Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 апрели соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 574 "д"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 апрели соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 574 "д"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, №105
070.170.010
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, №105 "Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои фаъолияти Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 октябри соли 2020, №574 "г" ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру иловаҳо ворид карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Идораи низоми пардохт ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои дорои хусусияти таҳририро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, идораи низоми пардохт, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону Киромиддин гузошта шавад.
...