Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, № 167 "Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).

2. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 муқаррар карда шавад.

3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалӣ намудани Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, чораҷӯй карда, аз натиҷаи он ҳар нимсола ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ дар солҳои 2022-2025 маблағгузориро вобаста ба амалигардонии нақшаи амали стратегияи мазкур дар сатри алоҳида пешбинӣ намояд.

5. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ҳамасола то 10 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

 аз 30 апрели соли 2021, № 167

 ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Национальной стратегии активизации роли женщин в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы

В соответствии со статьей 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Национальную стратегию активизации роли женщин в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы и План мероприятий на 2021-2025 годы по реализации Национальной стратегии активизации роли женщин в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы (приложения 1 и 2).

2. Определить Комитет по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан координатором реализации Национальной стратегии активизации роли женщин в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы.

3. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов в рамках предусмотренных государственных бюджетных средств и других средств, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, принять меры по реализации Национальной стратегии активизации роли женщин в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы и о результатах каждое полугодие представлять информацию в Комитет по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан.

4. Министерству финансов Республики Таджикистан с учетом реальных возможностей государственного бюджета на 2022-2025 годы предусмотреть в отдельной строке финансирование, связанное с реализацией плана действий настоящей стратегии.

5. Комитету по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно до 10 февраля о ходе исполнения Национальной стратегии активизации роли женщин в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 30 апреля 2021 года, №167