Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли таҳсили 2011-2012 барои дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ҷори намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тадбирҳо андешад .
3) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, нашри фарҳанги имло, дастурҳои таълимӣ, асарҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва ҳамчунин асноди меъёриро бо дарназардошти Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ монад .
4) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи барномаҳои махсус Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро таблиғ намояд.
5) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори мазкур дар доираи маблағҳои дар буҷет пешбинишуда чораҳои зарурӣ андешанд .
6) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998, №355 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 октябри соли 2011 № 458
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Правил орфографии таджикского языка
(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)
В соответствии со статьей 3 Закона Республики Таджикистан "О государственном языке Республики Таджикистан" и статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Правила орфографии таджикского языка (прилагается).
2) Министерству образования и науки Республики Таджикистан в 2011-2012 годах принять необходимые меры по внедрению Правил орфографии таджикского языка в средних общеобразовательных учреждениях, учреждениях начального профессионального образования, средне-профессионального и высшего профессионального образования
3) Комитету по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Министерством образования и науки Республики Таджикистан, Министерством культуры Республики Таджикистан, Академией наук Республики Таджикистан и другими соответствующими министерствами и ведомствами принять меры по изданию орфографического словаря, методических и учебных пособий, художественной литературы, газет и журналов, а также нормативных документов с учётом Правил орфографии таджикского языка
4) Комитету по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан посредством специальных программ осуществлять пропаганду Правил орфографии таджикского языка.
5) Комитету по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан, Министерству образования и науки Республики Таджикистан, Министерству культуры Республики Таджикистан и Академии наук Республики Таджикистан принять необходимые меры для реализации данного постановления за счёт средств, предусмотренных в бюджете
6) Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 сентября 1998 года, №355 "О внесении изменений и дополнений в Правила орфографии современного литературного таджикского языка".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 4 октября 2011 года №458
г. Душанбе
(Правила приводятся на тадж.яз.)