Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2023, № 121 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, №77"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, №77

 

Мутобиқи моддаҳои 56 ва 75 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, № 77 "Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷҷатҳое, ки фактҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" пас аз калимаҳои "дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" калимаҳои "дар баробари шакли дастнависшуда инчунин" илова карда шаванд.

2. Замимаҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6 ва 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, №77 "Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷҷатҳое, ки фактҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6 ва 7).

3. Шакли бланки шаҳодатномаҳои таваллуд, вафот, ақди никоқ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ ва иваз намудани насаб, ном ва номи падар, ки бо қарори мазкур тасдиқ мегарданд, аз лаҳзаи муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ карда шаванд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 27 марти соли 2023, № 121

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2010 года, №77

В соответствии со статьей 56 и 75 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство РеспубликиТаджикистан постановляет:

 1. Пункт 4 постановления Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2010 года, №77 "Об утверждении формы бланков записей актов гражданского состояния и выдаваемых на основании данных записей бланков свидетельства, формы бланков иных документов, подтверждающих факты государственной регистрации актов гражданского состояния и формы бланков заявлений о государственной регистрации актов гражданского состояния" после слова "года" дополнить словами "наряду с рукописной формой также".

2. Утвердить в новой редакции приложения 1, 2, 3, 4, 5, 6 и 7 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2010 года, №77 "Об утверждении формы бланков записей актов гражданского состояния и выдаваемых на основании данных записей бланков свидетельства, формы бланков иных документов, подтверждающих факты государственной регистрации актов гражданского состояния и формы бланков заявлений о государственной регистрации актов гражданского состояния" (приложения 1,2, 3,4,5,6 и 7).

3. Формы бланков свидетельств о рождении, смерти, заключении брака, расторжении брака, об усыновлении (удочерении), установлении отцовства и о перемене фамилии, имени и отчества, которые утверждаются настоящим постановлением, ввести в действие с момента, установленного Министерством юстиции Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 27 марта 2023 года, №121