Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 662 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016"

Санаи амалкуни: 01.07.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2014 № 422)

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи асппарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои "Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016" дар рафти таҳияи буҷет дар давраи солҳои 2010-2016 ба  Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Асппарвар" ҳар сол ба маблағӣ 250 ҳазор сомонӣ пешбинӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2014 № 422).

3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал аз рафти корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 декабри соли 2008 № 662

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Программы развития отрасли коневодства в Республике Таджикистан на 2009-2016 годы

(в редакции Постановления Правительства РТ от 01.07.2014г.№422)

В соответствии со статей 8 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" и в целях дальнейшего развития отрасли коневодства Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемую Программу развития отрасли коневодства в Республике Таджикистан на 2009-2016 годы.

2. Министерство финансов Республики Таджикистан совместно с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан с целью обеспечения "Программы развития отрасли коневодства в Республике Таджикистан на 2009-2016 годы" в ходе разработки бюджета на 2010-2016 годы предусмотреть ежегодно по 250 тысяч сомони Государственному унитарному республиканскому предприятию "Асппарвар" (в редакции Постановления Правительства РТ от 01.07.2014г.№422) .

3. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов принять все необходимые меры для успешной реализации Программы развития отрасли коневодства в Республике Таджикистан на период 2009-2016 годы и ежегодно до 1 февраля представлять информацию о проделанных работах в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                             Эмомали Рахмон

от 31 декабря 2008 года, №662

ш. Душанбе