ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи амали солҳои 2023-2025-и Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳангоми таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлат, лоиҳаҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ нишондиҳандаҳои дар Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он пешбинишударо ба назар гиранд.
3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати амалисозии Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 25 декабр ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 декабри соли 2022, № 630