Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2014 № 422 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 662"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 662

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 662 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016" калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба воридот, захира ва фурӯши чорвои зотӣ, парранда, моҳӣ, занбӯри асал ва харгӯш "Дафтари зотпарварии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Асппарвар" иваз карда шаванд.

2. Дар банди 1 боби 5 Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 662 тасдиқ шудааст, калимаҳои "аз дигар ҷумҳуриҳо" ба калимаҳои "аз дохили ҷумҳурӣ" иваз карда шуда, боби 6 Барнома хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 июли соли 2014 № 422

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года, №662

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года, №662 "Об утверждении Программы развития отрасли коневодства в Республике Таджикистан на 2009-2016 годы" слова "Государственному унитарному республиканскому предприятию по завозу, заготовке и реализации племенного скота, птиц, рыб, пчел и кроликов "Таджикплемживконтора" заменить словами "Государственному унитарному республиканскому предприятию "Асппарвар".

2. В пункте 1 главы 5 Программы развития отрасли коневодства в Республике Таджикистан на 2009-2016 годы, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года, №662 слова "из других республики" заменить словами "изнутри республики" и главу 6 Программы исключить.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                            Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 1 июля 2014 года, №422