджикистан на краткосрочную, среднесрочную и долгосрочную перспективы".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 28 апреля 2023 года №168