Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 № 102 "Дар бораи Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмин намудани саломатии кӯдакони синни мактабӣ тавассути беҳтар намудани ғизои онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи Буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, барои амалӣ намудани Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешад.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 15 декабр аз ҷараёни иҷрои Консепсияи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 феврали соли 2015 № 102

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Концепции улучшения школьного питания в общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и с целью обеспечения здоровья детей школьного возраста посредством улучшения их питания в общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Концепцию улучшения школьного питания в общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан (прилагается).

2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти в рамках ежегодно предусматриваемых средств Государственного бюджета и за счёт других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, принять необходимые меры по выполнению Концепции улучшения школьного питания в общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан.

3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан ежегодно до 15 декабря информировать Правительство Республики Таджикистан о ходе выполнения настоящей Концепции.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                           Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 28 февраля 2015 года, № 102