Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмин намудани шароит барои нигаҳдорию пурзӯр намудани саломатӣ ва такмили натиҷаҳои таълимии хонандагон бо роҳи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, барои амалӣ намудани Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027 чораҳои зарурӣ андешад;
- оид ба натиҷаҳои амалисозии Стратегияи мазкур ҳамасола то 15 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 сентябри соли 2017 № 456
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Стратегии устойчивого развития школьного питания Республике Таджикистан на период до 2027 года
В соответствии со статьей 17 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и с целью обеспечения условий для сохранения и укрепления здоровья н совершенствования образовательных результатов учащихся через устойчивое развитие школьного питания в Республике Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Стратегию устойчивого развития школьного питания в Республике Таджикистан на период до 2027 года (прилагается).
2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан:
- совместно с другими соответствующими министерствами и ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти в рамках ежегодно предусмотренных средств государственного бюджета и за счёт других источников, не запрещённых законодательством Республики Таджикистан, принимать необходимые меры по реализацию Стратегии устойчивого развития школьного питания в Республике Таджикистан на период до 2027 года;
- представлять в Правительство Республики Таджикистан ежегодно до 15 декабря отчет о результатах реализации данной Стратегии.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 29 сентября 2017 года, №456