Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2013, № 1402 "Дар бораи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Бо назардошти зиёд шудани миқдори муассисаҳои таҳсилотӣ олии касбӣ ва афзоиши шумораи донишҷӯён дар онҳо, шумораи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 адад муайян карда шуда, он тибқи тартиби муқарраргардида ба донишҷӯёне, ки танҳо баҳои аъло дошта, дар таҳқиқотҳои илмии инноватсионӣ, чорабиниҳои илмӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъин карда шавад.

2. Андозаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 525 сомонӣ дар як моҳ мукаррар карда шавад.

3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ"-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ро ба вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои давлати таҳсилоти олии касбӣ дорад ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ мутахассисон тайёр менамоянд, тақсим намояд.

5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1996, №609 "Дар бораи таъсис додани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барон донишҷӯёни мактабҳои олӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

 28 январи соли 2013, № 1402