×

Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 аз 28 марти соли 2023, № 135

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 марти соли 2023, № 135

Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) бо дарназардошти афзалиятҳои муайяншуда дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва таҳлили нишондиҳандаҳои минтақавӣ ва соҳавии бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҳия гардидааст.

2. Барнома фарогири тадбирҳои фаъол ва ғайрифаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ буда, равандҳои ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор, сафарбаркунии онҳо ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ, расонидани хизматрасониҳои роҳнамоии касбӣ, бокортаъминкунии шаҳрвандони бекор тавассути ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва ҷойҳои нави кории таъсисшаванда дар соҳаҳои иқтисодиёт, бокортаъминкунии шаҳрвандони дар бозори меҳнат осебпазир тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекориро дар бар мегирад.

3. Дар натиҷаи амалисозии босамари чорабиниҳои Барнома сатҳи бекорӣ коҳиш ёфта, ҳифзи иҷтимоии шумораи муайяни бекорон, бахусус занон, ҷавонон ва аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир таъмин гардида, барои ҷорӣ кардани таълими инклюзивӣ ва ташаккули салоҳиятҳо шароит фароҳам оварда шуда, фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тавассути гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ ва таъмини дастрасии васеи корҷӯён ва бекорон ба ин хизматрасониҳо тақвият дода мешавад.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ДЕМОГРАФӢ, РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ВА БОЗОРИ МЕҲНАТ

§ 1. Вазъи демографӣ

4. Раванди демографӣ ҳамчун омили асосӣ, ки ба вазъ дар бозори меҳнат таъсири бевосита дорад, зимни таҳия намудани Барномаи мазкур ба инобат гирифта шудааст.

5. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои суръати баланди афзоиши табиии аҳолӣ буда, ба ҳисоби миёна афзоиши он дар як сол 2,1-2,2 фоизро ташкил медиҳад.

6. Дар давоми панҷ соли охир (солҳои 2017-2021) шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8931,2 ҳазор нафар то ба 9886,8 ҳазор нафар афзоиш ёфт, ки он ба 10,7 фоиз баробар мебошад ва ба ҳисоби миёна дар ин давра афзоиши миёнасолонаи аҳолӣ зиёда аз 2,1 фоизро ташкил медиҳад.

7. Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, № 370 тасдиқ шудаанд шумораи аҳолии кишвар дар соли 2027 то ба 11097,0 ҳазор нафар мерасад, ки дар муқоиса ба соли 2022 10,4 фоиз меафзояд.

8. Дар заминаи афзоиши шумораи аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ низ афзоиш ёфта, дар соли 2027 теъдоди онҳо ба 6398,0 ҳазор нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2022-ум 9,8 фоиз зиёд мебошад.

9. Мутаносибан ба афзоиши захираҳои меҳнатӣ, шумораи қувваҳои корӣ низ 8,7 фоиз афзоиш ёфта, дар соли 2027 ба 2845,1 ҳазор нафар мерасад.

10. Давоми солҳои 2023-2027 тибқи дурнамо шумораи аҳолии машғули кор аз 2636,0 ҳазор нафар то ба 2822,1 ҳазор нафар мерасад. Дар муқоиса бо соли 2022 шумораи аҳолии машғули кор 8,9 фоиз меафзояд. Афзоиши миёнасолонаи шумораи аҳолии машғули кор давоми солҳои 2023-2027 1,9 фоизро ташкил медиҳад. Дурнамои афзоиши шумораи аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, қувваҳои корӣ ва аҳолии машғули кор тибқи замимаи 1 пешбинӣ мегардад.

§ 2. Рушди иҷтимоию иқтисодӣ

11. Афзоиш ёфтани шумораи қувваҳои корӣ ва аҳолии машғули кор ба рушди истеҳсолот мусоидат намуда, пешбинӣ мегардад, ки давоми солҳои 2023-2027 ҳаҷми маҳсулоти саноатии кишвар аз 47102,0 млн сомонӣ дар соли 2022 то 144163 млн сомонӣ дар соли 2027 меафзояд.

12. Дар давраи мадди назар ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ аз 45375,0 млн сомонӣ дар соли 2022 то 80041 млн сомонӣ дар соли 2027 афзоиш меёбад.

13. Пешбинӣ мегардад, ки давоми солҳои 2023-2027 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (минбаъд-ММД) дар кишвар то 208369 млн сомонӣ меафзояд, ки дар муқоиса ба соли 2022 (114156 млн сомонӣ) 1,8 маротиба зиёд мебошад. Тақсимоти ММД ба ҳар сар аҳолӣ дар давраи мадди назар аз 11357 сомонӣ дар соли 2022 то 18777 сомонӣ дар соли 2027 мерасад, ки дар муқоиса ба соли 2022 1,65 маротиба зиёд аст.

14. Дурнамои афзоиши ММД, маҳсулоти саноатӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва тақсимоти ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар солҳои 2023-2027 тибқи замимаи 2 пешбинӣ мегардад.

15. Мутаносибан ба афзоиш ёфтани ҳаҷми ММД ва тақсимоти он ба ҳар сари аҳолӣ даромадҳои пулӣ ва хароҷоту пасандозҳои аҳолӣ низ меафзоянд, ки барои боло рафтани сатҳи зиндагии онҳо замина фароҳам меорад.

16. Дар назар аст, ки то соли 2030 тақсимоти ММД ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатии аҳолӣ ду баробар коҳиш дода мешавад ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёна аз 22 то 50 фоиз зиёд мегардад.

17. Таҳлили таркиби ташаккули ММД нишон медиҳад, ки асоси онро соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, афзоиш ёфтани ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар таркиби ММД аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар тадриҷан натиҷаҳои чашмдоштро ба бор меорад.

18. Барнома барои расидан ба ҳадафҳо ва афзалиятҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 муайян шудаанд, мусоидат менамояд.

§ 3. Вазъи ҷории бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

19. Мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи қувваҳои корӣ (аҳолии дар иқтисодиёт фаъол) аз рӯи баҳои пешакӣ дар моҳи октябри соли 2022 2577,4 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки аз ин теъдод 2522,0 ҳазор нафар (97,9 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул буда, ба 55,4 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст, ки 2,1 фоизи қувваҳои кориро ташкил медиҳад.

20. Дар моҳи октябри соли 2022 аз шумораи умумии аҳолии машғули кор шахсони дар рӯйхатбудаи кироякор дар корхонаҳои ҳама шаклҳои моликият 1241,5 ҳазор нафар ё 49,2 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил дод. Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи октябри соли 2022 нисбат ба моҳи сентябри соли 2022 0,6 фоиз кам ва нисбат ба моҳи октябри соли 2021 0,7 фоиз зиёд шуд. Ҳамзамон, дар ин давра нисбат ба соли 2021 шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар бахши воқеии иқтисодиёт 1,1 фоиз зиёд шуда, 697,1 ҳазор нафарро ташкил дод. Аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, бахши хизматрасонӣ бошад дар ҳамин давра 0,1 фоиз зиёд шуда, 544,4 ҳазор нафарро ташкил намуд.

21. Дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ, ғайр аз кормандони расмӣ, қувваи корӣ дар шароити дар ду ё якчанд ҷой коркунанда ва дар асоси қарордод низ истифода бурда мешаванд.

22. Моҳи октябри соли 2022 дар шароити болозикр 53,9 ҳазор нафар машғули кор буданд, ки ин нишондиҳанда ба 4,3 фоизи шумораи ҷойҳои ишғолшудаи корӣ рост меояд.

23. Шумораи кормандони дар шароити ду ё якчанд ҷой ва дар асоси қарордоди коркунанда дар моҳи октябри соли 2022-ум 53,9 ҳазор нафар, аз ҷумла дар бахши воқеии фаъолияти иқтисодӣ - 11,1 ҳазор нафар ва дар бахши хизматрасонӣ 42,8 ҳазор нафарро ташкил намуд.

24. Ба ҳолати 1 ноябри соли 2022 дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 82,4 ҳазор корҷӯ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 5,1 фоиз ва нисбат ба моҳи сентябри соли 2022 1,3 фоиз зиёд мебошад.

25. Дар моҳи октябри соли 2022 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 8,5 ҳазор нафар корҷӯ барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат намуда, 4,9 ҳазор нафар бо шуғл таъмин карда шуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021-ум нишондиҳандаҳои мазкур мутаносибан 2,0 ва 6,6 фоиз кам мебошад.

26. Дар моҳи октябри соли 2022 аз ҷониби корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 1,9 баробар зиёд шуда, 22,0 ҳазор ҷойро ташкил дод. Ин нишондод аз рӯйи касбҳои коргарӣ 2,6 баробар зиёд шуда, 12,5 ҳазор ҷойро ташкил намуд (57,0 фоизи ҷойҳои кори холӣ). Нисбат ба моҳи сентябри соли 2022 шумораи ҷойҳои кори холии пешниҳодшуда 21,2 фоиз зиёд шуда, талабот ба ҳар як ҷойи кори холии пешниҳодшуда 3,7 нафарро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2021 6,9 нафарро ташкил медод.

27. Дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар охири моҳи октябри соли 2022 55,4 ҳазор нафар бекор расман ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 27,9 ҳазор нафар (50,5 фоиз) зан мебошад.

28. Сатҳи бекории расман бақайдгирифташуда 2,1 фоизро аз шумораи қувваҳои корӣ ташкил намуд.

29. Бояд қайд намуд, ки вазъи имрӯзаи ноустувори сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷаҳон метавонад ба вазъ дар бозори меҳнати Тоҷикистон таъсири бевосита дошта бошад. Аз ин хотир, дар марҳилаи кунунӣ хеле муҳим аст, ки шаклу усулҳои нави хизматрасонӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассуси касбии қувваҳои корӣ, тақсимоти босамари аҳолии қобили меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёт тадбирҳо амалӣ карда шаванд.

30. Мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ давоми солҳои 2023-2027 шумораи аҳолӣ ба ҳисоби миёна 2,0-2,1 фоиз афзоиш ёфта, дар соли 2027 ба 11097,0 ҳазор нафар мерасад, ки бешубҳа ба вазъ дар бозори меҳнат таъсир мерасонад.

31. Дар соли 2027 шумораи аҳолӣ дар муқоиса ба соли 2022-ум 1046,0 ҳазор нафар зиёд мешавад. Мутаносибан ба ин, шумораи захираҳои меҳнатӣ 572,0 ҳазор нафар ва қувваҳои корӣ 227,1 ҳазор нафар меафзоянд.

32. Пешбинӣ мегардад, ки дар солҳои 2023-2027 ба бозори меҳнат аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ - 274,3 ҳазор нафар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ - 152,1 ҳазор нафар, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ - 70,5 ҳазор нафар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ - 619,1 ҳазор нафар, хатмкунандагон бо маълумоти таҳсилоти умумии асосӣ - 147,1 ҳазор нафар, хизматчиёни ҳарбии аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсатшуда 119,0 ҳазор нафар, кормандони аз корхонаҳо ихтисоргардида - 33,5 ҳазор нафар, шахсони аз муассисаҳои ислоҳи ҷазои ҷиноӣ озодшуда 4,99 ҳазор нафар ворид мегарданд.

33. Теъдоди аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол дар соли 2027 ба 3516,9 ҳазор нафар мерасад, ки ин шумора 54,9 фоизи захираҳои меҳнатиро (6398,0 ҳазор нафар) ташкил медиҳад.

34. Мувофиқи нишондодҳои Барнома давоми солҳои 2023-2027 тавассути мусоидати бевоситаи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 709,8 ҳазор шаҳрванд ба шуғл ҷалб гардида, аз ин шумора 355,0 ҳазор нафар дар корхонаю ташкилот бо кор таъмин карда мешаванд. Аз ҷумла дар ин давра 294,0 ҳазор нафар аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ, 44,0 ҳазор нафар аз ҳисоби ҷойҳои кори бандшуда (квотаҳо) ва 17,0 ҳазор нафар тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок бо кор таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон, дар давраи мадди назар 108,4 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ба тайёрии касбӣ фаро гирифта шуда, 38,4 ҳазор нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида, ба 138,6 ҳазор нафар хизматрасониҳои машварати касбӣ анҷом дода шуда, ба 69,4 ҳазор нафар бекорон кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ пардохт карда мешавад. Тамоюли тағйирёбии дурнамои нишондиҳандаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ тибки  замимаи 3 пешбинӣ мегардад.

3. ҲАДАФ, ВАЗИФА ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ БАРНОМА

35. Ҳадафи асосии Барнома аз мусоидат ба шуғли аҳолӣ тавассути ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани аҳолии бекор ва дар ин замина бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо иборат буда, амалисозии он имконият фароҳам меорад теъдоди ҳарчӣ бештари аҳолӣ ба шуғл фаро гирифта шаванд.

36. Ҷиҳати амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ тибқи Барнома дар солҳои 2023-2027 вазифаҳои зерин муайян карда мешаванд:

- тақвияти фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тавассути гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ ва таъмини дастрасии васеи корҷӯён ва бекорон ба ин намуди хизматрасониҳо;

- такмил додани низоми ҷамъоварӣ ва коркарди омори соҳаи шуғли аҳолӣ;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҷамъоварии маълумоти зарурӣ бо мақсади муайян намудани тавозуни бозори меҳнат (талабот ва пешниҳод);

- дастгирии рушди соҳибкории хурд, ташаббуси ҷавонон, занон ва аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ (стартапҳо) тавассути пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок;

- мусоидат ба шуғли аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир, аз ҷумла маъюбон тавассути сафарбар намудани онҳо ба омӯзиши васеи шуғли фосилавӣ;

- мутобиқсозии раванди хизматрасониҳои таълими касбӣ ба талаботи воқеии бозори меҳнат тавассути мунтазам гузаронидани пурсиши корфармоён ҷиҳати арзёбии талаботи онҳо ба қувваи корӣ;

- амалисозии тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълими касбӣ тавассути ҷорӣ намудани механизмҳои муосири таълими касбӣ, аз ҷумла, таълими инклюзивӣ ва дуалӣ ва ба ин васила баланд бардоштани рақобатпазирии қувваҳои корӣ;

- ташкил ва роҳандозӣ намудани фаъолияти филиалҳои Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар минтақаҳои кӯҳистон ва дурдасти ҷумҳурӣ;

- таҳия ва амалисозии тадбирҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (таҳияи барномаҳои миёнамӯҳлат);

- роҳандозӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати коҳиш додани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар соҳаҳои иқтисодиёт;

- таъмини ҳамоҳангсозии чорабиниҳои сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо ҷараёни амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040.

37. Дар солҳои 2023-2027 самтҳои афзалиятноки зерин дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ пешбинӣ мешаванд:

- амалисозии тадбирҳо ҷиҳати вусъат бахшидан ба шуғли пурмаҳсул;

- таҳия ва дар амал татбиқ намудани чорабиниҳо вобаста ба таъмин намудани рақобатпазирии қувваҳои корӣ дар бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар;

- роҳандозӣ ва тадриҷан васеъ намудани доираи хизматрасониҳои рақамӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

- ҷалб намудани сармояҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

- таҳия ва амалисозии чорабиниҳо ҷиҳати арзёбии таъсири нишондодҳои асосии Барнома ба вазъи иҷтимоии бекорон ва корҷӯён;

- таъмин намудани иҷрои афзалиятҳои муайяншуда дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040.

4. ЧОРАБИНИҲОИ АСОСӢ ДАР ТАЪМИНИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ

§ 1. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ

38. Мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад, ки дар давоми солҳои 2023-2027 дар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар маҷмуан 1254,7 ҳазор, аз ҷумла, дар бахши воқеии иқтисодиёт 748,4 ҳазор (59,6 фоиз) ва дар бахши хизматрасонӣ бошад 506,3 ҳазор (40,4 фоиз) ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Аз шумораи умумии ҷойҳои кори таъсисшаванда 457,0 ҳазор (36,4 фоиз) ҷойҳои кории доимӣ, 469,5 ҳазор (37,4 фоиз) ҷойҳои кории муваккатӣ, 266,3 ҳазор (21,2 фоиз) ҷойҳои кории мавсимӣ ва 61,7 ҳазор (5,0 фоиз) ҷойҳои кории иловагӣ ва барқароршуда мебошанд.

39. Дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар солхои 2023-2027 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 98,1 ҳазор, вилоятҳои Суғд247,3 ҳазор ва Хатлон - 458,7, шаҳри Душанбе - 240,5 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 210,1 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Дурнамои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар бахшҳои иқтисодиёт ва сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ тибқи замимаи 4 пешбинӣ мегардад.

§ 2. Миёнаравӣ дар бозори меҳнат

40. Амалисозии босамари чорабиниҳои Барнома ба ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва корфармоён вобаста буда, иштироки фаъоли корфармоёнро дар мусоидат ба шуғли аҳолӣ тақозо менамояд. Аз ин хотир, бо дар назар доштани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷаҳон хеле муҳим аст, ки ҳамкорӣ байни мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва корфармоён дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

41. Дар доираи Барнома пешбинӣ мегардад, ки давоми солҳои 20232027 аз ҷониби корфармоён ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 294.0 ҳазор ҷойҳои кории холӣ (соли 2023 - 57,4 ҳазор, соли 2024 - 58,1 ҳазор, соли 2025 - 58,8 ҳазор, соли 2026 - 59,6 ҳазор ва соли 2027 - 60,1 ҷойҳои кории холӣ) пешниҳод карда мешавад ва дар ин замина 4000 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

§ 3. Мусоидат ба шуғли аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир

42. Бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир яке аз афзалиятҳои асосии Барнома ба шумор рафта, бо ин мақсад дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликият ва идоракунӣ, ҷойҳои корӣ банд карда мешаванд.

43. Дар ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) асосан ҷавонон, занон, маъюбон, ҷавонони рухсатшуда аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони озодшуда аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд. Бо ин мақсад дар доираи Барнома барои бо ҷойи кор таъмин намудани шахсони дар бозори меҳнат осебпазир ва барои корфармоён имтиёзҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

- таъмин намудани шароит барои дастрасии васеи табақаҳои дар бозори меҳнат осебпазир ба омӯзиши касбӣ;

- таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои кории махсусгардонидашуда бо реҷаи кори танзимшаванда барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир;

- фароҳам овардани шароит барои ба шуғли фосилавӣ машғул шудани аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир;

- маблағгузорӣ намудани корфармоён барои таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои кории махсусгардонидашуда ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир.

44. Пешбинӣ мегардад, ки дар доираи Барнома тавассути банд намудани ҷойҳои корӣ, таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои кории махсусгардонидашуда 44,0 ҳазор нафар шаҳрвандони дар бозори меҳнат осебпазир бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

§ 4. Мусоидат ба шуғли ҷавонон

45. Таҳлили омори расмии давлатӣ нишон медиҳад, ки ҳиссаи ҷавонон дар таркиби аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 фоиз ва дар таркиби захираҳои меҳнатӣ бошад, зиёда аз 50 фоизро ташкил медиҳад.

46. Бо дарназардошти тамоюли афзоиши ҷавонон дар таркиби аҳолӣ, дар сиёсати давлатии ҷавонон масъалаҳои касбомӯзӣ ва ба шуғл ҷалб намудани онҳо афзалияти аввалиндараҷаро касб намуда, тақозо менамояд, ки дар ин самт мунтазам тадбирҳои муассир тарҳрезӣ ва амалӣ карда шаванд. Бо ин мақсад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, № 166 "Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" ва аз 30 декабри соли 2021, № 567 "Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" ба тавсиб расида, мавриди амал қарор доранд.

47. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз тадбирҳои тарҳрезӣ ва амалишаванда, ҳанӯз ҳам сатҳи шуғлнокии ҷавонон ва сатҳи бекорӣ дар байни онҳо нигаронкунанда буда, бодарназардошти вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳон масъалаҳои дастгирии иҷтимоии ҷавонон, ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ ва шуғл андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

48. Таҳлили омори мавҷуда оид ба шуғлнокӣ ва бекорӣ миёни ҷавонон нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон сатҳи шуғлнокии ҷавонон танҳо 34,0 фоизро аз шумораи умумии ҷавонон ташкил дода, ҷиҳати баланд бардоштани ин нишондиҳанда бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

49. Дар давраи амалисозии Барнома ҷиҳати пешгирии сатҳи афзоиши бекорӣ дар байни ҷавонон ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо тадбирҳои зерин роҳандозӣ мешаванд:

- мусоидат намудан дар таъмини ҷавонон бо ҷойи корӣ аз ҳисоби ҷойҳои кории холии мавҷуда (145,6 ҳазор нафар);

- расонидани хизмати роҳнамоии касбӣ ва маслиҳатию машваратӣ (82,5 ҳазор нафар);

- сафарбар намудани ҷавонон ба курсҳои кӯтоҳмуҳлати тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мувофиқи касбу ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар (60,7 ҳазор нафар);

- ҷалби ҷавонон дар иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок (19,2 ҳазор нафар);

- дастгирии ташаббуси ҷавонон дар ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди ҳунарҳои миллӣ тавассути ба онҳо ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок (5,9 ҳазор нафар);

- дастгирии иҷтимоии ҷавонон тавассути таъин ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ (49,4 ҳазор нафар);

- роҳандозӣ намудани тадбирҳо дар самти тарбияи ҳуқуқии ҷавонон доир ба масъалаҳои бозори меҳнат.

50. Давоми солҳои 2023-2027 тавассути амалӣ намудани ин тадбирҳо 363,3 ҳазор ҷавон ба шуғл фаро гирифта мешавад.

§ 5. Мусоидат ба шуғли занон

51. Тибқи маълумоти оморӣ занҳо 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, ки 2,8 миллиони онҳо шомили аҳолии қобили меҳнат мебошанд. Иштироки фаъолонаи занон ба рушди иқтисодиёти миллӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, бахусус худи занон мусоидат менамояд. Фароҳам овардани шароит барои татбиқи ҳуқуқу имкониятҳои занон, баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат ҷанбаи муҳимми баробарии гендерӣ дар соҳаи шуғл мебошад.

52. Ҳарчанд занони синни қобили меҳнат наздик 50,0 фоизи захираҳои меҳнатиро ташкил диҳад ҳам, ҳиссаи онҳо дар маҷмуи қувваи корӣ танҳо 27,8 фоизро ташкил медиҳад.

53. Дар доираи амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст, ки то соли 2030 иқтидори тайёркунии мутахассисон дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна бояд қариб се баробар афзуда, на камтар аз 220 ҳазор нафар ҷавонони 15-24-сола бо таҳсил фаро гирифта мешаванд.

54. Ҳиссаи духтарони 15-24-сола дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар сатҳи 21,5 фоиз қарор дошта, касбомӯзии духтарони бекор ва корҷӯй, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳистон ва деҳаҳои дурдаст тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат дар Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" чораҳои иловагиро талаб менамояд.

55. Барои амалӣ гардонидани мақсадҳои Барнома, инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, № 167 "Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030" дар доираи Барнома барои бо ҷойи кор ва касбомӯзӣ ҷалб намудани занони бекор тадбирҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

- мусоидат намудан дар таъмини занон бо ҷойи кори доимӣ аз ҳисоби ҷойҳои кории холии мавҷуда (149,1 ҳазор нафар);

- фарогирӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди ҳунарҳои мардумӣ (82,3 ҳазор нафар);

- дастгирии ташаббусҳои занон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ( 8,1 ҳазор нафар);

- ҷалб намудани занон ба корҳои ҷамъиятии музднок (21,5 ҳазор нафар);

- дастгирии иҷтимоии занон тавассути таъин ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ (3,1 ҳазор нафар);

- гузаронидани корҳои машваратию маслиҳатӣ оид ба роҳнамоии касбӣ (13,7 ҳазор нафар).

56. Тавассути амалӣ намудани нишондодҳои Барнома тайи солҳои 2023-2027 277,8 ҳазор зан ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб карда мешаванд.

§ 6. Дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта

57. Бо дар назар доштани он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои қувваи кории барзиёд аст, муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун шуғли бурунмарзӣ боқӣ мемонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми солҳои охир бар асари паҳншавии бемории сироятии COVID - 19 ва буҳронҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон раванди муҳоҷират бо сабаби баста шудани сарҳадҳо то дараҷае коҳиш ёфт.

58. Вазъи мавҷудаи ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳтимолияти боз ҳам коҳиш ёфтани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан идома ёбад. Аз ин хотир фароҳамсозии шароит барои бо шуғл таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад.

59. Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса ба соли 2019 29,6 фоиз коҳиш ёфтааст. Агар дар соли 2019 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 530,9 ҳазор нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта бошанд, пас ин нишондиҳанда дар соли 2021 373,8 ҳазор нафарро ташкил намуд.

60. Дар доираи Барнома барои мутобиқсозии муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта ба бозори меҳнати дохили кишвар ва бо шуғл таъмин намудани онҳо тадбирҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

- бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта тавассути ҷойҳои кори таъсисшаванда дар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар (17,3 ҳазор нафар);

- бо шуғли муваққатӣ ҷалб намудани онҳо тавассути ташкили корҳои ҷамъиятии музднок (5,9 ҳазор нафар);

- фарогирӣ ба тайёрии касбӣ (20,0 ҳазор нафар);

- ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ба муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта барои машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ (3,7 ҳазор нафар);

- ба расмият даровардани малакаҳои касбии азхуднамудаи онҳо (8,2 ҳазор нафар);

- расонидани машварати касбӣ ва ҳуқуқӣ.

61. Дар давраи амалисозии Барнома аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 55,1 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта хизматрасониҳо анҷом дода мешавад.

§ 7. Мутобиқсозии қувваҳои корӣ ба талаботи бозори меҳнат

62. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ муайян шудааст.

63. Саноатикунонии босуръати кишвар тағйири сохтори иқтисодиёт ва мутобиқсозии қувваҳои кориро ба ин тағйирот тақозо менамояд. Дар ин марҳила масъалаи омодасозии қувваҳои корӣ вобаста ба талаботи воқеии бозори меҳнат бо дарназардошти беҳтар намудани сатҳ ва сифати таълими касбӣ аҳаммияти аввалиндараҷаро касб менамояд.

64. Сатҳи касбияти коргарон ҳанӯз ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ набуда, он ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Дар ҷараёни ислоҳот бояд масъалаи омӯзиши касбу ҳунарҳои нав тибқи талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ба инобат гирифта шавад.

65. Бинобар ин, бо дар назар доштани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 ҷиҳати саросар ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандони аз 18 сола боло, аз ҷумла ҷавонон ва занон дар доираи Барнома тадбирҳои зерин амалӣ мегарданд:

- гузаронидани пурсиши корфармоён ҷиҳати муайянсозии талаботи воқеии онҳо ба кадрҳои коргарӣ ва муайян намудани дурнамои касбҳои коргарӣ барои иқтисодиёти кишвар, бахусус дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ;

- васеъ роҳандозӣ намудани механизми таҳсилоти дуалӣ дар зинаи омодасозии кадрҳои коргарӣ барои соҳаҳои иқтисодиёт;

- мустаҳкам ва васеъ намудани заминаҳои моддию техникӣ ва таълимии муассисаҳои таълими касбӣ тавассути ҷалби сармоягузориҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани теъдоди ҳарчӣ бештари ҷавонон ва занон аз рӯи касбҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат.

66. Давоми солҳои 2023-2027 дар натиҷаи амалисозии Барнома 108,4 ҳазор шаҳрванди бекор ва муҳоҷирони меҳнатии баватанбозгашта, аз ҷумла ҷавонон ва занон ба омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

§ 8. Расонидани хизмати машваратӣ ва кумаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкории хурд доранд

67. Беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин ҷалб намудани сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.

68. Дар ин раванд нақши рушди соҳибкории хурду миёна дар таъмин намудани суботи иқтисодӣ хеле муҳим буда, инкишофи он барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт ва таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

69. Таҳлили сохтори таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт нишон медиҳад, ки 60,0 фоиз ҷойҳои корӣ дар бахши хусусӣ таъсис дода мешаванд ва аз ин хотир дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна асоси рушди иқтисодиётро таъмин менамояд.

70. Бо мақсади дастгирии раванди рушди соҳибкории хурд дар ҷумҳурӣ дар Барнома тадбирҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

- дастгирии васеи ҳама намуди соҳибкории хурду миёна тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба аҳолии бекор;

- ҷалб намудани маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби шарикони рушд барои дастгирии рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон ва занон;

- ба роҳ мондани омӯзиши васеи асосҳои соҳибкорӣ дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- дастгирӣ ва рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тавассути қарзҳои имтиёзнок;

- таҳия ва амалӣ намудани механизми муосири назорат, истифодаи мақсаднок ва таъмини бозгашти маблағҳои барои рушди соҳибкории хурд пешбинишуда.

71. Давоми солҳои 2023-2027 тавассути амалисозии чорабиниҳои пешбинишуда 17,0 ҳазор шаҳрванд ба соҳибкории хурд ва миёна ҷалб карда мешаванд.

§ 9. Ташкили корҳои ҷамъиятии музднок

72. Ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднок барои бо шуғли муваққатӣ ҷалб намудани аҳолии бекор тадбири хеле муассир буда, дар фаъолияти якҷоя бо мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корфармоён васеъ истифода мешавад.

73. Бо мақсади идома додани сиёсати фаъол дар танзими масъалаи бокортаъминкунии шаҳрвандони бекор ва корҷӯ тавассути ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднок дар доираи Барнома давоми солҳои 2023-2027 38,4 ҳазор шаҳрванди бекор ҷалб мегарданд.

§ 10. Рушди ҳунарҳои мардумӣ

74. Бо мақсади дастгирии рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, № 570 "Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

75. Дар назди муассисаҳои давлатии таълимии низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуда, аз рӯи 50 касбу ҳунарҳои мардумӣ омӯзиш ба роҳ монда шудааст.

76. Давоми солҳои 2021 ва нимсолаи якуми соли 2022 дар заминаи марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир ва марказҳои таълими касбии калонсолони Тоҷикистон 19,4 ҳазор нафар шаҳрвандон ба омӯзиши ин касбу ҳунарҳо ҷалб карда шуданд.

77. Дар доираи Барнома пешбинӣ мегардад, ки дар солҳои 20232027, маҷмуан 49,3 ҳазор нафар шаҳрвандон тавассути марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир ва марказҳои таълими касбии калонсолони Тоҷикистон ба омӯзиш ва рушди ҳунарҳои мардумӣ тибқи замимаи 5 сафарбар карда мешаванд.

§ 11. Дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ

78. Бо мақсади дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон зимни ихтисоршавӣ аз корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳои дигар тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда ва инчунин шаҳрвандоне, ки собиқаи корӣ надоранду ба дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд, дар доираи Барнома таъин ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ пешбинӣ шудааст.

79. Давоми солҳои 2023-2027 ба 69,4 ҳазор шаҳрванд, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани чунин кумакпулиҳо ҳуқуқ доранд, барои давраи бекорӣ кумакпулӣ таъйин ва пардохт карда мешавад.

§ 12. Такмили фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ

80. Бо дар назар доштани вазъи ноустувори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон ба масъалаи муътадил нигоҳ доштани вазъ дар бозори меҳнати дохили кишвар ва дар ин замина таъмин намудани суботи иҷтимоию иқтисодӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

81. Дар доираи Барнома ҷиҳати таҳкими фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тадбирҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

- гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- ҷалб намудани сармояҳои иловагӣ барои амалисозии тадбирҳои фаъол дар мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

- таъмини истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои пешбинишуда барои амалисозии чорабиниҳои Барнома;

- пайваста баланд бардоштани сатҳи тахассуси касбии кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва пурзӯр намудани иқтидори техникии он;

- такмил додани низоми ҷории ҷамъоварӣ ва коркарди омори давлатӣ ва соҳавии бозори меҳнат.

5. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТ

82. Тавассути амалисозии чорабиниҳои Барнома давоми солҳои 2023-2027 натиҷаҳои зерин ба даст оварда мешаванд:

- дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1254,7 ҳазор ҷойи кории нав таъсис ва барқарор карда мешавад;

- дар ҷойҳои кори холии ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ пешниҳодгашта 294,0 ҳазор корҷӯ, аз ҷумла тавассути банд намудани ҷойҳои корӣ (квота) 44,0 ҳазор шаҳрванди дар бозори меҳнат осебпазир бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд;

- ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз рӯи касбҳои ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ 108,4 ҳазор шаҳрванди бекор, корҷӯ ва муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта фаро гирифта мешаванд;

- ба 69,4 ҳазор шахси бекор барои давраи бекорӣ кумакпулӣ пардохт мегардад;

- малакаҳои касбии 8,2 ҳазор шаҳрванд ва муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешаванд;

- 38,4 ҳазор шаҳрванди бекор ва корҷӯ ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар мешаванд;

- ба 17,0 ҳазор шаҳрванди бекор барои ташкили соҳибкории хурд ва рушди ҳунарҳои мардумӣ қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд;

- ба 55,1 ҳазор муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода мешаванд;

- 4000 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида мешаванд;

- ба 138,6 ҳазор нафар корҷӯён оид ба масъалаҳои шуғл хизматҳои машваратӣ расонида мешаванд;

- дар сатҳи ҷумҳурӣ ва минтақаҳо пурсиши корфармоён барои муайян намудани талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ ва муайян намудани дурнамои касбҳои коргарӣ барои иқтисодиёти кишвар, бахусус дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ гузаронида мешавад;

- мониторинги ҷараёни амалисозӣ ва натиҷаи чорабиниҳои Барнома дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ ҷараён мегирад;

- низоми ҷамъоварӣ ва коркарди омори давлатӣ ва соҳавии бозори меҳнат ташаккул меёбад.

83. Дар натиҷаи амалисозии нақшаи амали Барнома шумораи аҳолии машғули кор, дар маҷмуъ 8,9 фоиз афзуда, имконият фароҳам меояд, ки дар ин муддат 709,8 ҳазор шаҳрванд ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб карда шаванд ва тавассути мусоидати бевоситаи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 355,0 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин карда шаванд.

6. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ

84. Маблағи умумии Барнома аз рӯи арзёбӣ дар солҳои 2023-2027 233836,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

85. Маблағгузории чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои корфармоён ва ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ тибқи замимаи 6 амалӣ мегардад. Ҳаҷми маблағгузории чорабиниҳои Барнома дар солҳои 2023-2025-ум 131744,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла:

- 64720,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- 53095,5 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ;

- 13929,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои корфармоён ва ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ.

7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

86. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмини иҷрои чорабиниҳои Барнома дар самти таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ, бокортаъминкунии шаҳрвандони бекор, ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, занон ва табақаҳои осебпазири аҳолӣ, дастгирии рушди соҳибкории хурд, ҷалби шаҳрвандони бекор ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок, ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ масъул мебошанд.

Ниг. ба замимаҳои 1-5

Ниг. ба замимаи 6

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 марти соли 2023, № 135

Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

Ниг. ба замима