ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ
Мутобиқи моддаи 29 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо Низомномаи мазкур мутобиқ гардонанд.
3. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нашр ва дастрас намудани Низомномаи мазкур ба вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, чораҳои дахлдорро амалӣ намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №695 "Дар бораи Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 марти соли 2023, № 116
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Положении о военно-врачебной экспертизе
В соответствии со статьей 29 Кодекса здравоохранения Республики Таджикистан, статьей 40 Закона Республики Таджикистан "О воинской обязанности и военной службе" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение о военно-врачебной экспертизе (прилагается).
2. Министерствам и ведомствам Республики Таджикистан, в которых в соответствии с закондательством Республики Таджикистан предусмотрена военная служба, привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим Положением.
3. Министерству обороны Республики Таджикистан осуществить соответствующие меры, связанные с изданием и доведением настоящего Положения до министерств и ведомств Республики Таджикистан, в которых предусмотрена военная служба.
4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 декабря 2012 года, №695 "О Положении о военно-врачебной экспертизе".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 27 марта 2023 года №116