Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, № 370 "Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025

 

Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 маъқул дониста шавад (замима мегардад).

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташаккули буҷети давлатӣ барои солҳои навбатӣ дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025-ро ба инобат гирад.

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати тағйирёбии вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла таъсири омилҳои беруна ба он, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 сари вақт таклифҳо пешниҳод намояд.

4. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 чораҳои зарурӣ андешида, амалишавии саривақтии барномаҳои давлатии рушди соҳавию минтақавиро таъмин намоянд ва ҳангоми зарурат оид ба ворид намудани тағйирот ба онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида таклиф пешниҳод намоянд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 июли соли 2022, № 370

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О прогнозе основных макроэкономических показателей Республики Таджикистан на 2023-2025 годы

В соответствии со статьей 4 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Одобрить прогноз основных макроэкономических показателей Республики Таджикистан на 2023- 2025 годы (прилагается).

2. Министерству финансов Республики Таджикистан при формировании государственного бюджета на последующие годы учесть прогноз основных макроэкономических показателей Республики Таджикистан на 2023-2025 годы.

3. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан в случае изменения экономического положения страны, в том числе влияния на него внешних факторов, своевременно представлять предложения по внесению изменений и дополнений в прогноз основных макроэкономических показателей Республики Таджикистан на 2023-2025 годы.

4. Министерствам, ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти принять необходимые меры по выполнению прогноза основных макроэкономических показателей Республики Таджикистан на 2023-2025 годы, обеспечить своевременную реализацию государственных отраслевых и региональных программ развития и при необходимости в установленном порядке представлять Правительству Республики Таджикистан предложения о внесении в них изменений.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                        Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 29 июля 2022 года, №370