Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июли соли 2021, №298
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июли соли 2021, №298
Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдНизомнома) тартиби таъин ва пардохти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Стипендия) муайян менамояд.
2. Стипендия ба донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар давраи таҳсил ва фаъолияти таълимӣ ва илмӣ дастовардҳои назаррас доранд ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, таъин карда мешавад.
3. Андозаи Стипендия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. ТАРТИБИ ТАЪИН НАМУДАНИ СТИПЕНДИЯ
4. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки нақша ва барномаҳои таълимиро бо натиҷаҳои баланд (дар шакли баҳогузории аъло (A, А-) ҷамъбаст менамоянд, дар маҳфилҳои фаннӣ, таҳқиқоти илмӣ - инноватсионӣ, чорабиниҳои таълимӣ, илмӣ ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, довталабони Стипендия шуда метавонанд.
5. Стипендия барои як соли таҳсил (аз 1 сентябр то 30 июн) таъин карда мешавад.
6. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ рӯйхати довталабонро барои таъин намудани Стипендия аз ҳисоби донишҷӯёни аълохон бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зерин ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10 август пешниҳод менамояд:
- нусха аз қарори шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
...