Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010 № 77 "Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷҷатҳое, ки фактҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"

Санаи амалкуни: 27.03.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷҷатҳое, ки фактҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2010 № 716, аз 30.04.2012 № 213, 30.12.2019 № 668, аз 26.09.2020 № 505, аз 27.03.2023 № 121, аз 28.02.2025 № 136)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2010 № 716, аз 30.04.2012 № 213, 30.12.2019 № 668, аз 26.09.2020 № 505, аз 27.03.2023 № 121, аз 28.02.2025 № 136)

 

Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шакли бланкҳои сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ: таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар, барқарор намудани сабти асноди таваллуд, шакли бланкҳои дигар ҳуҷҷатҳое, ки факти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвавдиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (замимаҳои 1-71) тасдиқ карда шаванд.

2. Шакли бланкҳои ҳисоботии қатъии зерин мавриди истифода қарор дода шаванд:

- шаҳодатномаҳои таваллуд ва фарзандхондӣ -аз 1 январи соли 2011;

- шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва вафот - аз 1 феврали соли 2011;

- шаҳодатномаҳои бекор кардани ақди никоҳ ва иваз намудани насаб, ном ва номи падар - аз 1 марти соли 2011;

- шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ - аз 1 январи соли 2012 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2010 № 716).

3. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 136).

4. Аз 1 марти соли 2020 дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар баробари шакли дастнависшуда инчунин шаклҳои тариқи низоми электронии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрванди чопшавандаи бланкҳои шаҳодатномаҳои таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар тибқи талаботи пешбининамудаи замимаҳои 1-7 қарори мазкур ҷорӣ карда шаванд. Муқаррар карда шавад, ки аз тарафи бахшҳои ноҳия ва шаҳрии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ додани шаҳодатномаҳои таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар, инчунин сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба барқарор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ворид намудани тағйиру ислоҳот ва бекоркунии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи факти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо роҳи ба низоми электронии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ворид намудан ва чоп кардан дар бланкҳои шаҳодатномаҳои ҳисоботи қатъӣ амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ 30.12.2019 № 668, аз 27.03.2023 № 121).

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.2010г.№716,от 30.04.2012г.№213, от 30.12.2019г.№668, от 26.09.2020г.№505, от 27.03.2023 №121, от 28.02.2025 №136)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.2010г.№716,от 30.04.2012г.№213, от 30.12.2019г.№668, от 26.09.2020г.№505, от 27.03.2023 №121, от 28.02.2025 №136)

Об утверждении формы бланков записей актов гражданского состояния и выдаваемых на основании данных записей бланков свидетельства формы бланков иных документов, подтверждающих факты государственной регистрации актов гражданского состояния и формы бланков заявлений о государственной регистрации актов гражданского состояния

В соответствии со статьей 4 Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации актов гражданского состояния" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить формы бланков записей актов гражданского состояния: рождение, смерть, заключение брака, расторжение брака, усыновление (удочерение), установление отцовства, перемена фамилии, имени и отчества, восстановление записи акта о рождении, формы бланков иных документов, подтверждающих факты государственной регистрации актов гражданского состояния и формы бланков заявлений о государственной регистрации актов гражданского состояния (приложения 1-71) (в редакции постановления Правительства РТ от 30.12.2019г.№668).

2. Ввести в действие следующие формы бланков строгой отчетности:

- свидетельств о рождении и усыновлении (удочерении) - с 1 января 2011 года;

- свидетельств о заключении брака и смерти - с 1 февраля 2011 года;

- свидетельств о расторжении брака и перемене фамилии, имени и отчества - с 1 марта 2011 года;

- свидетельства об установлении отцовства - с 1 января 2012 года (в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.2010г.№716, от 30.12.2019г.№668).

3. Исключен (в редакции Пост. Правительства РТ от 28.02.2025 №136

4. С 1 марта 2020 года наряду с рукописной формой также ввести в органах записи актов гражданского состояния форму бланков свидетельств о рождении, смерти, заключении брака, расторжении брака, усыновлении (удочерении), установлении отцовства, перемене фамилии, имени и отчества, печатаемой посредством государственной электронной системы записи актов гражданского состояния, в соответствии с требованиями, предусмотренными приложениями 1-7 к данному постановлению. Установить, что районными, городскими секторами записи актов гражданского состояния выдача свидетельств о рождении, смерти, заключении брака, расторжении брака, усыновлении (удочерении), установление отцовства, перемене фамилии, имени и отчества, а также записи актов гражданского состояния о восстановлении записи акта гражданского состояния, внесение изменений и исправлении, аннулирование записей актов гражданского состояния и иные документы, подтверждающие факт государственной регистрации актов гражданского состояния осуществляются путем ввода в государственную электронную систему записи актов гражданского состояния и распечатывания на бланках свидетельств строгой отчётности (в редакции постановления Правительства РТ от 30.12.2019г.№668, от 27.03.2023 №121)

5. До подключения джамоатов шахр и дехотов, а также консульских учреждений Республики Таджикистан за пределами Республики Таджикистан к Государственному реестру актов гражданского состояния в электронной форме регистрация актов гражданского состояния производится с их стороны посредством составления соответствующей рукописной записи акта гражданского состояния, на основании которой выдается свидетельство о государственной регистрации акта гражданского состояния в рукописной форме (в редакции постановления Правительства РТ от 30.12.2019г.№668).

...