аз 1 июли соли 2025 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024
№ 653 аз эътибор соқит дониста мешавад
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2022, № 122
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2022, № 122
тасдиқ шудааст
Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) тартиби таъсис, барҳамдиҳӣ, вазифаҳо, сохтор, фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, молиявӣ ва идоракунии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян мекунад.
2. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо мақсади тайёр намудани кадрҳои ихтисосманди коргарӣ аз рӯи тамоми самтҳои фаъолияти фоиданок тибқи номгӯи касбҳои (ихтисосҳои) тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
3. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аз қайди давлатӣ мегузарад.
4. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш, таъсисёфта ҳисобида мешавад.
5. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии ғайридавлатӣ чун қисми таркибии зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
6. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ ҳуқуқи молу мулкии худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдорӣ менамояд.
...