Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, № 166 " Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози иҷрои Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян карда шавад.

3. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чораҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 10 январ тибқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

4. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тадбирҳои мушаххас андешида, ҳар сол то 1 феврал аз ҷараёни иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

 аз 30 апрели соли 2021, № 166

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Стратегии государственной молодежной политики в Республике Таджикистан на период до 2030 года

В соответствии со статьей 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Стратегию государственной молодежной политики в Республике Таджикистан на период до 2030 года и План мероприятий по реализации Стратегии государственной молодежной политики в Республике Таджикистан на период до 2030 года (приложения 1 и 2).

2. Определить Комитет по делам молодёжи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан координатором исполнения Стратегии государственной молодежной политики в Республике Таджикистан на период до 2030 года.

3. Соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти принять необходимые меры по выполнению Стратегии государственной молодежной политики в Республике Таджикистан на период до 2030 года и ежегодно до 10 января согласно Плану мероприятий по реализации Стратегии государственной молодежной политики в Республике Таджикистан на период до 2030 года предоставлять информацию Комитету по делам молодёжи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан.

4. Комитету по делам молодёжи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан принять конкретные меры по исполнению Стратегии государственной молодежной политики в Республике Таджикистан на период до 2030 года и о ходе её исполнения ежегодно до 1 февраля представлять информацию в Правительство Ресупблики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 30 апреля 2021 года, №166