Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 июли соли 2022, №378
Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 (минбаъд - Барнома) самтҳои асосӣ, афзалиятҳо ва вазифаҳоро дар самти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба онро барои давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.
2. Дар Барнома ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва тамоюлҳои муосири рушди хизматрасониҳои давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд.
3. Барномаи мазкур ба рушди системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, такмили қонунгузории соҳа, мукаммалсозии Барномаи электронии Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон, ташкили модулҳои корҳои заминсозӣ, барӯйхатгирии техникӣ, маълумоти кадастрӣ, харитасозӣ ва ҳифзи иттилооти Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он мусоидат менамояд.
4. Дар Барнома таъмини технологияҳои муосир дар самти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он муҳим арзёбӣ гардида, ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотӣ барои ба таври назаррас ихтисор кардани муҳлати хизматрасониҳои давлатӣ ва хароҷоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои анҷом додани амалиёти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он мусоидат менамояд.
2. ҲОЛАТИ КУНУНИИ СОҲАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА ҲУҚУҚҲО БА ОН
5. Системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он падидаи нави бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар "Равзанаи ягона" мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" (минбаъд - Қонун дар бораи бақайдгирӣ) 20 марти соли 2008 қабул гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2008, №456 Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он муайян карда шуд. Раванди гузариш ба системаи ягона вақти муайянеро дар бар гирифт.
6. Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, №88 Корхонаи воҳиди давлатии "Марказ Замин" ва корхонаҳои давлатии фаръии тобеи он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо корхонаҳои давлатии фаръии бақайдгирии техникии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар шакли муттаҳидсозӣ аз нав ташкил карда шуда, Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" бо корхонаҳои давлатии фаръӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуд.
7. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №432 "Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" давраи гузариш ба системаи мазкур аз 1 июли соли 2015 бо давомнокии 6 моҳ муқаррар гардид. Дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд, Кӯлоб ва Бохтар (ҳоло Кӯшониён) вилояти Хатлон, Ҳисор ва Рашт давраи гузариш оғоз гардид. Дар асоси қарори мазкур аз 1 январи соли 2016 системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ гардид.
8. Ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он (минбаъд - ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатӣ) дар шаҳру ноҳияҳо бо ҳуҷҷатҳои Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он (минбаъд - Феҳристи ягонаи давлатӣ) таъмин гардиданд.
9. Дар ин давра бо мақсади мутобиқ намудани Қонун дар бораи бақайдгирӣ ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сода намудани раванди анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатӣ ба Қонун дар бораи бақайдгирӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки аз 2 январи соли 2018 мавриди амал қарор гирифтанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, ки фаъолияти ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатиро танзим менамоянд, қабул карда шуда, бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шуданд.
10. Гузариш ба системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он имкон дод, ки молу мулки ғайриманқул, инчунин маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.
11. Фаъолияти ташкилоти ҷумҳуриявӣ ва ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатӣ дар ин давра тибқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шуда, дар назди ташкилотҳои мазкур масъалаи пешбурди ҳуҷҷатҳои Феҳристи ягонаи давлатӣ ба тариқи электронӣ гузошта шуд. Бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ва худмаблағгузорӣ барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон таҳия ва мавриди истифода қарор дода шуд.
12. Ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатӣ марҳила ба марҳила гузариш ба барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистонро аз моҳи апрели соли 2018 оғоз карданд. Гузариш ба ин система имконият дод, ки феҳристи электронии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он таъсис дода шуда, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он сода гардонида шавад, муҳлати бақайдгирии давлатии ҳуқуқҳо ба молу мулки ғайриманқул кӯтоҳ гардад. Барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон дар 62 ташкилоти минтақавии бақайдгирии давлатӣ пайваст карда шуд.
13. Айни замон таҷҳизоти инфрасохтори барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон ба вазифаҳои ба зиммагузошта ҷавобгӯ буда, дар ҳолати мукаммалсозӣ, зарурати баланд бардоштани имкониятҳо ва таъмини фаъолияти мунтазами он зарур аст.
14. Дар асоси ҳисоботи "Пешбурди соҳибкорӣ"-и Бонки Умумиҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ҷои 106-умро ишғол намуд. Яке аз ин нишондиҳандаҳо "Бақайдгирии моликият" мебошад, ки Тоҷикистон аз рӯи он аз мавқеи 91 дар соли 2019 14 зина боло рафта, дар соли 2020 дар зинаи 77 қарор гирифт.
15. Бо мақсади рушди соҳа, дар давраи амалисозии Барнома ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ пешбурд ва мукаммалгардонии самтҳои зерини системаи ягонаи бақайдгирии давлатиро таъмин менамоянд:
- барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон;
- феҳристи электронии барӯйхатгирии техникӣ;
- феҳристи электронии корҳои заминсозӣ;
- мукаммал намудани геопортали молу мулки ғайриманқул, ворид намудани маълумоти фазоии молу мулки ғайриманқул дар геопортал.
16. Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот" ва таъмини дастрасии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилоот аз моҳи апрели соли 2020 геопортали молу мулки ғайриманқул дар ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Дар як рӯз аз 70 то 80 маълумоти фазоии объектҳои бақайдгирифташуда ба геопортал дохил карда мешавад. Таъсиси геопортали молу мулки ғайриманқул имконият медиҳад, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба он ворид шуда, нисбат ба молу мулки ғайриманқули дар қитъаҳои замини ба он вобаста маълумоти заруриро дастрас намоянд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар давраи амалишавии Барнома геопортали молу мулки ғайриманқул ба барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон пайваст карда мешавад, ки он ҳангоми бақайдгирии молу мулки ғайриманқул маълумот ба таври автоматӣ ба геопортал ворид мегардад.
17. Аз ҷониби ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ барномаи "Бойгонии электронӣ" таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. "Бойгонии электронӣ" айни замон дар 62 ташкилоти ҳудудии бақайдгирии давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
18. Айни замон ҳамаи маълумоти бойгонии ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар шакли электронӣ мутамарказ гардонида шудааст. Дар барномаи "Бойгонии электронӣ" нусхаи ҳуҷҷатҳои парвандаҳои заминсозӣ, шиносномаҳои техникӣ, парвандаҳои бақайдгирӣ ворид карда мешаванд.
19. Барномаи "Бойгонии электронӣ" барои доду гирифти маълумоти электронӣ бо барномаи Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон пайваст буда, баъд аз анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатӣ маълумот дар "Бойгонии электронӣ" ба таври автоматӣ ворид мешавад.
20. Мутобиқи моддаи 48 Қонун дар бораи бақайдгирӣ ҳуҷҷате, ки ташкилёбӣ, тағйирёбии воқеии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, бинои истиқоматии ҷудогонаро тасдиқ менамояд, шиносномаи техникии объекти дахлдори молу мулки ғайриманқули тибқи қонунгузорӣ тартибдодашуда мебошад, нисбати бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, бинои истиқоматии ҷудогонае, ки дар натиҷаи корҳои сохтмонӣ ба вуҷуд омадааст ё тағйир ёфтааст, ҳуҷҷате мебошад, ки ба истифода қабул гардидани бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, бинои истиқоматии ҷудогонаро тасдиқ мекунад.
21. Барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул ҳангоми ташкилёбӣ ё тағйир ёфтани хусусиятҳои молу мулки ғайриманқул анҷом дода мешавад. Ҳангоми ташкилёбии молу мулки ғайриманқул шиносномаи техникӣ таҳия карда шуда, дар ҳолати тағйир ёфтани хусусиятҳои молу мулки ғайриманқул, ба шиносномаи техникӣ тағйироти ҷорӣ ворид карда мешавад.
22. Дар ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатӣ, ҳангоми тартиб додани нақшаи объектҳои молу мулки ғайриманқул дар шиносномаи техникӣ таъминоти барномавии ArchiCAD ва AutoCАD истифода мешавад.
23. Дар асоси маълумоти оморӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2020 2 млн 480 ҳазору 187 манзили истиқоматӣ ва 46 ҳазору 736 бинои ғайриистиқоматӣ мавҷуд мебошад. Дар бойгониҳои ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 баруйхатгирии техникии 1 млн 132 ҳазору 472 объект анҷом дода шудааст, ки 46 фоизи объектҳои молу мулки манқулро ташкил медиҳад.
24. Мутобиқи моддаи 47 Қонун дар бораи бақайдгирӣ яке аз ҳуҷҷатҳое, ки ҷудокунии воқеии қитъаи заминро тасдиқ менамояд, парвандаи заминсозӣ мебошад.
25. Мутобиқи моддаи 33(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозӣ", бо мақсади таъмини мутобиқати ҳуҷҷатҳо ба маълумоти ибтидоӣ, шартҳои техникӣ, инчунин талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, экспертизаи парвандаи заминсозӣ гузаронида мешавад.
26. Парвандаҳои заминсозӣ дар асоси маводи мавҷудаи нақшавӣ харитавӣ таҳия карда шуда, координатаҳои нуқтаҳои гардиши сарҳади қитъаи замин муайян карда мешавад.
27. Яке аз мақсадҳои афзалиятноки соҳа баланд бардоштани сифати дониш ва сатҳи касбии мутахассисони системаи бақайдгирии давлатӣ мебошад.
28. Шумораи умумии мутахассисони ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2021 зиёда аз 1700 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии кормандон бо ихтисоси заминсоз 484 нафар, ҳуқуқшинос 415 нафар, сохтмончӣ 276 нафар, мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ 89 нафар ва 436 нафар ихтисосҳои дигар аз ҷумла 299 нафар кормандони техникӣ ва хизматрасон кор мекунанд.
29. Бо мақсади баланд бардоштани тахассуси касбии кормандон, мунтазам курсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ дар вилояти Хатлон марказҳои таълимӣ ташкил карда шудаанд, ки бо таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
30. Яке аз шартҳои муҳими амалишавии бомуваффақияти Барнома ва фаъолияти системаи бақайдгирии давлатӣ тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо мебошад.
31. Расидан ба ҳадафҳои Барнома тавассути стандартикунонии нишондиҳандаҳои системаи бақайдгирии давлатӣ, таҳия ва татбиқи усулҳо ва воситаҳои баҳодиҳии онҳо оид ба донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла нишондиҳандаҳои хизматрасониҳои технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи якшаклии маълумоти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул мебошад.
32. Барнома такмили системаи тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон оид ба фаъолият дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ, барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул ва заминсозиро пешбинӣ менамояд.
33. Таҳияи нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳо ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо диққати бештар ба омӯзиши санадҳои қонунгузорӣ инчунин истифодаи технологияҳои муосир ва барномаҳои компютерӣ дода мешавад.
34. Бо мақсади муайян намудани тайёрии касбӣ, сатҳи дониш, самаранокии меҳнат ва иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ, кормандони ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ ҳар 3 сол аз аттестатсияи дахлдор мегузаранд.
35. Яке аз масъалаҳои рушд дар ин самт муҳайё намудани шароити меҳнат ва таъмин намудани кормандони ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ бо таҷҳизоти муосир мебошад.
36. Аз лаҳзаи ҷорӣ гардидани системаи ягонаи давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ба сохтмони биноҳои маъмурии замонавӣ, азнавсозӣ ва таъмири биноҳои маъмурии ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ диққати махсус дода мешавад.
37. Сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири биноҳои маъмурии ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Деваштич, Гулистон, Истаравшан, Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияҳои Данғара, Қубодиён, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, Дӯстӣ, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ишкошим, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Турсунзода, Тоҷикобод ба анҷом расонида шуда, тамоми шароити кории кормандон барои рушди соҳа муҳайё гардидаст. Сохтмони биноҳои маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Айнии вилояти Суғд, Кӯлоб, Хуросони вилояти Хатлон ва ноҳияи Варзоб идома дорад.
38. Барои корҳои сохтмони асосӣ, азнавсозӣ, сохтмони иловагӣ, таъмири ҷорӣ ба маблағӣ 21 млн 245 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст.
39. Ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ҷайхун, Норак, Левакант, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, Исфара, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Истиқлоли вилояти Суғд, Роштқалъа, Шуғнон, Ванҷ, Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Душанбе, Шаҳринав, Файзобод, Варзоб, Роғун, Сангвор, Лахш то ҳол дар биноҳои иҷоравӣ фаъолият менамоянд.
3. МУШКИЛОТ ДАР СОҲАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА ҲУҚУҚҲО БА ОН
40. Дар рушди соҳаи бақайдгирии давлатӣ ҳоло масъалаҳои ҳалталаб оид ба такмили қонунгузорӣ, таҳкими заминаи моддию техникии ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ, такмили бақайдгирии давлатӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои электронӣ, баланд бардоштани самаранокӣ тавассути кам кардани хароҷот ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, минбаъд кам кардани муҳлати бақайдгирии давлатӣ, ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ намудани раванди бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ҷой доранд.
41. Қонунгузории соҳа василаи танзимкунандаи ҳама ҷанбаҳои Барнома буда, дар рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он нақши муҳимро мебозад, зеро рушду пешрафти соҳа танҳо дар доираи қонунгузорӣ имконпазир аст.
42. Дар натиҷаи омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа муайян карда шуд, ки дар қонунгузории соҳа ихтилофот ҷой дорад.
43. Барои ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ намудани раванди бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, васеъ гардонидани имконоти дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот дар заминаи истифодаи технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ Қонуни бақайдгирӣ такмили минбаъдаро талаб менамояд.
44. Гузариш ба барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон ва додани иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ барои тасдиқи нотариалии аҳдҳо, агар аз як тараф раванди бақайдгирии давлатиро сода ва осон намояд, аз тарафи дигар дар шароити ҳозираи рушди технологияи иттилоотӣ ба сохтакории ҳуҷҷат ё бланкҳои қалбакӣ имконият медиҳад. Аз ин рӯ зарур аст, ки мубодилаи маълумоти электронӣ байни ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ ва идораҳои нотариалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.
45. Ҳифзи ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатӣ аз дастрасии ғайриқонунӣ ва нобудшавӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳа аст. Барои ба истифода додани барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон шабакаи корпоративӣ дар асоси технологияи муосир таъсис дода шуд. Айни замон дар барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон танҳо бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ба анҷом расонида мешавад.
46. Азбаски барномаи электронӣ дар асоси веб-технологияҳо таҳия гардида, серверҳо дар идораи марказӣ насб карда шудаанд, истифодабарандагони таъминоти барномавӣ ба воситаи веб-браузерҳо тавассути каналҳои ҳимояшаванда бо ном ва рамзи махсус пайваст мешаванд. Маълумот дар шакли рамзгузоришуда интиқол меёбад ва канали интиқоли маълумот ба шабакаҳои берунаи интернет дастрас нест (шабакаи дохилӣ истифода бурда мешавад, ки танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад). Бо мақсади бехатарӣ ва пешгирӣ намудани дастрасии ғайриқонунӣ ба маълумот, таҷҳизоти махсуси ҳифзкунанда (Firewall) насб карда шудааст. Бо дарназардошти он, ки минбаъд ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ дар заминаи барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон ба низоми доду гирифти маълумоти электронӣ дар реҷаи "онлайн" мегузаранд, барои амнияти иттилоот ва интиқоли маълумот дар шабакаҳои дохилӣ ва берунӣ таҷҳизоти муосири пуриқтидор зарур аст.
47. Яке аз масъалаҳои муҳими соҳа таъмин намудан бо харитаҳои рақамӣ мебошад, ки ба ҳалли масъалаҳои ҳудудиву маъмурӣ мусоидат мекунад. Харитаҳои рақамӣ ва намудҳои дигар харитаҳои дар шаҳру ноҳияҳо мавҷудбуда аз сабаби гуногун будани системаи координатҳо ба талабот ҷавобгӯ намебошанд. Дар ҳолати нусхабардорӣ кардани харитаҳои коғазӣ, саҳеҳии онҳо тағйир меёбад, ки онро бо барномахои компютерӣ ҳам муайян намудан имконнопазир аст. Харитаҳои рақамӣ на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мавҷуданд ва харитаҳои мавҷудаи коғазӣ истифода бурда мешаванд.
48. Аксарияти ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ бо асбобҳои геодезӣ (GPҒ, тахеометри электронӣ, ченкунакҳои лазерӣ ва дигар асбобҳои лозима) таъмин нестанд. Инчунин дар ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ шумораи ками мутахассисон бо таҷҳизоти муосири геодезӣ, технологияи СГИ (системаи геоинформатсионӣ) ва аксҳои кайҳонӣ кор карда метавонанд. Аз ин лиҳоз мутахассисон аз харитаҳои коғазии куҳна ва фарсудашуда бо миқёси 1:10000 ва 1:25000 истифода мебаранд.
49. Асос барои тайёр намудани харитаҳои коғазӣ аксҳои фазоии солҳои 80-уми асри гузашта буданд, ки корҳои азрамзбарорӣ (дешифровка), ҷобаҷогузорӣ ва ворид намудани тағйирот дар онҳо гузаронида мешуд. Чунин намуди харитаҳо барои ба танзим даровардан ва идора намудани заминҳои кишоварзӣ равона карда шуда буданд. Илова бар ин ортофотопланҳо, ки ба системаи координатаҳои WGҒ-84 пайваст мебошанд, ҳудуди шаҳру ноҳияҳоро пурра фаро намегиранд. Фарогирии чунин аксҳои кайҳонӣ (ортофотопланҳо) дар ҳудуди ҷумҳурӣ танҳо 30 фоизро дар бар мегирад, ки он ҳам аксҳои кайҳонии (ортофотопланҳо) дар солҳои 2004-2011 аксбардоришуда мебошанд.
50. Аксҳои кайҳонӣ (ортофотопланҳо), ки минбаъд асос барои таҳияи харитаҳои заминистифодабарии ҳудуди маъмурии шаҳру ноҳияҳо мешаванд, бояд дар як системаи координатӣ амалӣ карда шаванд. Системаҳои гуногуни координатҳои аксҳои кайҳонӣ (ортофотопланҳо), ки дар асоси онҳо харитаҳои заминистифодабарӣ аксҳо таҳия мегарданд, сабаби мувофиқат накардани харитаҳо бо ҳолати воқеии маҳал мешаванд, ки боиси ба миён омадани баҳсҳо байни заминистифодабарандагон мегарданд.
51. Дар ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатӣ маводи харитавии аз аксҳои кайҳонӣ (ортофотопланҳо) ва аз намудҳои дигари аксҳо таҳиягардида истифода бурда мешавад, ки онҳо аз маводи харитавии баҳисобгирии заминҳо бо истифода аз технологияҳои куҳна таҳияшуда фарқият доранд.
52. Дар ҳолати бо харитаҳои рақамӣ таъмин намудани ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатӣ имконият пайдо мешавад, ки муҳлати иҷрои корҳои заминсозӣ ва геодезӣ кӯтоҳ шуда, сифати парвандаҳои заминсозӣ беҳтар гардад ва ҳангоми интихоб ва ё ҷудо намудани қитъаҳои замин ҳолатҳои рӯи ҳам омадани маводи харитавӣ аз байн равад.
53. Мушкилоти дигари ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатӣ, ки ба фаъолияти соҳа таъсири манфӣ мерасонад, иборатанд аз:
- паст будани сатҳи касбӣ, савияи дониши назариявии баъзе кормандони масъули соҳа;
- норасоии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ;
- сатҳи пасти таъминоти моддию техникии соҳа;
- эҳтиёҷ доштани баъзе ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ ба биноҳои маъмурӣ;
- набудани алоқаи алтернативӣ дар ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ;
- набудани генераторҳо барои таъмини неруи барқ, инчунин манбаъҳои таъмини муттасили қувваи барқ (UPҒ, APҒ);
- сатҳи пасти иқтидори сервери марказӣ;
- сатҳи пасти хизматрасонии интернет;
- ба барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон пайваст набудани ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатӣ дар ноҳияҳои Ишкошим ва Кӯҳистони Мастчоҳ бо сабаби набудани шабакаи интернет дар ин ноҳияҳо;
- мавҷуд набудани харитаҳои рақамӣ ва шаклҳои дигари харитаҳо, ки ба ҳалли масъалаҳои маъмуриву ҳудудӣ мусоидат мекунанд;
- набудани модулҳои барӯйхатгирии техникӣ ва заминсозӣ дар барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон;
- барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул бо мақсади пурра ба ҳисоб гирифтани молу мулки ғайриманқул дар ҳудуди ҷумҳурӣ;
- мавҷудияти ками ортофотопланҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ;
- нарасидани мутахассисони соҳаи барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, бехатарии иттилоот дар ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ;
- кофӣ набудани донишу малакаи кормандон дар ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатӣ оид ба истифодабарии технологияи иттилоотӣ ва ҳифзи маълумоти электронӣ;
- набудани системаи мутамарказ барои мониторинги ҳолати серверҳо, шабакаҳо ва таҳлили бехатарии интиқоли маълумот;
- мавҷуд набудани веб-портали хизматрасонӣ барои дастрасии иттилоот байни ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ. 54. Барои дар оянда автоматикунонӣ ва ҷорӣ намудани намудҳои дигари хизматрасонӣ, аз қабили корҳои заминсозӣ, барӯйхатгирии техникӣ иқтидори таҷҳизоти мавҷудбуда ғайриқаноатбахш мебошад.
4. ҲАДАФҲО ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА
55. Ҳадафҳои асосии Барнома баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҳангоми бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, такмил додани самаранокии фаъолияти мақоми бақайдгирӣ бо роҳи беҳтар намудани ҷараёни корҳо, кӯтоҳ намудани муҳлати бақайдгирӣ, ташкили ҳамкориҳои иттилоотӣ байни системаи мазкур ва захираҳои иттилоотии ҷумҳурӣ, мақомоти давлатӣ, такмили феҳристи молу мулки ғайриманқул, сода кардани раванди ислоҳи хатоҳо бо усулҳои то судӣ, баланд бардоштани рушди системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва такмил додани он бо имкониятҳои технологияҳои муосири иттилоотӣ, такмили қонунгузории соҳа, баланд бардоштани сифати маълумот дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.
56. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои Барнома иҷрои вазифаҳои зерин зарур аст:
- андешидани тадбирҳо оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳа;
- мутобиқгардонии фаъолияти ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030;
- ташкили курсҳои бозомӯзии кормандон, баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва малакаи кории мутахассисони соҳа;
- беҳтар намудани сифати кори барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон ва нигоҳ доштани қобилияти кории барномаи мазкур;
- баланд бардоштани самаранокӣ тавассути зиёд кардани миқдор ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо;
- ҷорӣ намудани механизмҳои нав ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;
- такмил додани самаранокии фаъолияти мақоми бақайдгирӣ бо роҳи беҳтар намудани ҷараёни корҳо, пурра тариқи электронӣ тайёр намудани ҳуҷҷатҳо, сода намудани кори бақайдгирандагон ва шаффоф намудани раванди бақайдгирӣ;
- баланд бардоштани сифати маълумот дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ;
- бунёди заминаи моддию техникии замонавии ташкилотҳои соҳа, аз ҷумла таҷҳизонидани онҳо бо технологияҳои муосири иттилоотӣ ва серверҳои пуриқтидор;
- ташкил ва рушди низоми устувори такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон;
- таъсис додани маҳзани маълумоти геоиттилоотӣ;
- ба роҳ мондани ҷараёни доду гирифти иттилоот байни ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар реҷаи "онлайн".
5. МОНИТОРИНГ, АРЗЁБИИ БАРНОМА ВА НАТИҶАҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ ОН
57. Мониторинг ва арзёбии Барномаи мазкур мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида шуда, ҷараёни иҷрои корҳо, мушкилоти ҷойдошта ва натиҷаҳои бадастомадаро ошкор месозад.
58. Мониторинги натиҷаҳои амалисозии Барнома дар асоси нишондиҳандаҳо ва дараҷаи ноилшавӣ ба ҳадафҳо гузаронида мешавад.
59. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- раванди амалигардонии Барномаро ҳамоҳанг месозад;
- ҳар сол пас аз мониторинг оид ба ҷараёни амалигардонии Барнома ба мақомоти дахлдор маълумоти муфассал пешниҳод менамояд.
60. Барномаи мазкур ноил гардидан ба чунин натиҷаҳоро пешбинӣ менамояд:
- рушди устувори соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин мегардад;
- таҳкими Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон ва дар ин замина таҳия ва ҷорӣ намудани хизматрасонии электронӣ дар реҷаи "онлайн" ба ҳадафҳои ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд;
- сатҳи дастрасӣ ба иттилоот баланд бардошта мешавад;
- анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатӣ сода карда шуда, муҳлати хизматрасонии давлатӣ кӯтоҳ мегардад;
- мубодилаи маълумоти электронии байниидоравӣ роҳандозӣ мегардад;
- сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки соҳа беҳтар мегардад;
- заминаи моддию техникии соҳа устувор гашта, ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатӣ дар ҷумҳурӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин карда мешаванд;
- нишондиҳандаҳои иқтисодию молиявии соҳа беҳтар мегардад.
61. Амалигардонии Барномаи мазкур самараи мусбат оварда, пешбинӣ менамояд, ки системаи ягонаи давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад.
6. ДАВРАҲОИ АСОСИИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА
62. Барои ноил гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ дар навбати аввал зарур аст, ки дар давраи амалишавии Барнома чорабиниҳои мушаххас давра ба давра амалӣ карда шаванд.
63. Давраи якум солҳои 2022-2023-ро дар бар гирифта, иҷрои корҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- гузаронидани таҳлили қонунгузории амалкунанда ҷиҳати мутобиқ намудани он бо талаботи Қонун дар бораи бақайдгирӣ ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии соҳа;
- такмил додани барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон;
- сохтмон, таъмир, азнавсозӣ ва ба истифода додани биноҳои маъмурии ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои худӣ;
- аз ҳисоби маблағҳои худӣ харидорӣ намудани таҷҳизоти муосир (GPҒ, тахеометрҳои электронӣ, ченкунакҳои лазерӣ ва ғайра);
- омода намудани модулҳои феҳристи электронии парвандаҳои заминсозӣ ва шиносномаҳои техникӣ дар заминаи барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон;
- ҷорӣ намудани низоми ягонаи мутамаркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ;
- гузаронидани курсҳои омӯзишӣ бо мутахассисони ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ оид ба истифодабарии GPҒ, барномаи харитасозии ArcGIҒ, харитаҳои рақамӣ дар асоси аксҳои кайҳонӣ, таҳия намудани парвандаҳои заминсозӣ ва шиносномаҳои техникӣ бо истифода аз барномаи графикии ArchiCAD/AutoCAD;
- баланд бардоштани сифати дастрасӣ ба интернет дар маҳалҳо;
- бо харитаҳои рақамӣ таъмини минтақаҳои ҳудудии бақайдгирӣ ва маҳалҳои қитъаҳои кадастрӣ, кварталҳо.
64. Давраи дуюм солҳои 2024-2025-ро дар бар гирифта, иҷрои корҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- мубодилаи маълумоти электронӣ байни ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ ва идораҳои нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- харидорӣ намудани серверҳои муосири пуриқтидор, системаи нигоҳдорандаи маълумот ва таҷҳизот барои ҳифзи интиқоли маълумот дар шабакаи дохилӣ ва берунӣ;
- мукаммал намудани геопортали молу мулки ғайриманқул, ворид намудани маълумоти фазоии молу мулки ғайриманқул ба геопортал;
- барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқули мавҷуда дар ҷумҳурӣ.
65. Давраи сеюм соли 2026-ро дар бар гирифта, иҷрои корҳои зерин пешбинӣ мегардад:
- бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ (компютер, принтер, сканер ва ғайра);
- мутамарказгардонии маълумоти муҳосибии ташкилоти ҷумҳуриявӣ ва ташкилотҳои ҳудудии бақайдгирии давлатӣ тавассути барномаи "1С-Муҳосибот";
- омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои дигар, муайян кардани афзалият ва камбудиҳои соҳа;
- таҳияи барномаи рушди соҳа барои солҳои минбаъда;
- нашри маҷмуи санадхои меъёрии ҳуқуқии соҳа.
7. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
66. Барнома барои ҷорӣ намудани механизми муосири маблағгузорӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он шароит муҳайё мекунад.
67. Маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои худии ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ, шарикони рушд, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ (грантҳо) ва дигар манбаъҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 июли соли 2022, №378
Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022- 2026
Ниг. ба Замима