Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2022, № 122 "Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ доранд, ҷихати амалӣ намудани Низомномаи мазкур тадбирҳо андешанд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009, №300 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 марти соли 2022, № 122

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Типовом положении образовательного учреждения начального профессионального образования Республики Таджикистан

    В соответствии со статьей 10 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

  1. Утвердить Типовое положение образовательного учреждения начального профессионального образования Республики Таджикистан (прилагается).

    2. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан и другим министерствам и ведомствам, имеющих в своей
структуре образовательные учреждения начального профессионального образования, принять меры по реализации настоящего Положения.

    3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 мая 2009 года, №300 "Об утверждении Типового положения об учреждении начального профессионального образования Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 28 марта 2022 года, №122