ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, №165
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, №165 "Дар бораи тасдиқи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025" тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1) дар ном пас аз калимаи "Барномаи" калимаи "мақсадноки" илова карда шавад;
2) аз сархати панҷуми банди 21) калимаҳои "Ваҳдат-Қарамиқ (сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон)" хориҷ карда шаванд;
3) дар банди 22):
- дар сархати чорум аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархати панҷум хориҷ карда шавад;
4) дар ҷадвали 2:
- сатрҳои 2 ва 8 хориҷ карда шуда, сатрҳои 3-7 мувофиқан сатрҳои 2-6 ҳисобида шаванд;
- дар сатри ҳамагӣ рақамҳои "883,1", "4805,0", "5892,1", "3885,2", "21142,0" ва "25924,8" мувофиқан ба рақамҳои "223,1", "80,0", "507,1", "981,6", "352,0" ва "2231,2" иваз карда шаванд;
5) дар сатри ҳамагии ҷадвали 4 рақамҳои "501,7", "680,0", "1152,2", "2333,9", "2209,0", "2994,0", "5073,0" ва "10275,9" мувофиқан ба рақамҳои "286,7", "427,0", "722,5", "1436,2", "1261,5", "1878,8", "3179,0" ва "6319,2" иваз карда шаванд;
6) ҷумлаи якуми банди 53) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Хароҷоти умумӣ барои амалисозии Барнома 10 151,5 млн. сомонӣ (2307,2 млн. доллари ИМА бо қурби Бонки миллии Тоҷикистон 1 доллари ИМА= 4,4 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 25 октябри соли 2022, № 518