Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 прели соли 2022, № 205
Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати иҷрои Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №456 тасдиқ шудааст ва бо мақсади ҷорӣ намудани механизмҳои самараноки таъмини амнияти озуқаворӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои нигоҳдорӣ ва беҳтар намудани саломатии аҳолӣ, такмили натиҷаҳои таълимии хонандагон бо роҳи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи иҷтимоӣ ва беҳтар намудани иштироки хонандагон дар раванди таҳсилот таҳия гардидааст.
2. Ғизои мактабӣ барои рушди иҷтимоӣ, ҷисмонӣ ва зеҳнии хонандагон аҳамияти муҳим дорад, инчунин ба натиҷаҳои таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъсири мусбат мерасонад.
3. Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба амалисозии Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 ташкил шуда, фаъолият дорад.
4. Амалисозии лоиҳаи рушди ғизои мактабӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд имкон медиҳад, ки барои таҳлили равандҳои ташкили ғизои мактабӣ, аз ҷумла барқарорсозии инфрасохтор ва азнавтаҷҳизонидани қисмҳои ғизоии муассисаҳои таълимӣ, муҳайё кардани нонпазхонаҳои байнимактабӣ, сохтмони гармхонаҳои наздимактабӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисоси ошпазҳо ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ замина гузошта шавад.
5. Барнома бо дарназардошти чор самти зерини афзалиятноки рушди ғизои мактабӣ таҳия шудааст:
- такмили низоми идораи ташкили ғизои мактабӣ;
- таҷдиди заминаи моддию техникии иншооту қисмҳои ғизоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- таъмини сифат ва мутавозинии ғизои мактабӣ мувофиқи талаботи синнусолӣ ва физиологии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар истеъмоли хӯрокворӣ;
- ташаккули фарҳанги истеъмоли ғизои солим дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
2. ВАЗЪИ КУНУНИИ ҒИЗО ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
6. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими саломатии кӯдакону наврасон, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди низоми маориф, ҳифзи иҷтимоии оилаҳои камбизоат силсилаи барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо, аз ҷумла Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №102 ва Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №456 тасдиқ шудаанд, амалӣ шуда истодаанд.
7. Қабул гардидани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва кори ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноилшавии натиҷаҳои зерин мусоидат намуд:
- зиёдшавии фарогирии хонандагони синфҳои ибтидоии ҷумҳурӣ бо ғизои мактабии ройгон аз 21 фоизи соли 2014 то 45,5 фоиз дар соли 2021;
- зиёдшавии шумораи муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки дар омода намудани хӯрокворӣ витаминҳо ва микроэлементҳоро истифода мебаранд;
- зиёдшавии шумораи ошпазҳои мактабии дорои таҳсилоти касбӣ.
8. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки аз онҳо 53,4 фоиз ошхона барои ташкили ғизои мактабӣ доранд.
9. Заминаи моддию техникии ошхонаҳои мактабӣ беҳтар карда шуд. Дар қариб сеяки муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъмири асосӣ анҷом ёфта, ҷиҳозонида шуданд ва инчунин, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд. Ду нақшаи таҷрибавӣ оид ба рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, ки ба шарофати он қисмҳои ғизоии 58 муассисаи таҳсилоти умумӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосири технологӣ муҷаҳҳазонида шуданд.
10. Айни ҳол зиёда аз 22 фоиз муассисаи таҳсилоти умумӣ дорои боғҳо ва заминҳои наздимактабӣ мебошанд, ки барои беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар онҳо маҳсулоти хӯрокворӣ парвариш карда мешаванд.
11. Дар давоми солҳои 2017-2020 заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2019, №502 Тартиби хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тасдиқ гардид, ки барои танзими соҳаи ғизои мактабӣ муҳим мебошад.
12. Масъалаҳои алоқаманд бо ташкили ғизои мактабӣ ба барномаҳои такмили ихтисоси кормандон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мутахассисони мақомоти идоракунии маориф ворид карда шуданд.
13. Оид ба таҷҳизонидани иншооти истеҳсолии қисмҳои ғизоӣ, ташкили ҷойҳои кори ошпазҳо, меъёрҳои санитарию қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, шароити нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва дигар масъалаҳо, ки бо ташкили ғизои мактабӣ алоқаманданд, маҷмӯи маводи таълимию методӣ таҳия ва тасдиқ карда шудаанд.
14. Вояҳои ғизо барои мактаббачагон бо дарназардошти дастрасии маҳсулоти маҳаллӣ ва анъанаҳои миллӣ, ки ба коҳиш додани норасоии микроэлементҳои зарурӣ нигаронида шудаанд, таҳия гардиданд.
15. Мунтазам чорабиниҳо гузаронида мешаванд, ки дар доираи онҳо хонандагон ва падару модари онҳо оид ба истеъмоли ғизои дуруст ва тарзи ҳаёти солим маълумот мегиранд.
3. МУШКИЛОТИ ТАШКИЛ КАРДАНИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ
16. Рушди минбаъдаи низоми ғизои мактабӣ ҳалли мушкилоти зеринро талаб менамояд:
- ба талаботи муосир мувофиқ набудани заминаи моддию техникии ошхонаҳо ва қисмҳои ғизоии мактабӣ. Биноҳои тақрибан 28,1 фоизи ошхонаҳои муассисаи таҳсилоти умумӣ ба таъмири асосӣ, аз ҷумла барқарорсозии воҳидҳои истеҳсолӣ ва иншооти муҳандисӣ ниёз доранд. Синну соли миёнаи таҷҳизоте, ки дар қисмҳои ғизоии ошхонаҳои мактабӣ истифода мешаванд, аз 35 то 40 сола буда, агарчи сатҳи миёнаи фарсудашавии ҷисмонии чунин таҷҳизот тақрибан 85 фоизро ташкил медиҳад;
- сатҳи пасти самаранокии механизми ташкили хӯроки гарм дар муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки воҳидҳои кории ошпаз ва дигар кормандони қисмҳои ғизоӣ надоранд;
- ғизонокии паст, аз ҷумла истеъмоли ками маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, моҳӣ, сабзавот, меваҳо, нокифоягии микроэлементҳо ва витаминҳо дар ғизо;
- сатҳи пасти таъмин бо ошпазҳои соҳибихтисос ва ҳайати кормандоне, ки масъули ташкили ғизои мактабӣ мебошанд;
- душвориҳо дар таъмини назорати сифат ва риояи қоидаҳои санитарӣ ва талаботи истеҳсолӣ оид ба ташкили хӯроки умумӣ дар ошхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- набудани нуқтаҳои тиббӣ ва воҳидҳои кории кормандони тиб дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
17. Сифати ғизои мактабӣ аз дастрасии устувор ба оби тоза, қувваи барқу гармӣ ва инфрасохтори рушдкардаи нақлиётӣ вобаста мебошад. Ҳоло танҳо қариб сеяки муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дорои таъминоти устувор ба оби ошомиданӣ мебошанд. Давоми соли таҳсил мушкилоти таъмини устувор бо қувваи барқ ва гармӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот ҷой доранд. Дар баробари ин дар минтақаҳои деҳот иловатан мушкилоти дастрасии хизматҳои нақлиётиро ҳал кардан лозим аст ва инфрасохтори нақлиётӣ, ки барои расонидани саривақтии маҳсулот ба мактабҳо зарур аст, барпо карда шавад. Аз ин рӯ, мушкилоти рушди ғизои мактабӣ байнисоҳавӣ буда, барои ҳалли онҳо фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти гуногун тақозо карда мешавад.
18. Талабот ба сохтмони муассисаҳои таҳсилоти умумии иловагӣ ва зиёд кардани имконияти гузаронандагии муассисаҳои таҳсилоти мавҷуда бо роҳи рушди инфрасохтори онҳо ва бо дарназардошти зарурати бо ғизои мактабии хушсифат таъмин кардани тамоми талабагон меафзояд. Агар дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,1 миллион нафар талаба, аз ҷумла дар синфҳои ибтидоӣ 950,3 ҳазор кӯдак таҳсил мекарданд, пас дар соли хониш 2027-2028 шумораи талабагон дар маҷмуъ то ба 2,5 млн нафар мерасад, хонандагони синфҳои ибтидоӣ беш аз 1 млн нафарро ташкил мекунанд. Вобаста ба ин мушкилоти маблағгузории низоми ғизои мактабӣ дар баробари афзудани шумораи талабагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ торафт ҳассостару бошиддат мегардад.
19. Зарурати рушди маҷмӯии минбаъдаи низоми ғизои мактабӣ, таъмини самарабахшии он тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои муосири нигоҳдории ашёи хом ва омода кардани ғизои мактабӣ ва таомҳои алоҳида, беҳтар намудани заминаи моддию техникии ошхонаҳои мактабӣ ва бозомӯзии кадрҳо барои коркунӣ дар воҳидҳои хӯрокворӣ ҷой дорад.
4. ҲАДАФ, ВАЗИФА ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ МАҚСАДНОКИ БАРНОМА
20. Ҳадафҳои Барнома аз навсозӣ ва рушди низоми ғизои мактабӣ ҷиҳати таҳкими саломатии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо роҳи таъмини дастрасии ғизои босифат ва мутавозин, тавассути таҳия ва татбиқи самараноки қарорҳои технологӣ, ташкилӣ, идоракунӣ, кадрӣ ва молиявию иқтисодӣ иборат мебошанд.
21. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда вазифаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- муайян намудани сарчашмаи маблағгузории устувори низоми ғизои мактабӣ;
- барқарорсозии инфрасохтори ошхонаҳои мактабӣ, аз ҷумла таъмин бо оби тоза, қувваи барқ ва манбаъҳои гармидиҳӣ;
- ҷиҳозонидани воҳидҳои хӯроквории ошхонаҳои мактабӣ бо таҷҳизоти технологии муосир барои омодасозӣ ва расонидани ғизои мактабӣ;
- оғози омода кардан ва бозомӯзии кадрҳо, ки бевосита бо ташкили ғизои мактабӣ алоқаманд мебошанд;
- рушди механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби деҳқонони маҳаллӣ ба таҳвили озуқаворӣ ҳамчун иштирокчиёни комилҳуқуқи низоми ташкили ғизои мактабӣ.
22. Арзёбии амалишавии Барнома бо истифода аз нишондиҳандаҳои мақсадноки зерин амалӣ карда мешавад:
- дараҷаи фарогирии хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо ғизои гарм;
- ҳиссаи ошхонаҳои мактабӣ, ки бо таҷҳизоти муосири технологӣ муҷаҳҳаз шуданд;
- ҳиссаи муассисаҳои таълимии умумӣ, ки ғизои мутавозинро бо истифода аз хӯрокҳои бо витаминҳо ва микронутриентҳои ғаникардашуда таъмин мекунанд;
- ҳиссаи муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки шаклҳои нави ташкили ғизоро ҷорӣ намудаанд;
- ҳиссаи кормандони ошхонаҳои мактабӣ, ки дорои ихтисоси зарурӣ мебошанд;
- ҳиссаи роҳбарони муассисаҳои таълимии умумӣ ва омӯзгороне, ки аз курсҳои такмили ихтисос доир ба фарҳанги ғизои солим гузаштаанд;
- ҳиссаи иштироки деҳқонон ва соҳибокорони маҳаллӣ дар низоми ташкили ғизои мактабӣ.
23. Барнома ба ноил шудани чунин Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид (Ҳадафҳои Рушди Устувор), ба монанди барҳам додани гуруснагӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани ғизо ва мусоидат ба рушди устувори кишоварзӣ, таъмини тарзи ҳаёти солим ва мусоидат ба некуаҳволии ҳамагон дар ҳама синну сол, таъмини таҳсилоти босифати фарогир ва одилона ва тарвиҷи имконияти таҳсил барои ҳамагон дар тамоми давраи зиндагӣ, таъмини мавҷудият ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва беҳдоштӣ барои ҳамагон, бунёди инфрасохтори пойдор, мусоидат ба саноатикунонии фарогир ва устувор ва навовариҳо мусоидат менамояд.
24. Амалишавии Барнома имконият медиҳад:
- гузариши тадриҷан аз лоиҳаи рушди ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид, ки аз ҷониби шарикони рушд маблағгузорӣ мешавад, ба Барномаи миллии ғизои мактабӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад;
- баланд намудани самаранокии низоми ташкили ғизои мактабӣ, таъмини дастрасӣ ва фарогирии хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо хӯроки гарм;
- азнавкунӣ ва тақвияти технологии соҳа, рушди инфрасохтори истеҳсолию логистикии муосир;
- беҳтар намудани ғизои хонандагон ва афзоиши сатҳи зиндагии оилаҳо, бахусус оилаҳои камбизоат;
- паст кардани сатҳи беморшавии хонандагон, бахусус бемориҳои музмин, пурқувват намудани саломатии аҳолӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ташаккулёбии фарҳанги ғизои солим;
- таъсис додани бозори кафолатдори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи даромад дар кишоварзӣ;
- ташаккули робитаҳои устувору дарозмуҳлат байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкилотҳои омода намудани ғизои мактабӣ;
- рушди босуръати соҳаҳои алоқаманд бо коркард, интиқол, нигаҳдорӣ ва фурӯши хӯрокворӣ;
- баланд бардоштани сатҳи муҳофизат аз таҳдидҳои дохилию хориҷӣ, инчунин таъмини амнияти озуқаворӣ.
5. САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ БАРНОМАИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ
§1. Такмили низоми идораи ташкили ғизои мактабӣ
25. Фаъолият дар самти такмили низоми идораи ташкили ғизои мактабӣ ба баланд бардоштани самаранокии низоми ташкили ғизои мактабӣ, аз ҷумла заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва маблағгузории он, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, дастрасии хӯрокҳои гарм барои доираи васеъи хонандагон ва рушди неруи кадрии низоми ғизои мактабӣ нигаронида шудааст.
26. Дар рафти амалисозии самти мазкур дастгирии методии чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ташкили ғизои мактабӣ идома дода шуда, истифодаи мақсадноки маблағҳои барои амалигардонии фаъолияти Барнома ҷудошуда таъмин карда мешавад.
27. Ташаккули модели муосири идоракунии ғизои мактабӣ дар давоми марҳилаҳои иҷрои Барнома бо фарогирии чунин чорабиниҳо таъмин мегардад:
- таҳлили доимии вазъи кунунии бахши ғизои мактабӣ;
- баҳисобгирии захираҳои мавҷудбуда ва ҷалби захираҳои иловагӣ;
- банақшагирии солона, муайян кардани ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди низоми ғизои мактабӣ, тартиб додани ҷадвали амалисозии чораҳо оид ба такмили низоми ғизои мактабӣ ва маблағгузории онҳо;
- муайян намудани ваколатҳо, ҳуқуқҳо ва вазифаҳои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба амалисозии Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №456 тасдиқ шудааст, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун иштирокчиёни раванди ташкили ғизои мактабӣ;
- мубодилаи таҷриба бо минтақаҳое, ки лоиҳаҳои озмоиширо оид ба беҳтар намудани ташкили ғизои мактабӣ бомуваффақият амалӣ кардаанд;
- мониторинги ташкили ғизои мактабӣ, аз ҷумла мониторинги саломатии хонандагон, махсусан талабагони синфҳои ибтидоӣ;
- таҳлили қаноатмандии хонандагон ва волидони онҳо аз сифати ғизои мактабӣ ва дар ин асос гузоштани вазифаҳои нав.
§2. Таҷдиди заминаи моддию техникии иншоот ва қисмҳои ғизоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
28. Таъмини таҷдиди заминаи моддию техникии ошхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба фароҳам овардани шароит барои таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо хӯрокҳои хушсифати гарм бо роҳи муҷаҳҳаз намудани ошхонаҳои муассисаи таҳсилоти умумӣ бо таҷҳизоти муосири технологӣ ба роҳ монда мешаванд.
29. Амалисозии чорабиниҳо дар ин самт барои ноил шудан ба нишондиҳандаи мақсаднок, яъне ҳиссаи ошхонаҳои мактабӣ, ки бо таҷҳизоти муосири технологӣ муҷаҳҳаз шуданд, равона карда мешавад.
30. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои ташкили истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ заминҳои иловагӣ ҷудо менамоянд, ки барои ғизои мактаббачагон истифода бурда мешаванд.
§3. Таъмини сифат ва мутавозинии ғизои мактабӣ мувофиқи эҳтиёҷоту талаботи синнусолӣ ва физиологии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар истеъмоли хӯрокворӣ
31. Таъмини сифат ва мувозинати ғизои мактабӣ мувофиқи синну сол ва талаботи физиологии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҳисоби оптимизатсияи вояи ғизо, васеъ намудани намудҳои маҳсулоти хӯроквории истифодашаванда, истифодаи маҳсулоти хӯроквории бо витаминҳо ва микроэлементҳо ғанигардондашуда, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маҳсулоти ба талаботи стандартӣ, регламентҳои технологӣ ва санитарии тасдиқшуда ҷавобгӯ ба даст оварда мешаванд.
32. Барои таъмини сифат ва мутавозинии ғизои мактабӣ мувофиқи эҳтиёҷоту талаботи синнусолӣ ва физиологии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар истеъмоли хӯрокворӣ дар баробари манбаъҳои маблағгузорӣ, инчунин таъмини чорабиниҳои зерин зарур аст:
- асосноккунӣ ва интихоби усули ташкили ғизо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо назардошти хусусиятҳои маҳаллӣ (ошхонаҳои заминавӣ, ки маҳсулоти ғизо барои истеъмол истеҳсол мекунанд барои таъмини хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии хурд ё муассисаи таҳсилоти умумие, ки шароити пухтупази хӯрокро надоранд ва ошхонаҳои қабл аз пухтупаз, ки дар онҳо омода кардани ғизои мактабӣ аз маҳсулоти нимтайёр анҷом дода мешавад, дар назди як муассисаи таҳсилоти умумӣ пухтани маҳсулоти нонӣ ва пешниҳод намудани онҳо ба муассисаи таҳсилоти умумии наздик);
- таъмини таҳияи парҳезҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда, таомномаҳои намунавӣ бо дарназардошти фаслҳои сол, дастрасии маводи ғизоӣ (сабзавотҳо, меваҳо) ва миқдори зарурии маводи серғизо ва калориянокии хӯроки ҳаррӯза.
33. Таъмини сифат ва мутавозинии ғизои мактабӣ мувофиқи эҳтиёҷоту талаботи синнусолӣ ва физиологии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар истеъмоли хӯрокворӣ барои ноил шудан ба нишондиҳандаи мақсадноки зерин равона карда мешавад:
- сатҳи фарогирии хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо хӯрокҳои гарм;
- ҳиссаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки намудҳои мутавозини ғизоро дар хӯроки кӯдакон бо витаминҳо ва микроэлементҳо ғанигардонидашударо истифода мебаранд.
§4. Ташаккули фарҳанги истеъмоли ғизои солим дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
34. Фарҳанги тарзи ҳаёти солим ва истеъмоли дурусти ғизо дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тавассути кор дар самтҳои зерин ташаккул меёбад:
- гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо ҳамаи иштирокчиёни раванди таълим, ки ба гирифтани дониш дар бораи ғизои дуруст ва тарзи ҳаёти солим нигаронида шудаанд;
- мунтазам гузаронидани курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо барои омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони мақомоти маориф оид ба ташкили муосири ғизои мактабӣ ва тарғиби ғизои солим дар байни хонандагон ва падару модарони онҳо;
- ба феҳристи фанҳои таҳсилоти умумӣ дохил намудани таълими асосҳои тарзи ҳаёти солим ва ғизои дуруст;
- таҳия ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ оид ба фарҳанги тарзи ҳаёти солим ва ғизои дуруст, аз ҷумла бо ҷалби воситаҳои ахбори омма;
- дар сомонаҳои махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷойгир намудани маълумот дар бораи чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ оид ба беҳтар кардани ташкили ғизои мактабӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои марбут ба фаъолияти низоми ғизои мактабиро танзим мекунанд.
35. Ташаккули фарҳанги истеъмоли ғизои солим дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои ноил шудан ба нишондиҳандаи мақсадноки зиёдшавии шумораи иштирокчиёни раванди таҳсилот, ки ба ташаккули фарҳанги ғизои солим таълим гирифтанд, равона мегардад. Дар амалисозии ин иқдом ба чорабиниҳои зарурии иттилоотию тарбиявӣ оид ба ташаккули фарҳанги ғизои солим дар байни кормандон, мактаббачагон ва падару модарони онҳо такя карда мешавад.
§5. Такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини ғизои мактабӣ
36. Бо мақсади рушд додани соҳаи таъмини ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҳлил ва омӯзиши низоми қонунгузории соҳаи мазкур ба миён меояд.
37. Барои рушди соҳаи таъмини ғизои мактабӣ дар ҷумҳурӣ таҳия ва қабули санадҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
- тартиби ташкили ғизои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиби механизмҳои маблағгузории ғизои мактабӣ;
- таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда доир ба бехатарии ашё ва ғизо барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки ба беҳтар намудани танзими масъалаҳои таъмини бехатарии ашёи хом ва ғизои хонандагони муассисаҳои таълимӣ равона шудааст, аз ҷумла тартиб дар бораи меъёрҳои минтақавии ғизо, дастурамал оид ба таҳияи таомномаи ягона барои мактабҳои шаҳру ноҳияҳо, дастурҳо оид ба гигиенаи хӯрокворӣ, зарфҳо, таҷҳизот ва ғайра;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда ва пешбиникунандаи ворид намудани тағйирот ба стандартҳои мавҷуда оид ба беҳтар намудани заминаи моддию техникии ошхонаҳо, аз ҷумла талабот ба ошхонаҳо (тарҳкашӣ ва таҷҳизот) дастур оид ба гузаронидани арзёбии вазъи моддию техникии ошхонаҳо санади таъмири асосии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ғайра.
6. ДОИРАИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
38. Барномаи мазкур, ки низоми ғизои мактабӣ тамоми ҳудуди кишварро фаро мегирад, устувории низоми таъсисшаванда пеш аз ҳама аз ҳисоби маблағгузории буҷети давлатӣ, ҳамкории зич ва иштироки фаъолонаи бахши хусусӣ, ҷомеаи маҳаллӣ ва рушди механизмҳо оид ба худтаъминкунии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо маҳсулот, ба таври умумӣ ҳал намудани масъалаҳои моддию технологии таъмини ғизои мактабиро таъмин менамояд.
39. Дар робита ба иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 тасдиқ шудааст, харитаи талабот ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то соли 2024 дар миқёси кишвар бо инъикоси хатҳои таъминот бо об, қувваи барқу гармӣ ва нақлиёт омода мегардад, ки имкониятҳои асосноксозии талаботи шаҳру ноҳияҳои кишварро бо муассисаи таҳсилоти умумӣ ва ғизои мактабӣ афзун мегардонад.
40. Барнома асоснок кардани зарурати маблағгузории хӯроки мактаббачагон ва бо дарназардошти тамоюлҳои демографӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои алоҳида тадриҷан васеъ намудани фарогирии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ғизои мактабӣ пешбинӣ карда мешавад, таъмин менамояд.
41. Бо дарназардошти хусусиятҳои лоиҳаҳои алоҳида ва ҷойгиршавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, даромади аҳолӣ, дастрасӣ ба захираҳо, мавҷуд будани ашёи хом ва маҳсулот, мавҷуд будани инфрасохтор, мавҷудият ва масоҳати ошхонаҳо, мавҷуд будани таҷҳизот ва кадрҳо, хӯроки мактаббачагон бо моделҳои зерин ташкил карда мешавад:
- комбинатҳои ғизои мактабӣ. Модели мазкур мутамарказ тайёр кардани хӯроки гармро дар фабрикаҳои хӯроквории муассисаи таҳсилоти умумӣ бо расондани он ба муассисаҳои таҳсилоти умумии алоҳидаи дорои ошхонаҳои заминавии камтаҷҳизонидашуда дар назар дорад. Ин имконият медиҳад, ки маблағҳои буҷети давлатӣ барои аз нав таҷҳизонидани ошхонаҳои хӯроки умумӣ сарфа гардида, хароҷоти минбаъдаи нигоҳубини ошхонаҳо, инчунин назорати мутамарказ оид ба сифати маҳсулот таъмин карда шавад;
- ошхонаҳои коркарди пурраи ашё. Ташкили ғизои гарм аз омода намудани ашёи хом то тақсими хӯроки тайёр бевосита дар муассисаи таҳсилоти умумӣ амалӣ мегардад. Модели мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти умумие татбиқ карда мешавад, ки ҷой бо масоҳати кофӣ барои ҷойгир намудани тамоми таҷҳизоти муҳим, инчунин инфрасохтори асосӣ ва дастрасӣ ба ашё муҳайё аст;
- ошхонаҳои коркарди маҳсулоти нимтайёр. Тайёр кардани хӯроки гарм метавонад дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси маҳсулоти нимтайёр ба роҳ монда шавад. Модели мазкур асосан дар муассисаи таҳсилоти умумие амалӣ мегардад, ки дорои миқдори миёнаи хӯрок ва мавҷудияти ҳадди ақали иқтидорҳои истеҳсолии зарурӣ бошад. Амалисозии ин модел бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр зич алоқаманд буда, асосан барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳрҳои калон мувофиқ аст;
- буфет - ошхонаҳои тақсимкунанда, ки дастрас намудани хӯроки тайёрро пешбинӣ менамояд. Модели мазкур асосан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии хурд, ки барои мустақилона тайёр намудани ғизо имконият надоранд, амалӣ мегардад. Ҳангоми амалисозии модел бояд ба беҳтар намудани инфрасохтори нақлиёт барои расонидани хӯроки гарм диққати ҷиддӣ дода шавад.
42. Бо маҳсулоти нонпазӣ ва сабзавот таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи механизмҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
- таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо маҳсулоти нонпазӣ аз ҳисоби нонпазии марказонидашуда дар заминаи нонвойхонаи мактабӣ ё нонвойхонаи ноҳиявӣ имкон медиҳад, ки раванди истеҳсолот бо риояи тамоми талаботи санитарию гигиенӣ ва ташкили таъмини устувори кӯдакон бо нон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки имконияти қобилияти ташкили истеҳсоли нонро надоранд, дар сатҳи зарурӣ назорат карда шавад. Модели мазкур имконият медиҳад, ки барои киро кардани нонвойхонаҳои инфиродӣ ҷуброн намуда, хароҷоти таҷҳизотро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии қабулкунанда коҳиш диҳад;
- хоҷагиҳои наздимактабӣ, аз ҷумла боғҳои мактабӣ, гармхонаҳо ва заминҳои ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои ташкили истеҳсоли хӯрокворӣ ҷудошаванда, ки онҳо барои беҳтар кардани ғизои мактабӣ истифода бурда мешаванд;
- ассотсиатсияҳои фермерӣ, ки ҳамкорӣ бо онҳо имкон медиҳад иштироки деҳқонону соҳибкорони маҳаллӣ дар низоми ташкили ғизои мактабӣ васеъ гардад, ошхонаҳои мактабӣ бо маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ таъмин карда шаванд.
7. НАТИҶАҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
43. Амалигардонии самараноки Барнома ба беҳтар намудани ғизои хонандагон, афзоиши сатҳи зиндагии оилаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус оилаҳои камбизоат, баланд бардоштани сифати таълим ва хониши хонандагон, паст кардани сатҳи беморшавии хонандагон, бахусус бемориҳои музмин, таҳкими саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.
44. Дар асоси натиҷаҳои амалисозии Барнома дар тӯли шаш соли наздик барои рушди низоми ғизои мактабӣ, шароит фароҳам гардида, дастрасӣ ва сифати ғизои мактабӣ таъмин мегардад, фарҳанги истеъмоли ғизо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта мешавад, ғизои ройгон ба кӯдакони оилаҳои камбизоат ва қисман пардохт намудани маблағи ғизои мактабӣ барои оилаҳои даромади сатҳи пастдошта таъмин мегардад.
45. Амалисозии Барнома бевосита бо таъмини иҷрои нақшаҳои марҳилавии Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №456 тасдиқ шудааст, инчунин ташаккул ва инкишофи механизмҳои фарогирии мунтазами ҳамаи ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошад.
8. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ БАРНОМА
46. Мониторинг ва арзёбии Барнома аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
47. Мониторинг ва арзёбии Барнома мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон>> гузаронида мешавад.
9. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
48. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби манбаъҳои молиявии зерин амалӣ карда мешавад:
- маблағҳои буҷети давлатии барои соҳа пешбинишуда;
- маблағҳои грантии созмонҳо ва фондҳои байналмилалӣ;
- манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
49. Самаранокии низоми ғизои мактабӣ тавассути таҳия ва амалисозии механизмҳои муосири маблағгузорӣ таъмин карда мешавад.
50. Барнома дар ҳамоҳангӣ бо Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.
51. Меъёрҳои ғизои мактабӣ дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва шарикони рушд таъмин мегардад. Индексатсияи ҳамасола, инчунин тадриҷан зиёд намудани ҳиссаи маблағҳои буҷетӣ дар доираи имкониятҳои молиявӣ бо мақсади ташаккули низоми устувори ғизои мактабӣ мунтазам ба роҳ монда мешавад.
52. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар рафти амалисозии Барнома хонандагони синфҳои 1-4 бо хӯроки мактабӣ таъмин карда мешаванд.
53. Дар соли аввали амалисозии Барнома дар 42 муассисаи давлатии таҳсилоти умумии таҷрибавӣ дар 24 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Норак, Роғун, Ҳисор, Шуғнон, Рӯшон, Ёвон, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Данғара, Шамсиддин Шоҳин, Восеъ, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Ашт, Айнӣ, Мастчоҳ, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш) хӯроки мактабӣ барои 15400 хонандагони синфҳои 1-4 ба маблағи 5,5 млн сомонӣ (бо меъёри 2,1 сомонӣ ба як хонанда) таъмин карда мешавад.
54. Маблағгузории ғизои мактабӣ барои муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумии дорои ошхонаҳои мактабии ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ амалӣ карда мешавад.
55. Ҳангоми баҳодиҳии ҳаҷми зарурии дастгирии молиявии буҷети давлатӣ инҳо ба таври илова ба назар гирифта шуданд:
- маблағгузории солонаи 34,0 млн сомонӣ дар доираи лоиҳаи рушди ғизои мактабӣ аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид барои хӯроки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- маблағҳои ҷудокардаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар як сол ба маблағи 7,5 млн сомонӣ;
- маблағҳои падару модарон (хайрияҳо) дар як сол ба маблағи 1,4 млн сомонӣ.
56. Маблағҳои аз буҷети давлатӣ барои ғизои мактабӣ ҷудошуда танҳо ба муассисаҳои таълимии давлатие дода мешаванд, ки ошхонаҳои мактабӣ, инчунин ошпазҳо ва дигар кормандони барои ташкили ғизои зарурӣ доранд. Барои ташкили ғизои мактабӣ дар дигар муассисаҳои таълимии давлатӣ ошхонаҳои муассисаи таҳсилоти умумиро таъмир ва ҷиҳозонидан зарур аст.
57. Барои таъмир ва муҷаҳҳазгардонии ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ маблағгузории мақсаднок на камтар аз 672 млн сомониро талаб менамояд.
58. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ барои расидан ба нишондиҳандаҳои пешбинишудаи Барнома ҳамасола дар ҷараёни амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои он бо дарназардошти гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии он, инчунин аз имкониятҳои объективии буҷети давлатӣ дақиқ карда мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 прели соли 2022, № 205
Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027
Ниг. ба Замима