Тартиби тайёр намудан (омодасозӣ) ва муомилоти тамғаҳои аксизӣ аз 29 декабри соли 2022, № 611

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2022, № 611

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2022, № 611

Тартиби тайёр намудан (омодасозӣ) ва муомилоти тамғаҳои аксизӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби тайёр намудан (омодасозӣ) ва муомилоти тамғаҳои аксизӣ (минбаъд - Тартиб) тартиби тайёр кардан, харид ва фурӯши тамғаҳои аксизро ба муомилоти истеҳсолкунандагони маҳсулоти тамоку ва машрубот баровардани тамғаҳои аксизиро муқаррар намуда, бо мақсади пурра ба ҳисоб гирифтани истеҳсоли ин намуд молҳои зераксизӣ таҳия гардидааст.

2. Тамғаи аксизӣ ҳуҷҷати ҳисоботдиҳии қатъии дорои дараҷаи муайяни муҳофизат буда, барои баҳисобгирӣ ва назорати молҳои алоҳидаи зераксизии истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад.

3. Фурӯши молҳои зераксизии тамғагузоришаванда бе тамғаҳои аксизӣ манъ аст. Ҳангоми бе тамғаҳои аксизӣ ба фурӯш баровардани молҳои зераксизии тамғагузоришаванда, чунин молҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.

4. Истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ барои тамғагузории молҳои зераксизӣ масъул мебошанд.

5. Фармоишгари тамғаҳои аксизӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

6. Омодасозии тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот дар асоси шартнома байни фармоишгар ва омодакунандаи тамғаҳои аксизӣ бо дарназардошти дархости мақомоти фискалӣ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, хароҷоти он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.

7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаҳои аксизиро барои нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ, фурӯш ва назорат ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси борхат месупорад.

8. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаҳои аксизиро ба андозсупорандагоне мефурӯшанд, ки барои истеҳсол ва ё воридоти маҳсулоти тамоку ва машрубот иҷозатномаи дахлдор доранд.

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "29" декабря 2022 года, №611

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "29" декабря 2022 года, №611

Порядок изготовления и оборота акцизных марок

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок изготовления и оборота акцизных марок (далееПорядок) устанавливает порядок изготовления, приобретения и реализации акцизных марок производителям табачной и алкогольной продукции и разработан с целью полного учета производства этих видов подакцизных товаров.

2. Акцизная марка является документом строгой отчётности, имеющим определенную степень защиты, и выпускается в оборот Министерством финансов Республики Таджикистан для учёта и контроля отдельных подакцизных товаров отечественного производства и ввозимых товаров.

3. Реализация подлежащих маркировке подакцизных товаров без акцизных марок запрещается. При реализации подакцизных товаров, без акцизных марок, такие товары изымаются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

4. Производители и импортеры подакцизных товаров несут ответственность за маркировку подакцизных товаров.

5. Заказчиком акцизных марок является Министерство финансов Республики Таджикистан.

6. Изготовление акцизных марок на табачную и алкогольную продукцию осуществляется на основании договора между заказчиком и изготовителем акцизных марок с учетом запроса фискальных органов в пределах норм, установленных Правительством Республики Таджикистан, а его расходы уплачиваются за счет средств государственного бюджета

7. Министерство финансов Республики Таджикистан передает Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан и Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан акцизные марки для хранения, учета, реализации и контроля на основании накладной.

8. Налоговый комитет при Правительства Республики Таджикистан и Таможенная служба при Правительства Республики Таджикистан реализует акцизные марки налогоплательщикам, имеющим соответствующую лицензию на производство или импорт табачной и алкогольной продукции.

...