Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин воҳидҳои онҳо ҳангоми барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои мазкурро ба роҳбарӣ гиранд.
3. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати шаш моҳ Дастурамали муштарак дар бораи тартиби татбиқи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намоянд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №203 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 майи соли 2020 № 294
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Правилах оформления и выдачи заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации и свидетельства на возвращение в Республику Таджикистан гражданам Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Правила оформления и выдачи заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации и свидетельства на возвращение в Республику Таджикистан гражданам Республики Таджикистан (прилагаются).
2. Министерствам иностранных дел и внутренних дел Республики Таджикистан, а также их подразделениям руководствоваться настоящими Правилами при оформлении и выдачи заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации и свидетельства на возвращение в Республику Таджикистан гражданам Республики Таджикистан.
3. Министерствам иностранных дел и внутренних дел Республики Таджикистан в течение шести месяцев разработать и утвердить Совместную инструкцию о порядке применения Правил оформления и выдачи заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации и свидетельства на возвращение в Республику Таджикистан гражданам Республики Таджикистан.
4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля 2009 года, №203 "Об утверждении Правил выдачи заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации и свидетельства на возвращение в Республику Таджикистан гражданам Республики
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 мая 2020 года, №294