Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011 № 165 "Дар бораи тасдиқи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт" бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи нақлиёт ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:

1) Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокиммяти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳангоми таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ Барномаи мазкурро ба инобат гирифта, аз натиҷаи иҷрои он ҳар сол на дертар аз 5 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии Барномаи мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, дар бораи рафти иҷрои он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 апрели соли 2011 № 165

 ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Государственной целевой программы развития транспортного комплекса Республики Таджикистан до 2025 года

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О транспорте", в целях обеспечения развития транспортного комплекса и определения приоритетных направлений отрасли Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Государственную целевую программу развития транспортного комплекса Республики Таджикистан до 2025 года (прилагается).

2) Соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти областей, городов и районов республики при разработке государственных прогнозов, концепций и программ социально-экономического развития учесть данную Программу и представить информацию о ходе его выполнения в Правительство Республики Таджикистан не позднее 5 марта каждого года.

3) Министерству транспорта Республики Таджикистан разработать план мероприятий по осуществлению данной Программы и ежегодно представлять информацию о ходе его выполнения в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 1 апреля 2011 года № 165

г. Душанбе