Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 январи соли 2006 № 62
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои аз ҷониби Агентии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ карданро доранд
I. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои мазкур мувофиқи талаботи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" таҳия гардида, фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ барои расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта (минбаъд - шаҳрвандони бекор), ки хоҳиш фаъолияти соҳибкорӣ карданро доранд ба танзим медароранд
2. Кӯмаки молиявӣ - маблағест, ки барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ба шаҳрвандони бекори дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ буда барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва бо шарти баргардонидани ин маблағ дода мешавад
Маблағҳои бозгаштшудаи кӯмаки молиявӣ, ки аз ҳисоби Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои рушди фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор дода шудаанд, дар суратҳисоби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар гардиш боқӣ монда, барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба дигар шаҳрвандони бекор тибқи Қоидаҳои мазкур истифода бурда мешаванд
3. Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор дар доираи хароҷоте, ки барои татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ равона мегарданд, маблағ пешбинӣ ва истифода менамоянд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати таъмини худиштиғолии аҳолӣ, ташкили сиёсати фаъол дар бозори меҳнат ва эҳёи фаъолияти соҳибкорӣ дар байни шаҳрвандони бекор аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла грантҳо, барномаҳои сармоявӣ, сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ба ин самти фаъолият воситаҳои молиявиро ҷалб намояд
II. Тартиби расонидани хизматҳои машваратӣ
4. Аз тарафи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани бекороне, ки мақсади ба соҳибкорӣ машғул шуданро доранд, хизматҳои машваратии зерин расонида мешаванд
- машварати ҳуқуқӣ; - дастгирии равонӣ (психологӣ);
- маслиҳат оид ба роҳҳои ташкили соҳибкорӣ;

хориҷ карда шуд
- пешниҳоди маълумот оид ба дигар мақомоте, ки бо масъалаҳои инкишофи соҳибкорӣ ва омӯзиш дар асоси иқтисоди бозоргонӣ, аз рӯи ихтисосҳое, ки барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ заруранд, машғул мебошанд;
- шиносоӣ бо тартиб ва шартҳои омӯзиши фаъолияти соҳибкорӣ, таҳия намудани асосҳои техникию иқтисодӣ, тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои ба қайдгирӣ ҳамчун соҳибкори фардӣ.
5. Хизматҳои машваратӣ аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ тавассути ташкили семинарҳо, тренингҳо, мизҳои мудаввар, маслиҳатдиҳӣ ва дигар чорабиниҳо сурат мегирад
6. Хизмати машваратӣ дар асоси муроҷиати шахси бекор ё кордиҳанда аз тарафи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ расонида мешавад.
III. Қоидаи расонидани кумаки молиявӣ ба бекорон
7. Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки ба синни 18 - солагӣ расидаанд, ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд ва қобилияту хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ карданро доранд, кӯмаки молиявӣ мерасонанд
8. Кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолии маҳалли зист расонида мешавад.
9. Барои гирифтани кӯмаки молиявӣ шаҳрванди бекори дар қайд буда, ки корро ҷустуҷӯ менамояд, бояд ба мақомоти давлатии шуғли аҳолиии маҳалли зист ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
- аризаи шаҳрванд ба унвони роҳбари мақомоти давлатии шуғли аҳолии маҳалли зист (Замимаи 1);
- нақшаи тиҷоратӣ (Замимаи 2);
- маълумот оид ба даромади умумии оила;
- асоси техникию иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ;
- шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
- маълумотнома (эъломия) аз мақомоти андоз оид ба амвол ва даромад
10. Дар ҳолати аз меъёри муайяншуда зиёдтар ворид гардидани дархост оид ба гирифтани кӯмаки молиявӣ мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ метавонад озмун ташкил намояд
11. Шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ асосҳои фаъолияти соҳибкориро бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ омӯхтаанд ё аз оилаҳои камбизоат мебошанд, ҳуқуқи афзалиятноки гирифтани кӯмаки молиявиро доранд
12. Бо шаҳрванди бекоре, ки ба ӯ кӯмаки молиявӣ расонида мешавад, мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ шартномаи қарздиҳӣ мебандад (намунаи 3), ки дар он ӯҳдадориҳои тарафайн, ҳаҷми кӯмаки молиявӣ мӯҳлат ва тартиби баргардонидани он нишон дода мешавад
13. Бо мақсади таъмини бозгашти кӯмаки молиявӣ мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо шаҳрванди бекори қарзгиранда шартномаи гаравӣ (намунаи 4) ва ё дигар намуди шартнома мебандад. Арзиши аслии молу амволи ба гарав мондашаванда бояд аз ҳаҷми кумаки молиявӣ 2 баробар зиёд бошад
14 Дар ҳолати аз ҷониби шаҳрванди бекор ғайримақсаднок истифода бурдани маблағ, мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузорӣ пеш аз мӯҳлат шартномаи қарзиро бекор намуда, дар ҳаҷми пурра маблағҳои додашударо меситонад
15.Барои таъмини иҷрои ӯҳдадории шаҳрванд ҷиҳати сари вақт баргардонидани кӯмаки молиявӣ мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ метавонад мувофиқи қонунгузорӣ дар шартномаи қарзӣ ҷарима муқаррар намоянд, ки он низ барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор истифода мешаванд (
16. Ҳаҷм ва мӯҳлати баргардонидани кӯмаки молиявӣ аз рӯи нишондодҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
-барои фаъолияти тиҷоратӣ, дар ҳаҷми то 110 нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо, ба мӯҳлати то як сол
-барои фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар ҳаҷми то 140 нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳоба мӯҳлати то як сол
-барои фаъолияти истеҳсолӣ дар ҳаҷми то 190 нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳоба мӯҳлати то як солу шаш моҳ
17. Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо мақсади муайян намудани қобилияти ҳаёти фаъолияти соҳибкорӣ баҳодиҳии аввалаи нақшаи тиҷоратиро мегузаронад
18. Ба шаҳрвандони бекоре, ки аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст, маротибаи дуввум кӯмаки молиявӣ расонида намешавад
19. Дар ҳолатҳои фавқулодда (форс-мажор) (хушксолӣ, боришоти аз ҳад зиёд, обхезӣ, заминларза, бемориҳои сирояткунандаи чорво ва паррандагон) шаҳрвандони бекоре, ки барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ кӯмаки молиявӣ гирифтаанд, дар вақги дидани зарар бояд худашон ва ё аъзои оилаи онҳо ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати тамдиди мӯҳлати баргардонидани кӯмаки молиявӣ расман муроҷиат намоянд. Дар ин ҳолат, шаҳрванди бекори кӯмаки молиявӣ гирифта, бояд маълумотнома ва ё санади тартибдодаи мақомоти дахлдореро, ки бевосита ба муайян намудани зарари расида сару кор доранд, ба мақомоти маҳаллии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират пешниҳод намояд
20. Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар асоси ариза ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолати фавқулодда бо дархост ба дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират муроҷиат мекунад
21. Дастгоҳи марказии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ баъди санҷиши ҳамаҷонибаи ҳолати фавқулодда дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати баргардонидани кӯмаки молиявии додашударо тамдид менамояд
22. Мӯҳлати бозгашти кӯмаки молиявӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (форс-мажор) бе таъин намудани ҷарима ва пушаймона (пеня) дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати як сол тамдид карда мешавад
IV. Масъалаҳои ташкилӣ
23. Дар сурати фавти шаҳрванде, ки аз мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ кӯмаки молиявӣ гирифтааст, баргардонидани қарз тибқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вориси ҳуқуқии ӯ вогузор карда мешавад
24. Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ мӯҳлати бозгашти маблағи дар банди 23 пешбинишударо ба 3 сол бе таъин намудани ҷарима ва пушаймона (пеня) тамдид менамояд.
25. Ҷиҳати тамдид намудани мӯҳлати бозгашти кӯмаки молиявӣ вориси шаҳрванди фавтида бояд ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар маҳал бо пешниҳоди ариза ва хатти вафоти шахси фавтида муроҷиат намояд.
26. Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар маҳал ҷиҳати тамдид намудани мӯҳлати бозгашти кӯмаки молиявӣ ҳуҷҷатҳои дар банди 25 зикргардида ва ҳуҷҷатҳоеро, ки дар асоси он ба шаҳрванди бекор кӯмаки молиявӣ расонида шуда буд, ба дастгоҳи марказии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ барои баррасӣ ирсол менамояд. Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҷиҳати тамдид намудани мӯҳлати бозгашти кӯмаки молиявии ба шаҳрванди фавтида додашуда, дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамояд
27. мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар байни шаҳрвандони бекор дар мавриди шартҳои дарёфти кӯмаки молиявӣ мунтазам чорабиниҳои ташвиқотӣ мегузаронанд(
28. Хадамоти давлатии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол як маротиба мониторинги иҷрои чорабиниҳои Қоидаи мазкурро мегузаронад.
Замимаи 1- 3