Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 "Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигар ҷиҳати амалисозии қарори мазкур чораҳои дахлдор андешида, фарҳанги имло, дастурҳои методӣ, таълимӣ, асарҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо риояи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ ба нашр расонанд.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ амалӣ намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ чораҳои зарурӣ андешад.

4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикиро таблиғ намояд.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 июни соли 2021, № 268

ш. Душанбе