ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби тайёр кардан (омодасозӣ) ва муомилоти тамғаҳои аксизӣ ва Номгӯйи молҳои зераксизии истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ, ки бояд ҳатман тамғагузорӣ карда шаванд
Мутобиқи моддаи 295 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби тайёр кардан (омодасозӣ) ва муомилоти тамғаҳои аксизӣ ва Номгӯйи молҳои зераксизии истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ, ки бояд ҳатман тамғагузорӣ карда шаванд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади пурра ба ҳисоб гирифтани гардиши маҳсулоти зераксизӣ (маҳсулоти тамоку ва машрубот), дар ҳолати зарурӣ дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи молҳои зераксизӣ дидбонгоҳҳои назоратӣ ташкил намоянд.
3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.
4. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 2 июни соли 1997, № 253 "Дар бораи ҷорӣ намудани тамғаҳои аксиз барои маҳсулоти тамоку ва машрубот";
- аз 31 декабри соли 2003, № 583 "Дар бораи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот";
- аз 29 декабри соли 2012, № 774 "Дар бораи Номгӯи молҳои зераксизии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки ба онҳо тамғаи аксизӣ гузошта мешавад".
5. Қарори мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 декабри соли 2022, № 611