Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, № 526 "Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

 

Мутобиқи моддаи 17 Конуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор мекунад:

1. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалӣ намудани Стратегияи мазкур чораҷӯӣ намоянд.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалишавии Стратегияи мазкур тадбирҳои мушаххас андешида, хар сол то 15 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои иҷрошуда ҳисобот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 29 сентябри соли 2020 № 526

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Национальной стратегии развития образования Республики Таджикистан на период до 2030 года

В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Национальную стратегию развития образования Республики Таджикистан на период до 2030 года (прилагается).

2. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов принять меры в рамках предусмотренных государственных бюджетных средств, специальных фондов и других средств, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, для реализации настоящей Стратегии.

3. Министерству образования и науки Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами предпринять конкретные меры для реализации настоящей Стратегии и ежегодно до 15 февраля представлять Правительству Республики Таджикистан отчеты о выполненных работах.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 29 сентября 2020 года, №526