Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021, № 298 "Дар бораи Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2013, № 1402 "Дар бораи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Маблағгузории Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда амалӣ карда шавад.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигар, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, пардохти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба донишҷӯён тибқи низомномаи мазкур аз 1 сентябри соли 2021 ба роҳ монанд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 203 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

 аз 30 июли соли 2021, № 298

ш. Душанбе