ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2001, №458
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 52 ва 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2001, №458 "Дар бораи таъсиси Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 1 калимаи "Низомномаи" ба калимаи "Оинномаи" иваз карда шавад;
- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Вазорати молия ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ ҷиҳати таъмини саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои шарикони рушд маблағгузорӣ карда мешаванд ва ба зиммаи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо вогузор мегарданд, чораҳои зарурӣ андешад.";
- сархати якуми банди 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- дар мувофиқа бо вазоратҳои нақлиёт ва молия сметаи хароҷот барои нигоҳдории Марказро таҳия намуда, басти вазифаҳо ва музди меҳнати кормандони онро тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, №119 "Оид ба муқаррар намудани меъёри ягонаи ниҳоии музди меҳнати кормандони Марказҳои (гурӯҳҳои) татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ шуда истодаанд" тасдиқ намояд;";
- замимаи қарори мазкур дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 феврали соли 2022, № 74
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 октября 2001 года, №458
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьями 52 и 53 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 октября 2001 года, №458 "О создании Центра реализации проектов реабилитации дорог" следующие изменения:
- в пункте 1 слова "Положение об указанном Центре" заменить словами "его Устав";
- пункт 2 изложить в следующей редакции:
"2. Министерству финансов при разработке проекта государственного бюджета принимать необходимые меры по обеспечению вклада Правительства Республики Таджикистан в совместные инвестиционные проекты, финансируемые за счет средств партнеров по развитию и возлагаемые на Центр реализации проектов реабилитации дорог.";
- абзац первый пункта 5 изложить в следующей редакции:
"- по согласованию с министерствами транспорта и финансов разработать смету расходов на содержание Центра, утвердить штатное расписание и заработную плату его сотрудников согласно положениям постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 марта 2003 года, №119 "Об установлении единых предельных ставок оплаты труда работников Центров (групп) реализации инвестиционных проектов, осуществляемых Правительством Республики Таджикистан совместно с международными финансовыми организациями;";
- утвердить приложение настоящего редакции (прилагается).
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 26 февраля 2022 года, №74