Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 1997, № 253 "Дар бораи ҷорӣ намудани тамғаҳои акциз барои маҳсулоти тамоку ва машрубот"

Санаи амалкуни: 31.12.2003

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қарори мазкур аз 13.02.2022 аз эътибор соқит дониста мешавад бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 611

 

Банди 3 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2001с. № 592 беэътибор дониста шуд. Банди 4 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2003с. № 583 беэътибор дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҷорӣ намудани тамғаҳои акциз барои маҳсулоти тамоку ва машрубот

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2001  № 592, аз 31.12.2003 № 583)

Бо мақсади ҳифзи бозори дохилӣ аз маҳсулоти пастсифат, танзими давлатии истеҳсол, воридот ва муомилоти маҳсулоти тамоку ва машрубот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 августи соли 1997 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби тамғазании ҳатмии маҳсулоти тамоку ва машруботи ба ҷумҳурӣ воридшаванда ва дар ҷумҳурй истеҳсолшаванда ҷорӣ ва фурӯши маҳсулоти мазкур бе чунин тамғазани манъ карда шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки тамғазании маҳсулоти номбурда тавассути тамғаҳои махсуси акцизи дорои дараҷаи ҳифз ва рақам сурат мегирад ва он ҳуҷҷати баҳисобгирии қатъӣ ҳисобида мешавад.

3. Муқаррар карда шавад, ки фурӯши тамғаҳои акцизро ба маҳсулоти воридотӣ - Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои маҳсулоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда - Бонки амонатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Тамғазании ин маҳсулотро корхонаҳои (ташкилотҳои) воридкунанда ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти мазкур амалӣ менамоянд.

Фурӯши тамғаҳои акциз ба корхонаҳои истеҳсолкунандаи машрубот танҳо дар сурати мавҷуд будани лицензия анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2001  № 592).

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки амонатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ду моҳ тартиби истифода ва фурӯши тамғаҳои акцизро таҳия ва тасдиқ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2003 № 583).

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июли соли 1997 мувофиқи дархости Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардани тамғаҳои акцизро таъмин намояд.

6. Назорати риояи тартиби муқарраршудаи фурӯши маҳсулоти тамғадор дар нуқтаҳои савдои чакана мутобиқи ҳамин қарор ба зиммаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 2 июни соли 1997 № 253

ш. Душанбе

Утратил силу пост. Правительством РТ от 29.12.2022 №611

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О ВВЕДЕНИИ АКЦИЗНЫХ МАРОК НА ТАБАЧНЫЕ ИЗДЕЛИЯ И АЛКОГОЛЬНУЮ ПРОДУКЦИЮ"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.2001г. №592, от 31.12.2003г.№583)

В целях защиты отечественного рынка от низкосортной продукции, государственного регулирования производства, завоза и оборота алкогольной продукции, табачных изделий Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Ввести с 1 августа 1997 года на территории Республики Таджикистан обязательный порядок маркировки завозимых в республику и производимых в республике табачных изделий и алкогольной продукции и запретить реализацию этих изделий и продукции без такой маркировки.

2. Установить, что маркировка указанной продукции осуществляется специальной акцизной маркой, имеющей степень защиты, номер и являющейся документом строгой отчетности.

3. Исключено (в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.01г., №№592).

4. Утратил силу (в редакции Постановления Правительства РТ №583 от 31.12.03г.)

5. Министерству финансов Республики Таджикистан в срок до 1 июля 1997 года согласно заявок Комитета пищевой и перерабатывающей промышленности при Правительстве Республики Таджикистан и Таможенного комитета при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить изготовление акцизных марок.

6. Контроль за соблюдением установленного порядка реализации в розничной торговой сети продукции, подлежащей маркировке в соответствии с настоящим постановлением, возложить на налоговые органы Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                 Э.Рахмонов

от 2 июня 1997 года, № 253

 г.Душанбе