Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз 30 июни соли 2021, № 268

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи №1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2021, № 268

ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

1. АЛИФБО, ТАРТИБ ВА НОМИ ҲАРФҲО

1. Алифбои забони тоҷикӣ 35 ҳарф дорад:

Аа Бб Вв Гг Ғғ Дд Ее Ёё Жж Зз Ии Ӣӣ

а бе ве ге ғе де йэ йо же зе и ӣ

Йй Кк Ққ Лл Мм Нн Оо Пп Рр Сс Тт Уу

йот ка қе ле ме не о пе ре се те у

ӯӯ Фф Хх Ҳҳ Чч Ҷҷ Шш Ъъ Ээ Юю Яя

ӯ фе хе ҳе че ҷе ше сакта э йу йа

2. ИМЛОИ САДОНОКҲО

2. Ҳарфҳои а, о дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд: абр, баҳор, замон, хона, дара, об, овоз, бол, бод, доро, тавоно ва ғайра.

Эзоҳ. Дар калимаҳое, ки бо садонокҳои а ва о анҷом меёбанд, ҳангоми калимасозӣ пасванди -ӣ (-гӣ, -вӣ) чунин навишта мешаванд:

- агар калима бо садоноки а (ё йотбарсари я) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди -гӣ (-вӣ) навишта мешавад: хонагӣ, бачагӣ, оворагӣ, бечорагӣ, нокорагӣ, дилбастагӣ, бандагӣ, хастагӣ, даниягӣ, соягӣ, ҳамсоягӣ, алоҳидагӣ, дусолагӣ, дуҳуҷрагӣ, барномавӣ, садамавӣ, мафкуравӣ, оммавӣ, операвӣ ва ғайра;

- агар калима бо садоноки о (ё йотбарсари ё) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди навишта мешавад: доноӣ, дороӣ, ошноӣ, тавоноӣ, дилрабоӣ, овоӣ, ёбоӣ, зебоӣ, бобоӣ, устоӣ, дарёӣ, зиёӣ ва ғайра.

3. Ҳарфҳои у ва ӯ дар мавридҳои зерин навишта мешаванд:

1) ҳарфи у дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- барои ифодаи овози у-и ноустувор: булбул, буз, бузург, шутур, сурх, умед, усто, устувор, устухон, хушк ва ғайра;

- дар ҳиҷои аввали калимаҳои тоҷикӣ пеш аз ҳарфи ҳ: Суҳроб, нуҳ, куҳна//куҳан, гуҳар, муҳр, муҳра ва ғайра;

- дар калимаҳои иқтибосии арабӣ: таваҷҷуҳ, таҷаммуъ, таматтуъ, тарашшуҳ, тазарруъ, таваққуъ, табарруъ, муҳтарам, муҳлат, шуъба, шуъла, муъмин, суҳбат, уҳда ва ғайра;

- барои ифодаи овози у-и устувор: бумӣ, дуд, дур, хуб, зуд, гуна, зону, андӯҳ ва ғайра;

2) ҳарфи ӯ дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- барои ифодаи овози ӯ-и устувори дароз: кӯҳ, рӯз, гӯш, рӯд, дӯст, пӯст ва ғайра;

- дар ҳиҷои дуюми калимаҳои навъи фурӯғ, дурӯғ, гурӯҳ, шукӯҳ, афрӯз ва ғайра;

- дар калимаҳое, ки таърихан дар решаашон ҳамсадои й доранд: рӯй, сӯй, ҷӯй, шӯй, бӯй, мӯй ва ғайра.

4. Ҳарфҳои и ва ӣ дар мавридҳои зерин навишта мешаванд:

1) ҳарфи и дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- барои ифодаи овози и-и ноустувор: дил, китоб, шитоб, нигоҳ, нигор ва ғайра;

- барои ифодаи бандаки изофӣ: кишвари сарсабз, шаҳрванди Тоҷикистон, сари кӯҳи баланд ва ғайра;

- дар анҷоми пешояндҳо меояд: барои, баъди, дар бораи, бо мақсади ва ғайра;

- дар охири пайвандакҳо меояд: ки, чи (чи...чи), чунки, агарчи, азбаски, ё ин ки, ба сабаби он ки, бинобар он ки ва ғайра;

- дар охири ҷонишинҳо меояд: ҳар ки, ҳар чи ва ғайра;

- дар исмҳои хосе, ки иқтибосианд: Леонардо да Винчи, Индира Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Батуми, Миссисипи ва ғайра;

- барои ифодаи овози и-и устувор: тир, шир, пир, дид, дин, оин, низ, миз ва ғайра;

2) ҳарфи ӣ дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- дар охири калима барои ифодаи овози и-и устувори дароз: моҳӣ, шоҳӣ, шолӣ, биҳӣ, сӣ, бародарӣ, далерӣ, таксӣ, туфлӣ ва ғайра;

- дар бандакҳои феълӣ ва хабарӣ: (ту) омадӣ, (ту) гуфтӣ, (ту) гуфтаӣ, (ту) ҳунармандӣ ва ғайра;

- дар ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ?: кӣ омад? чӣ шуд? ва ғайра.

Эзоҳ. Дар мавриди калимаву иборасозӣ овози ӣ бо и навишта мешавад: моҳӣ - моҳиҳо, моҳиён, моҳигир, моҳии бирён, моҳиро бо шаст гирифтан; кӣ? - киҳо?, кист?, киро?, киям?; ободӣ - ободии кишвар; сӣ - сиюм, сисола; шолӣ - шоливу гандум ва ғайра.

5. Ҳарфи э дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- дар оғози калимаҳои тоҷикӣ: Эраҷ, Эзид, Эрон, эдун, эдар ва ғайра;

- дар оғоз, байн ва анҷоми баъзе аз калимаҳои иқтибосӣ: эҷод, эзоҳ, эҳсон, эҳтиром, элак, эрка, эстрада, экватор, экскаватор, дуэт, дуэл, Буэнос-Айрес, Бэкон, Бодуэн де Куртенэ, Улан-Удэ ва ғайра;

- агар калима бо ҳарфи э оғоз шавад, ин навишт ҳангоми калимасозӣ низ риоя мешавад: тозаэҷод, соҳибэҳсон, боэҳтиром, боэътимод ва ғайра.

6. Ҳарфи е дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- дар байн ва анҷоми калимаҳо пас аз ҳамсадоҳо ба ҷойи ҳарфи э ҳарфи е навишта мешавад: меҳр, себ, деҳ, меҳ, меҳан, неҳ, шанбе, се, шамъе, ҷамъе, навъе ва ғайра;

- дар оғози калимаҳои иқтибосии навъи зерин: Евгений, Екатеринбург, Елена, Ереван ва ғайра.

3. ИМЛОИ ҲАМСАДОҲО

7. Ҳарфи ж дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешавад: жола, жарф, жанда, мижа, мижгон, лағжидан, нажод, пажуҳиш, аждаҳо, жож ва ғайра.

8. Ҳарфи й дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- дар байн ва анҷоми калима: кайҳон, майдон, айвон, май, най, ҷой, пой, пай ва ғайра;

- дар оғоз ва байни баъзе калимаҳои иқтибосӣ: йод, йот, йог(а), тағйир, майор, майонез, Ню-Йорк, Огайо ва ғайра;

- ҳамсадои й дар ҳолати бо садонокҳои а, о, у, э омадан бо ҳарфҳои йотбарсар навишта мешавад: й+а=я, й+о=ё, й+у=ю, й+э=е: як, ях, поя, соя, Яҳё, юғ, юмн, Юсуф, ёдгор, ёр, ёвар, мегӯед, оҳуе ва ғайра;

- ҳамсадои й дар ибора ва калимасозии вожаҳои решагӣ нигоҳ дошта мешавад: ба рӯйи миз, ба сӯйи хона, ба ҷойи муносиб, найистон, чораҷӯйӣ, ҷомашӯйӣ, раҳпойӣ, бӯйидан, рӯйидан, найи хушсадо, майи лаългун, пайи пой, донишҷӯйи фаъол, чойи сиёҳ, пайомад, пайопай ва ғайра.

9. Ҳамсадои н пеш аз б ба сурати м талаффуз шавад ҳам, аммо тибқи меъёр н навишта мешавад: анбор, анбур, гунбаз, занбар, пунба, сунбул, санбуса, танбал, ҷунбиш, ҷанба, анбар, шанбе ва ғайра.

10. Ҳарфи ъ дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- дар байн ва анҷоми калимаҳои иқтибосии арабӣ ба ҷойи айн ва ҳамза: аъло, баъзе, ҷамъ, мавзуъ, навъ, масъул, масъала, таърих ва ғайра;

- дар калимаҳое, ки бо ъ анҷом меёбанд, ҳангоми қабули пасванди ҷамъбандии -ҳо, пайвандаки у ва бандаки изофӣ (и): шамъҳо, табъу нашр, шамъу парвона, ҷамъи мардум, рафъи мушкилот, навъи ангур ва ғайра.

11. Ҳарфи ъ дар мавридҳои зерин навишта намешавад:

- дар калимаҳои иқтибосие, ки зимни калимасозӣ бо пасвандҳои -ан, -от, , , -ият ва ғайра ҳарфи ъ дар байни садонокҳо қарор мегирад: бадеъ - бадеӣ; воқеъ - воқеӣ, воқеа, воқеият, воқеан, воқеот; монеъ - монеа, монеӣ; моеъ - моеӣ, моеот ва ғайра;

- дар байни ду садонок, ба истиснои калимаҳои фаъол, таъин навишта намешавад: маориф, таом, лаин, манбаи ҳаёт, аҳволи иҷтимоӣ, мавзуи баҳс, тулуи офтоб, шуруи кор, маҷмуи ашъор ва ғайра.

12. Ташдиди ҳамсадоҳо дар мавридҳои зерин сурат мегирад:

- дар баъзе калимаҳои тоҷикӣ: арра, барра, бурро, ғалла, пурра ва ғайра;

- ҳамсадоҳои ташдиддор дар калимаҳои иқтибосии арабӣ, тибқи қоида, дар калимаҳои навъи наҷҷор, раззоқ, ҳаммол, ташаккур, таҳаввул, таназзул, мураккаб, муаззам, мунаққаш, мусаввир, мударрис, мумаййиз, мутавассит, мутакаббир, мутаҳаййир, мутақаддам, мутааххар, иттиҳод, иттилоъ, иттисол, муттаҳид, муттафиқ, мубарро, муҷалло, мусаммо, мутасаддӣ, мутасаллӣ, мутаваллӣ, табарро, тавалло, тасалло ва ғайра навишта мешаванд;

- ҳамсадоҳои анҷоми калимаҳои иқтибосии навъи дур, кул, зид, қад, сир, хат, фан, ҳад, син ва ғайра, ки таърихан ташдид доранд, ҳангоми калимаю иборасозӣ ташдиди онҳо барқарор мегардад: дурри ноёб, зидди душман, кулли мардум, қадди расо, сирри ҳарбӣ, фанни забон, ҳадди ақал, синни томактабӣ, хатти ниёгон, хатти алоқа, маҳаллӣ, фаннӣ, хаттӣ, тиббӣ, ростхатта, каҷхатта, хатту савод, ҷидду ҷаҳд ва ғайра;

- ташдиди ҳарфи й якҷо бо ҳарфҳои йотбарсар дар шакли зерин навишта мешавад: айём, муҳайё, сайёҳ, сайёд, тайёр, муайян, музайян, тахайюл, Айюб, Қайюм ва ғайра;

- дар баъзе калимаҳои иқтибосии аврупоӣ риоя мешавад: коррупсия, коммуна, профессор, новелла ва ғайра.

Эзоҳ. Дар калимаҳои иқтибосӣ ба ҷойи ҳарфи русии ц ҳарфҳои с ва тс дар мавридҳои зерин навишта мешаванд:

- дар аввали калима (пеш аз садонок) с навишта мешавад: семент - цемент, сирк - цирк, ситрон - цитрон ва ғайра;

- дар дохили калима пас аз ҳамсадо ва пеш аз садонок с навишта мешавад: консерт - концерт, конференсия - конференция ва ғайра;

- дар байни ду садонок ҳарфҳои тс навишта мешаванд: дотсент - доцент, милитсия - милиция, фарматсевт - фармацевт, конститутсия - конституция, ассотсиатсия - ассоциация ва ғайра;

- баъд аз садонок ва пеш аз ҳамсадо ҳарфҳои тс навишта мешаванд: Липетск - Липецк, Донетск - Донецк ва ғайра;

- дар охири калима баъд аз садонок тс ва пас аз ҳамсадо с навишта мешавад: платс - плац, Вадутс - Вадуц, кварс - кварц ва ғайра;

13. Ҷинсияти грамматикии калимаҳои иқтибосӣ дар имлои забони тоҷикӣ корбурд намешавад: муҳтарам, раис, шоир, адиб, муаллим, котиб, магистрант, аспирант ва ғайра.

4. АЗ САТР БА САТР ГУЗАРОНИДАНИ ҲИҶОИ КАЛИМА

14. Аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима дар асоси қоидаҳои зерин сурат мегирад:

- риояи яклухтии ҳиҷо: хо-на, бод-бон, маъ-руф, аъ-ло, боғ-бон, эъ-лон, ба-ро-дар, та-аҷ-ҷуб, тар-тиб, рав-шан, панд-но-ма, мо-дар ва ғайра;

- агар ҳиҷо аз як ҳарф иборат бошад, дар сатри аввал монда ё ба сатри дигар намегузарад: аро-ба, ово-за, оро-мӣ ва ғайра.

Эзоҳ. Калимаю ибораҳо дар ҳолатҳои зерин аз сатр ба сатр намегузаранд:

- ихтисораҳо ва ҳиссаҳои калимаҳои бо рақам ифодаёфтаю бо нимтире ҷудошуда: ЮНЕСКО, СММ, ТУ-154, ДМТ ва ғайра;

- аломатҳо ҳангоми бо рақамҳо омадан: 25%, +20(оС), 20 м(2), 40 км/с, №1-4/353 ва ғайра.

5. ИМЛОИ ИСМ

15. Исмҳои навъи зер ду тарзи навишт доранд:

- як гурӯҳ исмҳое, ки дар анҷом ҳамсадои ҳ доранд: роҳ//раҳ, чоҳ//чаҳ, моҳ//маҳ, коҳ//каҳ, шоҳ//шаҳ ва ғайра;

- як гурӯҳ исмҳое, ки дар анҷом ҳарфи й доранд: рӯй//рӯ, мӯй//мӯ, кӯй//кӯ, ҷӯй//ҷӯ, пой//по, сарой//саро, шӯй//шӯ ва ғайра.

16. Якҷо навишта мешаванд:

- бо артикли арабии ал (ва гунаҳои он): алқисса, алвидоъ, алҳазар, алҳақ, алғараз, фавқуззикр, маликушшуаро, Низомулмулк, Ҳорунаррашид ва ғайра;

- исмҳои мураккаби навъи гулдаст, садбарг, гарданбанд, хушдоман, сарфармондеҳ, хештаншинос ва ғайра;

- агар аз шумораи миқдорӣ исм сохта шавад, калимаи охири он бо ҷузъи -солагӣ якҷо навишта мешавад: бисту панҷсолагӣ, ду ҳазору панҷсадсолагӣ, ду ҳазору панҷсаду панҷсолагӣ ва ғайра;

- исмҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнвандҳои -у- ва -о- аз асосҳои феъл сохта шудаанд: гуфтушунид, рафтуомад, гирудор, гирогир, даводав, паропар ва ғайра;

- исмҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнвандҳои -у- ва -о- аз исмҳо сохта шудаанд: обутоб, сарулибос, сарутан, корубор, сарупо, сарукор ва ғайра;

- исмҳои мураккаби омехта, ки аз шумораву исм бо пасванди (-я) сохта шудаанд: себарга, чоркунҷа, чоргӯша, дуоба, сепоя ва ғайра;

- исмҳои мураккаби омехта, ки дар қолаби исм+асоси замони ҳозираи феъл ва пасвандҳои , -ак сохта шудаанд: дастгирӣ, роҳсозӣ, навсозӣ, шабнишинӣ, оташгирак, обкашак, тортанак, хонабарорӣ ва ғайра;

- исмҳое, ки дар қолаби асоси замони ҳозираи феъл ва пасванди -иш сохта шудаанд: варзиш, парвариш, супориш, хониш, фармоиш, фаҳмиш, нолиш, дониш, барориш, озмоиш ва ғайра.

Эзоҳ. Истифодаи калимаи иҷро, ки маънои иҷрои амалро дорад, дар шакли иҷроиш нодуруст аст.

17. Бо нимтире навишта мешаванд:

- исмҳое, ки ҷузъи шумораи онҳо бо рақам ифода шудааст: 1000-солагии зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 1000-солагии "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ, 1100-солагии давлатдории Сомониён ва ғайра;

- баъзе исмҳои таркибӣ, аз қабили сотсиал-демократ, вагон-ресторан, механик-ронанда, контр-адмирал, модар-ватан ва ғайра;

- дар аввали номи одамон артикли ал (ва гунаҳои он) бо ҳарфи калон навишта шуда, бо нимтире ҷудо карда мешавад: Ал-Мутанаббӣ, Ал-Форобӣ, Ал-Ҳайсом, Ал-Киндӣ ва ғайра;

- дар осори илмию адабӣ артикли ал (ва гунаҳои он) дар аввал бо ҳарфи калон ва дар байн бо ҳарфи хурд навишта шуда, дар аввал баъд аз ал ва дар байн аз ду тараф бо нимтире ҷудо карда мешавад: "Ат-тафҳим"-и Абурайҳони Берунӣ, "Ал-қонун фи тиб"-и Ибни Сино, "Мантиқ-ут-тайр"-и Фаридаддини Аттор, "Наводир-ул-вақоеъ"-и Аҳмади Дониш ва ғайра;

- исмҳои иқтибосии навъи Волга-Дон, Коста-Рика, Ню-Йорк, Порт-Артур, Сан-Марино, Рио-де-Жанейро ва ғайра;

- калимаҳои тақлидӣ ва тасвирӣ: тақ-тақи дарвоза, шилдир-шилдири об, чак-чаки борон, тиқ-тиқи соат, милт-милти чароғ, чир-чири малах, чаҳ-чаҳи булбул, гулдур-гулдури раъду барқ ва ғайра.

Эзоҳ. Ҳангоми бо пасванд навишта шудани ин гуна исмҳо нимтире гузошта намешавад: фирфирак, шаршара, ғарғара ва ғайра.

18. Ҷудо навишта мешаванд:

- таркибҳои ҷуфте, ки бо пайвандаки -у (-ю, -ву) шакл гирифтаанд: шаъну шараф, молу ҳол, долу дарахт, марзу бум, орзую ҳавас, зебу зинат, сарвату дороӣ ва ғайра;

- исмҳои таркиби ибораҳои изофии зерин: аспи гули бодом, атласи абри баҳор, гули ошиқи печон, гули намози шом ва ғайра;

- номҳои ҷуғрофӣ, ки дар қолаби ибораи изофӣ сохта шудаанд: Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Дур, Пули Гирдоб, Пилдони Боло, Қалъаи Лаби Об ва ғайра.

Эзоҳ. Агар ҳар ду ҷузъи чунин исмҳо задаи ягона дошта бошанд, якҷо навишта мешаванд: Конибодом, Шаҳринав, Сарихосор, Шаҳрисабз, Шаҳритус, Даштиҷум ва ғайра.

19. Баёнияҳо ба таври зерин навишта мешаванд:

- баёнияҳои изофӣ ва беизофаи унвон, мансаб, лақаб, касбу кор, ки ба маънои аслии худ корбаст шудаанд, бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: Саидмуъмини паҳлавон, Шокири муаллим, Набии мироб, академик Раҷабовҳо, амир Ҳамза, шоҳ Фаррух, Шарифи ошпаз, Аҳмади алочабоф ва ғайра;

- агар баёнияҳо пас аз исми хос бе бандаки изофӣ омада бошанд, бо нимтире навишта мешаванд: Аҳмад-махдум, Салим-паҳлавон, Ҳошим-корвон, Қорӣ-ишкамба ва ғайра;

- баёнияҳои хешутаборӣ ва эҳтиром бидуни алоқаи изофӣ бо исми хос якҷо навишта мешаванд: Акашариф, Бибиоиша, Шарофатхола, Барноапа, Шодиамак ва ғайра;

- баёнияҳои изофии лақаб, ки бо исми хос омадаанд, бо ҳарфи калон навишта мешаванд: Баҳроми Гур, Махдуми Гав, Муҳаррами Ғарч ва ғайра.

20. Насаб, ном ва номи падар дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба таври зайл навишта мешаванд:

- бо пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ниё, -ёр, -фар, -пур, -духт: Ниёзӣ Ҳамза Ҳакимзода, Афсаҳзод Аълохон, Салимзода Шаҳло Раҳимзод, Ализода Наргис, Бобакон Ардашер, Шодиён Ромиш, Асрориён Рустам Шуҳратёр, Нодирниё Баҳром Озодфар, Довудфар Сомон Мирзо, Зафарпур Низом Акбар, Каримдухт Манижа Султон ва ғайра;

- бо пасвандҳои ташаккулдиҳандаи номи падар -зод, -зода, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт: Парвиз Сафарзод, Шоҳрух Шарифзода, Парвин Ҳамдамёр, Шаҳло Аҳмадниё, Ҷамшед Зарафшонфар, Рустам Салимпур, Таҳмина Баҳромдухт ва ғайра;

- насаб ва номи падар бе иловаи пасвандҳои насабсоз ва пасвандҳои ташаккулдиҳандаи номи падар низ навишта мешаванд: Рустам Саид Шоҳрух, Баҳром Манижа Зафар, Шуҳрат Таҳмина, Шералӣ Лоиқ ва ғайра;

- насаб, ном ва номи падар дар дафтар (журнал)-и синфии муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, дафтари қайди мавзуъҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ҳангоми пешниҳоди рӯйхати кормандони ташкилотҳо, мактубҳои расмӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври пурра навишта мешаванд: Саломиён Фарзона Шаҳром, Азизӣ Сомон, Раҳмонзода Зафар Абдуҷаббор, Ализода Маҳваш Комрон, Саъдизода Гулрӯ Наврӯз, Қурбонзод Юсуф Фирдавс, Фирӯздухт Фараҳноз, Хоҷапур Шерзод ва ғайра;

- насаб, ном ва номи падар дар лавҳаҳо, навиштаҷоти кӯчаю хиёбонҳо, шиору овеза, реклама, борчасп, сатри равони телевизион, дар нутқи ровиёни радио ва телевизион пурра оварда мешавад: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Саъдии Шерозӣ, Абуалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Шамсиддин Шоҳин, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷаббор Расулов, Муҳаммад Осимӣ, Зиёдулло Шаҳидӣ, Максим Горкий, Пётр Чайковский ва ғайра.

21. Ному насаб дар асарҳои бадеӣ, илмӣ, публитсистӣ ва маводи дигари чопӣ (дар мавриди ғайрирасмӣ) метавонанд ба таври зайл низ навишта шаванд:

- бо бандаки изофӣ: Масъуди Саъди Салмон, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Шуҳрати Шоҳмурод ва ғайра;

- бе бандаки изофӣ: Раҳим Ҷалил, Ҳаким Карим, Ғаффор Мирзо, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва ғайра;

- бо пасванди , ки тахаллус низ месозад: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Шукӯҳӣ, Фарғонӣ ва ғайра;

- бо пасвандҳои ташаккулдиҳандаи номи падар -пур, -духт: Олимпур, Мирзопур, Зоҳирдухт, Мирзодухт ва ғайра;

- бо калимаҳои ибн, бинт, валад, ки дар байни ном ва номи падар бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммад ибни Ҷарир, Робиа бинти Каъб, Ёдгор валади Бозор ва ғайра;

- калимаи ибн дар оғоз пеш аз исми хоси шахс ҷудо ва бо ҳарфи калон навишта мешавад: Ибни Сино, Ибни Ҷарир, Ибни Ямин ва ғайра;

- дар асарҳои бадеӣ, илмӣ, публитсистӣ ва маводи дигари чопӣ номи шоирон, адибон, донишмандон ва одамони касбу кори гуногун метавонанд тибқи тартиби муқарраршуда навишта шаванд: А.С. Пушкин, Ш. Руставели, А.П. Чехов, В.С. Расторгуева, Т.Г. Шевченко, М. Авезов ва ғайра.

22. Насаб, ном, номи падар ва тахаллусу лақабҳои қавму миллатҳои дигар, ки дар таркиби худ унсурҳои ёрирасон (артиклҳо, пешояндҳо, ҳиссачаҳо, аломатҳо ва ҷузъҳои насабсоз) доранд, ба забони тоҷикӣ бо риояи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ навишта мешаванд: Гай Юлий Сезар, Жан Жак Руссо, Ҷорҷ Ноэл, Гордон Байрон, Ван Дейк, Ле Шапеле, Леонардо да Винчи, Леконт де Лил, Роже Мартен дю Тар, Перо делла Франческо, Валтер фон дер Фогелвейде, Вилгелм фон Ҳумболдт, Ким Ир Сен, Фом Ван Донг, У Ганг Чжи, Муравёв-Амурский, Сен-Жюст, Турсун-қизи, Сен-Симон, Тер-Петросян, Мамед-оғли, Семёнов-Тян-Шанский, Чио-Чио-сан, Сан-Мартин ва ғайра.

23. Ҳарфи калон дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- ҳарфи аввали исмҳои хоси шахс: Манучеҳр, Масъуд, Мафтуна, Азиза, Шаҳром, Сумая ва ғайра;

- ҳарфи аввали ном ва сифатҳои Худо: Худо, Худованд, Парвардигор, Офаридгор, Кирдугор, Яздон, Эзид, Аллоҳ, Раб, Холиқ ва ғайра;

- ҳарфи аввали исмҳои хоси маъмурӣ, ҷуғрофӣ ва ҷирмҳои кайҳонӣ (номи қитъа, кишвар, вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳа, маҳалла, майдон, хиёбон, уқёнус, баҳр, дарё, обанбор, кӯҳ, сайёра) ва монанди инҳо: Осиё, Аврупо, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Варзоб, шаҳраки Сарбанд, деҳаи Шинг, маҳаллаи Зарнисор, майдони Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, уқёнуси Ором, баҳри Хазар, обанбори Сарез, дарёи Вахш, кӯҳи Анзоб, Офтоб, Моҳ, Замин, Зуҳра, Зуҳал ва ғайра.

- ҳарфи аввали номи тарабхона, меҳмонхона, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра бо ҳарфи калон ва дар дохили нохунак навишта мешаванд: тарабхонаи "Шоми Душанбе", меҳмонхонаи "Тоҷикистон", кошонаи ҳусни "Зебо", мағозаи "Меҳр", дорухонаи "Сино", маркази хизматрасонии "Дилкушо", маркази забономӯзии "Нури маърифат" ва ғайра;

- ҳарфи аввали номи китобҳои муқаддаси динӣ бо ҳарфи калон ва бе аломати нохунак навишта мешавад: Қуръон, Таврот, Инҷил, Авасто, Забур, Аржанг ва ғайра;

- ҳарфи аввали номи сулолаҳои таърихӣ: Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён ва ғайра;

- ҳарфи аввали исмҳои хоси шахс дар шакли ҷамъ ҳангоми муайян будани насаби шахсиятҳо: бародарон Қосимзодаҳо, оилаи Каримзодаҳо ва ғайра.

- ихтисораҳое, ки аз ҳарфҳои аввали калимаю ибора ва таркибҳо сохта шудаанд: ВКД ҶТ (Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон), АМИТ (Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон), ДМТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), БМТ (Бонки миллии Тоҷикистон), ҶДММ "Орзу" Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Орзу"), МТМУ №8-уми шаҳри Душанбе (Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-уми шаҳри Душанбе) ва ғайра;

- ҳарфи аввал ва исми хоси баъзе мансабҳои ҳокимияти давлатӣ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Эзоҳ. Номи мақомоти давлатӣ ва мансабҳои ҳокимияти давлатӣ дар шакли расмии қабулшуда навишта мешаванд;

- ҳарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси номи рамзҳои давлатӣ: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи таркибии мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Саридораи бойгонӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Шинг ва ғайра.

- ҳарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси таркиби номи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Эъломияи ҳуқуқи башар, Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ва ғайра;

- ҳарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи асарҳои бадеӣ, илмӣ, таълимӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо, суруду мусиқӣ, филмҳо, асарҳои саҳнавӣ ва озмунҳо бо ҳарфи калон ва дар дохили нохунак навишта мешаванд: "Писари Ватан", "Садои Шарқ", "Омӯзгор", "Ушшоқи Самарқанд", "Забони тоҷикӣ", "Фурӯғи субҳи доноӣ...", "Зебосанам", "Дави миллӣ", "Сайри гули лола" ва ғайра;

- ҳарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси анҷуманҳо, ҷашну идҳо, форумҳо: Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, Ҷашни 1400-солагии Борбад, Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Форуми сиёсии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор ва ғайра;

- ҳарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси таркиби мукофотҳои давлатӣ: (унвони) Қаҳрамони Тоҷикистон, (унвони фахрии) Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, (унвони фахрии) Корманди шоистаи Тоҷикистон, (унвони фахрии) Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, (ордени) Исмоили Сомонӣ дараҷаи I, (ордени) Шараф дараҷаи II, (медали) Хизмати шоиста, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра;

- ҳарфи аввали калимаи нахусти номи воқеаҳои таърихӣ ва исмҳои хоси дохили онҳо: Ҷанги якуми ҷаҳон, Исёни Муқаннаъ, Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ва ғайра;

- ҳарфҳои аввали калимаҳои номҳои ҷуғрофӣ ва кишварҳо: Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра;

- ҳарфи аввали калимаи мухтасар ифодакунандаи номи пурраи мақомоти муайян, ташкилот ва ё санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Донишгоҳ (ба ҷойи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), Феҳрист (ба ҷойи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ), Барнома (ба ҷойи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030) ва ғайра.

Эзоҳ. Исмҳо дар ҳолатҳои зерин бо ҳарфи хурд навишта мешаванд:

- исмҳои хоси шахс ҳангоми калимасозӣ: ҳофизшинос, бедилшинос, ҳофизшиносӣ, мавлавихонӣ, бедилхонӣ, сомонизодагон, рустамтаборон ва ғайра;

- исмҳои хоси шахс ҳамчун симо дар шакли ҷамъ: одинаҳо, шоҳмуродҳо, раҳимзодаҳо, спитаменҳо ва ғайра.

- номи мансабҳо, дараҷа ва унвонҳои илмӣ, рутбаҳо (-и тахассусӣ, давлатӣ ва ҳарбӣ): вазир, раис, роҳбар, ректор, директор, муовин, сардор, декан, номзади илм, доктори илм, дотсент, профессор, академик, генерал ва ғайра;

- номи факултету кафедраҳо, шуъба, дигар воҳидҳои сохторӣ ва монанди инҳо: факултети ҳуқуқшиносӣ, кафедраи забони тоҷикӣ, шуъбаи илмҳои биология ва тиб, шуъбаи танзими истилоҳот ва ғайра.

6. ИМЛОИ СИФАТ

24. Якҷо навишта мешаванд:

- пешвандҳои сифатсози ба-, бар-, бе-, бо-, но-, то-: бомаърифат, бофаросат, бомаслиҳат, баркамол, бебунёд, бамеҳр, ноором, ношинос, тоалифбо ва ғайра;

- сифатҳое, ки аз калима ё ибораҳои исмӣ (ҳамроҳӣ, изофӣ, пешояндӣ) бо пасвандҳои -а, -ӣ (-гӣ, -вӣ) сохта шудаанд: панҷсола, умумихалқӣ, байналмилалӣ, хонагӣ, дунявӣ ва ғайра;

- сифатҳои мураккаби навъи пири барнодил, шахси некандеш, шахси бадхашм, коргари пешқадам ва ғайра;

- сифатҳое, ки аз такрори калима ва миёнвандҳои -ба-, -дар- иборатанд: ҷанги танбатан, суҳбати рӯбарӯ, овораи дарбадар, такрори пайдарпай ва ғайра;

- сифатҳое, ки аз шумора (бо ҳарф) ва исм бо пасвандҳои -а, -ӣ (-гӣ) сохта шудаанд: санги панҷоҳграма, нигини панҷкарата, роҳи даҳкилометра, камони думила, дарвозаи дутабақа, хонаи дуҳуҷрагӣ ва ғайра;

- сифатҳое, ки аз шумораи миқдории таркибӣ ва исми ченаку андоза бо пасванди -ӣ (-гӣ) сохта шудаанд: вазни чорсаду панҷоҳкилоӣ, сангҳои бисту панҷкилоӣ ва ғайра;

- сифатҳое, ки аз номи шахсиятҳо (исмҳои хос) таркиб ёфтаанд: рӯдакивор, саъдисифат, бедилӣ, лайливаш, маҷнунсон ва ғайра.

25. Ҷудо навишта мешаванд:

- сифатҳои таркибие, ки бо пайвандаки -у (-ю, -ву) сохта шудаанд: гулҳои сурху сафед, суханҳои пасту баланд, хешовандони дуру наздик, марғзори сабзу хуррам, масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ғайра;

- сифатҳои ҷуфте, ки бо пешвандҳои ба-, бо-, бе- ва пешвандгунаҳои сер-, пур-, хуш- ва пайвандаки сохта шудаанд: бамеҳру муҳаббат, боақлу фаросат, бедолу дарахт, сершоху барг, пурнозу неъмат, хушобу ҳаво, банангу номус ва ғайра;

- сифатҳои таъкидии навъи сурхи сурх, зарди зард, сафеди сафед ва ғайра.

26. Бо нимтире навишта мешаванд:

- сифатҳое, ки аз такрори калима сохта шудаанд: коғази рах-рах, мӯйҳои тор-тор, дили реш-реш ва ғайра;

- сифатҳое, ки аз шумора (бо рақам) ва исм бо пасвандҳои -а -ӣ (-гӣ) сохта шудаанд: санги 50-грама, нигини 5-карата, роҳи 10-километра, қалами 20-дирама, тангаи 50-дирама ва ғайра;

- сифатҳои таъкидии навъи заб-зард, каб-кабуд, сап-сафед, тип-торик ва ғайра.

7. ИМЛОИ ШУМОРА

27. Якҷо навишта мешаванд:

- пасвандҳои шумораи тартибӣ -ум (-юм), -умин (-юмин) бо шумораҳои сода ва ҷузъи охири шумораҳои таркибӣ: сеюм, шашум, сиюм, сеюмин, панҷум, панҷумин, даҳум, даҳумин, шасту сеюмин, як ҳазору як саду панҷоҳумин ва ғайра;

- шумораҳои мураккаби аз ёздаҳ то нуздаҳ ва аз дусад то нуҳсад: дувоздаҳ, сездаҳ, шонздаҳ, ҳаждаҳ, сесад, шашсад ва ғайра;

- шумораҳои касрӣ: сеяк, чоряк, шашяк, даҳяк ва ғайра;

- нумеративи -то бо шумораи миқдории бо ҳарф навишташуда: дуто, сето, даҳто, садто, ҳазорто ва ғайра.

28. Ҷудо навишта мешаванд:

- шумораҳои таркибие, ки бо пайвандаки -у (-ю, -ву) сохта шудаанд: бисту як, сиву//сию се, панҷоҳу панҷ, як ҳазору сиву шаш ва ғайра;

- шумораи касрӣ аз шумораи аслӣ: яку ним, дуву//дую ним ва ғайра;

- шумораҳои касрӣ бо пешоянди аз: аз се як, аз шаш чор, аз панҷ се ва ғайра;

- калимаҳои нумератившудаи навъи дона, сар, нафар, даста, дарза, ҷуфт ва амсоли инҳо аз шумора ва исми шумурдашаванда: ду дона себ, панҷ сар асп, ду нафар коргар, як даста гул, як дарза алаф, чор ҷуфт кафш ва ғайра;

- шумораҳои миқдорӣ аз калимаи дарсад: 100 дарсад, 50 дарсад, даҳ дарсад, бист дарсад ва ғайра.

29. Шумораҳои навъи зер ду тарзи навишт доранд:

- шумораҳои миқдорӣ: чор//чаҳор, чил//чиҳил, дусад//дувист ва ғайра;

- шумораҳои тартибӣ: дуюм//дувум, сеюм//севум, чорум//чаҳорум ва ғайра.

30.Бо нимтире навишта мешаванд:

- шумораҳои тахминӣ: як-ду, се-чор, даҳ-понздаҳ, сӣ-чил, сад-дусад, ҳазор-ду ҳазор ва ғайра;

- нумеративи то дар шуморае, ки бо рақам навишта шудааст: 3-то, 5-то, 20-то, 100-то, 1000-то ва ғайра;

- пасвандҳои шумораи тартибии -ум (-юм), -умин (-юмин) аз рақам: 5-ум, 12-ум, 2-юм, 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8-уми март, 23-юми феврал, хонаи 54-ум, ошёнаи 12-ум ва ғайра.

Эзоҳ. Агар шумораҳо бо рақамҳои римӣ навишта шаванд, пасвандҳои -ум (-юм), -умин (-юмин) ва бандаки изофӣ навишта намешаванд: асри ХХ, синфи Х, боби II ва ғайра.

Дар матни санадҳои ҳуқуқӣ пасвандҳои шумораи тартибии -ум (-юм), -умин (-юмин) пас аз рақам навишта намешаванд: сархати дуюми қисми 4 моддаи 20 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

8. ИМЛОИ ҶОНИШИН

31. Якҷо навишта мешаванд:

- ҷонишинҳои сохта: ҳамин, ҳамон, чунин, чунон ва ғайра;

- ҷонишинҳои мураккаб: инчунин, ончунон, ҳамчунин, ҳамчунон, ҳамдигар, инҷониб ва ғайра;

- бандакҷонишинҳо (-ам//-ям, -ат//-ят, -аш//-яш, -амон//-ямон, атон//-ятон, -ашон//-яшон) бо калимаҳо: китобам, китобат, китобаш, китобамон, китобатон, китобашон, орзуям, орзуят, орзуяш, орзуямон, орзуятон, орзуяшон ва ғайра;

- ҳангоми ихтисор дар назм бандакҷонишинҳои шумораи танҳо ва ҷамъ дар калимаҳое, ки бо садонок анҷом меёбанд: дунёт (дунётон), савдош (савдошон), ғамҳот (ғамҳотон) ва ғайра;

- ҳангоми ихтисор дар назм бандакҷонишинҳои шумораи ҷамъ дар калимаҳое, ки бо ҳамсадо анҷом меёбанд: писармон, писартон, писаршон ва ғайра.

32. Ҷудо навишта мешаванд:

- ҷонишинҳои таркибӣ: ин гуна, он гуна, ин қадар, он қадар, ҳар қадар, ҳар як, ҳар ки, ҳар чи, ҳеҷ як, чӣ гуна?, чӣ хел?, чӣ қадар?, чӣ навъ? ва ғайра;

- ҷонишинҳои саволии кӣ?, чӣ?, чанд?, кадом? дар таркибҳо: чӣ хел?, чӣ гуна?, чӣ тавр?, чӣ қадар?, чанд хел?, кадом навъ? ва ғайра.

33. Бандакҷонишинҳои -ам//-ям, -ат//-ят, -аш//-яш дар калимаҳое, ки бо ҳамсадо анҷом меёбанд, ҳангоми ихтисор дар назм бо нимтире навишта мешаванд: писар-м, падар-т, лашкар-ш; гуфтам-ш, додам-ш ва ғайра.

9. ИМЛОИ ФЕЪЛ

34. Якҷо навишта мешаванд:

- пешвандҳои феълии дар-, бар-, фур-, фар-, боз- во-: даромадан, баромадан, бархостан, фуромадан, фаромадан, бозгаштан, вогирифтан, вогузоштан ва ғайра;

- пешвандҳои шаклсози ме- (ҳаме-), би- (бу-): меравад, меояд, ҳамегуфт, ҳаменаравад, бишкуфтан, бубар, бубин ва ғайра;

- пешвандҳои инкории маъносози на-, ма-: нарав, марав, нагӯ(й), магӯ(й), нахостан, надоштан ва ғайра;

- бандакҳои феълии -ам, -ӣ, -ад, -ем, -ед, -анд (донам, донӣ, донад, донем, донед, донанд); -ам, -ӣ, -ем, -ед, -анд (хондам, хондӣ, хондем, хондед, хонданд) ва бандакҳои хабарии -ам, -ӣ, -аст, -ем, -ед, -анд: хондаам, хондаӣ, хондааст, хондаем, хондаед, хондаанд ва ғайра;

- феъли ҳаст дар шакли ихтисор (-ст): мардест, шахсест, доност, хонданист, рафтанист ва ғайра.

35. Ҷудо навишта мешаванд:

- ҷузъҳои феъли таркибии номӣ: даъват кардан (намудан, шудан), андеша кардан, сурх шудан, якҷо шудан ва ғайра;

- ҷузъҳои феъли таркибии номии пешоянддор: аз бар кардан, аз ёд кардан, ба ҷо овардан, умр ба сар бурдан, дар бар гирифтан, ба воя расидан, ба кор бурдан ва ғайра;

- шаклҳои таркибии феъл: хонда буд, нахоҳад хонд, хондан гирифт, рафта истода буд, ташкил карда мешавад, бояд иҷро кунад ва ғайра;

- калимаҳои во ва боз ҳамчун ҷузъҳои мустақил: во кардан, во шудан, боз гардидан, боз хондан, боз истодан ва ғайра.

36. Пешванди инкории на- ҳангоми ихтисор дар назм бо нимтире навишта мешавад: н-омӯзад, н-омад, н-осояд ва ғайра.

10. ИМЛОИ СИФАТИ ФЕЪЛӢ

37. Якҷо навишта мешаванд:

- сифатҳои феълие, ки аз асоси замони ҳозираи феъли таркибии номӣ бо пасванди -анда сохта шудаанд: донишҷӯёни имсол хатмкунанда, шахси ба саволҳо ҷавобдиҳанда, ҳуҷҷати оморро нишондиҳанда, неруи ҷомеаро пешбаранда, муборизони дар роҳи озодӣ мағлубнашаванда, молҳои ба бозор фиристодашаванда ва ғайра;

- сифатҳои феълие, ки аз асоси замони гузаштаи феъли таркибии номӣ бо пасванди сохта шудаанд: корҳои дирӯз иҷрокарда, гӯсфандони аз рама қафомонда, амалҳои неки анҷомёфта, мусофирони ба автобус дермонда, нақшаи кории тартибдода, ҷаву гандуми тирамоҳ киштшуда, нақшаи таъинкардашуда, чароғи ба миёнҷои миз гузошташуда ва ғайра;

- сифатҳои феълие, ки аз феъли таркибии номӣ ва ибораҳои пешояндӣ сохта шудаанд: корҳои имрӯз баанҷомрасида, ҷавонони имрӯзаи азхудрафта, пири барнодили барҷомонда, умеди пуринтизори барбодрафта, ҳодисаи ногаҳон баамаломада ва ғайра;

- сифатҳои феълии замони оянда бо пасванди : беҳтарин солҳои фаромушнашуданӣ, ниятҳои неки иҷрошуданӣ, суханони бисёри ногуфтанӣ ва ғайра.

11. ИМЛОИ ФЕЪЛИ ҲОЛ

38. Ҷузъҳои феъли ҳол бо пасванди -он (-ён) якҷоя навишта мешаванд: хандакунон, бозикунон, навозишкунон, суҳбаткунон, рақскунон, додгӯён, сурудхонон ва ғайра.

39. Феълҳои ҳоли таркибии замони гузашта ҷудо навишта мешаванд: аз ҳуш рафта, аз по афтида ва ғайра.

40. Бо нимтире навишта мешаванд:

- феъли ҳоли такрор: ларзон-ларзон, хандон-хандон, хандида-хандида, давон-давон, лангон-лангон ва ғайра;

- феъли ҳол бо ҷузъи номии такрор: пичир-пичиркунон, ҳай-ҳайгӯён, чаҳ-чаҳзанон ва ғайра.

12. ИМЛОИ ЗАРФ

41. Якҷо навишта мешаванд:

- зарфҳое, ки бо пешвандҳои ба-, бо-, бар-, бе-, дар-, но- ва то- сохта шудаанд: баногоҳ, бакуллӣ, бодиққат, бомуваффақият, ботафсил, барвақт, барқасд, бемаврид, дарҳол, ногоҳ, торафт ва ғайра;

- зарфҳои мураккаб: дузону, дучанд, якзайл, якпаҳлу, дирӯз, чорзону, кинояомез, пасфардо, порсол, парерӯз, умрбод ва ғайра;

- зарфҳое, ки аз шумораву исм бо пасвандҳои -а, -ӣ (-гӣ) сохта шудаанд: дудаста, дутоӣ, садметрӣ, седонагӣ, панҷдонагӣ, садграмӣ, чоркилоӣ ва ғайра;

- зарфҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнванди - сохта шудаанд: дуродур, сарозер, лаболаб, пасопеш, пешопеш ва ғайра.

42. Ҷудо навишта мешаванд:

- зарфҳое, ки аз такрори калима ва пешоянд сохта шудаанд: дам ба дам, рӯз то рӯз, ваҷаб ба ваҷаб, сол ба сол, хона ба хона, рӯ ба рӯ, дар ба дар, пай дар пай ва ғайра;

- зарфҳое, ки бо ибораи изофӣ ифода шудаанд: дасти холӣ (омадан), сари остин (салом кардан), сари по (нишастан), пойи луч (давидан) ва ғайра.

43. Бо нимтире навишта мешаванд:

- зарфҳое, ки аз такрори калима сохта шудаанд: аҳён-аҳён, доман-доман, даста-даста, зуд-зуд, оҳиста-оҳиста, сето-сето, ҷо-ҷо, халта-халта ва ғайра;

- зарфҳое, ки ҷузъи шуморавии онҳо бо рақам ифода ёфтааст: 450-килоӣ, 300-грамӣ, 10-тоннӣ// тоннагӣ, 90-сарӣ ва ғайра;

- дар байни зарфҳое, ки аз калимаҳои тақлиди овозӣ бо пасванди -он сохта мешаванд: қаҳ-қаҳзанон, пичир-пичиркунон, гумбур-гумбуркунон, чаҳ-чаҳзанон ва ғайра.

13. ИМЛОИ ПЕШОЯНД

44. Ҷудо навишта мешаванд:

- пешояндҳои аслии ба, бо, бар, аз, зи, бе, барои, дар, андар, ҷуз, то бо калимаҳои мустақилмаъно: аз сафар баргаштан, аз ӯ пурсидан, ба бозор рафтан, бар (ба) бом баромадан, бо бародар нишастан, аз чор се ҳисса, дар бар гирифтан, андар хаёлоти ҷавонӣ, андар дил, аз ёд кардан, барои рафиқ, зи баҳор шукр гӯям, зи дурии замонаҳо, ҷуз модар, то саҳар ва ғайра;

- пешояндҳои таркибии номии ғайриизофӣ: пеш аз, пас аз, доир ба, роҷеъ ба, нисбат ба, оид ба, назар ба ва ғайра.

45. Бо нимтире навишта мешаванд:

- пешояндҳои изофии номии такрор: гирд-гирди, зер-зери, таг-таги, таҳ-таҳи, лаб-лаби, рӯ-рӯйи, пас-паси, сар-сари, қад-қадди, пеш-пеши ва ғайра;

- пешояндҳои ба ва аз (зи) бо ҷонишинҳои ин, он ва ӯ танҳо дар назм чунин шакли навишт доранд: бад-ин, бад-он, бад-ӯ; з-ин, з-он, з-ӯ ва ғайра.

14. ИМЛОИ ПАСОЯНД

46. Пасоянди -ро бо калима якҷо навишта мешавад: Ватанро бояд муҳофизат кард. Харбузаро буред. Мо меҳмононро пешвоз гирифтем ва ғайра.

47. Пасояндҳои номӣ ва калимаҳои пасояндии барин, боз, пеш, қабл, замон, ҳамон, ҳамоно аз калимаҳо ҷудо навишта мешаванд: гул барин нозук, ду сол боз, як ҳафта пеш, панҷ сол қабл, омадан замон, шунидан ҳамон (ҳамоно) ва ғайра.

48. Пасоянди -ро пас аз нохунак, қавс, ихтисора ва рақам бо нимтире ҷудо карда мешавад: Ман "Шоҳнома"-ро хондам. Сараъзо (мубтадову хабар)-ро бунёди ҷумла медонанд. ДМТ-ро соли 2020 хатм кард. Адади 4-ро ба 2 тақсим кунед ва ғайра.

15. ИМЛОИ ПАЙВАНДАК

49. Якҷо навишта мешаванд:

- пайвандакҳои мураккаб: балки, чунки, агарчи (гарчи), азбаски (баски), вагарна, ҳарчанд, гарчанд ва ғайра;

- пайвандаки -у, (-ву, -ю) бо калимаи аввали ибораю таркибҳо: ёру рафиқ, хонаву дар, кӯчаву бозор, донову нодон, орзуву омол, пастию баландӣ, сарею савдое, сиёсию иҷтимоӣ ва ғайра.

50. Ҷудо навишта мешаванд:

- пайвандаки пайвасткунандаи ва: устодон ва шогирдон, Забони модариро ҳама бояд хуб донанд ва гиромӣ доранд ва ғайра;

- пайвандаки тобеъкунандаи ки: ӯ қавл дода буд, ки фардо меояд, Давлате, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, биҳишти рӯи замин аст ва ғайра;

- ҷузъҳои пайвандакҳои таркибӣ: то ки, вақте ки, зеро ки, бо вуҷуди ин (он) ки, сарфи назар аз ин (он) ки, бо назардошти он ки, аз сабаби ин (он) ки, ҳарчанде ки, гарчанде ки, ба қадре ки, ба тавре ки, бе ин (он) ки ва ғайра.

51. Пайвандакҳои ва, ки дар назм ба шакли ихтисор бо нимтире навишта мешаванд: в-аз (ва аз), в-ӯ (ва ӯ), к-аз (ки аз), к-он (ки он), в-имрӯз (ва имрӯз), к-омад (ки омад), в-арна (вагарна) ва ғайра.

16. ИМЛОИ ҲИССАЧА

52. Ҷузъҳои ҳиссача ва калимаҳои рехтаи навъи зер якҷо навишта мешаванд: кошки, бигузор (бигзор), мабодо ва ғайра.

53. Ҷудо навишта мешаванд:

- ҳиссачаҳои ҳа (ҳо), оре, бале, на, на .... на, чи .... чи, не, фақат, танҳо, гӯё, магар, ҳатто, ҳаргиз, асло, оё, ҳам, низ аз калимаҳои дигар: На омадед ва на пайғом фиристодед. Ин гапро танҳо (фақат) як кас медонист. Ҳатто баъд аз ҷаласа баҳс идома дошт. Оё (магар) ин кор барои Шумо душвор нест? Меҳмон ҳам (низ) бо мо меравад. Ҳаргиз ба роҳи бад наравед. ӯро асло надидаам ва ғайра;

- ҳиссачаҳои таркибии биё мон, гӯё ки, шояд ки, равад ки, на фақат, на танҳо ва ғайра.

54. Ҳиссачаҳои -чӣ, -ку, -а пас аз калима бо нимтире навишта мешаванд: равем-чӣ, баргардем-чӣ, рафтед-ку, нагуфтед-ку, наовардед-а ва ғайра.

17. ИМЛОИ НИДО

55. Нидоҳои сохта якҷо навишта мешаванд: дареғо, дардо, аҷабо, ҳайфо ва ғайра.

56. Нидоҳои таркибӣ ҷудо навишта мешаванд: сад дареғ, сад афсус, бисёр афсус, сад ҳайф, во дареғо, ҳай дареғ, э вой ва ғайра.

57. Нидоҳои такрор бо нимтире навишта мешаванд: бай-бай, баҳ-баҳ, вай-вай, ҳай-ҳай ва ғайра.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2021, №268

 

АЛОМАТҲОИ КИТОБАТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 

1. АЛОМАТИ НУҚТА (.)

1. Нуқта дар охири ҷумлаи ҳикоягӣ гузошта мешавад. Ҷумлае, ки дар охири он нуқта гузошта шудааст, фикри тамомшударо фаҳмонида, мазмуни хабарӣ дорад:

Ҷоми ҷаҳоннамои Кайхусрав ҷаҳонро фақат дар Наврӯз нишон медод.

(Сотим Улуғзода)

Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

              (Абулқосим Фирдавсӣ)

Дар осмон ситораҳо медурахшиданд.

              (Фазлиддин Муҳаммадиев)

ва ғайра.

2. Дар ҳолати бо оҳанги оромона баён кардани орзу, дуои нек ва таҳсину таманно дар охири ҷумла ба ҷойи аломати хитоб нуқта гузошта мешавад:

Офарин бар ин гуна пешсафони мусобиқа.

Эй хоқони аъзам, ҷовидон, зинда ва фархунда бош.

Эй наҷибаи вологавҳар, Худованд меҳри туро аз Бежан набурад.

              (Сотим Улуғзода)

ва ғайра.

3. Дар вақти ихтисор кардани номҳо аломати нуқта баъд аз вожаи ихтисоршуда гузошта мешавад:

- дар вақти навиштани нишонӣ вобаста ба калимаҳои маъмурию ҷуғрофӣ: вилоят (вил. Хатлон), шаҳр (ш. Душанбе), деҳа (д. Ҳамешабаҳор) ва ғайра;

- дар вақти навиштани ном, насаб ва тахаллуси одамон: М. Аминӣ, Б. Сафолзода, Ф. Каримдухт, Н. Азизпур ва ғайра;

- дар вақти ба ҳисоб гирифтани тартибу миқдори ашёи ҷудогона пас аз калимаҳои ихтисоршудаи сол, саҳифа, ҷилд ва ғайра: с.1970 (соли 1970), саҳ. 650 (саҳифаи 650), 240 саҳ. (240 саҳифа), ҷ. 3-юм (ҷилди 3-юм) ва ғайра;

- дар феҳристи адабиёт номи баъзе шаҳрҳо, аз ҷумла, Душанбе, Москва, Ленинград, Санкт-Петербург агар ихтисор навишта шаванд: - Д., - М., - Л., - СПб. ва ғайра.

4. Нуқта дар мавридҳои зерин гузошта намешавад:

- дар охири сарлавҳаҳо:

Наврӯзи дилафрӯз

Диёри обҳои мусаффо

ва ғайра;

- дар муқоваи китобҳои илмӣ, бадеӣ, дарсӣ, маҷалла ва дигар нашрияҳо баъд аз насаби муаллиф ва унвони онҳо:

Садриддин Айнӣ

    Дохунда

Бобоҷон Ғафуров

    Тоҷикон

Қосимӣ Мукаррама Набидухт

     Об дар "Шоҳнома"

ва ғайра;

 - дар охири номи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ: ариза, қарор, гувоҳнома, тасдиқнома, тавсифнома, фармон, фармоиш, амр ва ғайра, ки моҳияти мазмуни онҳо ба тамоми матн иртибот дорад:

Ариза

Фармон

Фармоиш

Тавсифнома

ва ғайра;

- дар байн ва охири ҳарфҳои калимаҳои ихтисоршудаи номҳои ҷуғрофӣ: ВМКБ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон); ташкилотҳо: АМИТ (Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон), ДМТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), БМТ (Бонки миллии Тоҷикистон), ҶДММ-и "Орзу" (Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Орзу"), СММ (Созмони Милали Муттаҳид) ва ғайра;

- агар калимаҳои грам(м), килограм(м), сентнер, сантиметр, метр, километр ва монанди инҳо, ки воҳидҳои миқдор, ченак ва ё ҳаҷму сатҳ мебошанд, дар шакли ихтисор оянд: 10 г спирт, 50 кг биринҷ, 80 м чит, 20 га замин, 3 млн, 7 м(2);

- дар охири таърихи рӯз:

27-уми октябри соли 1964

30-юми октябри соли 2020

ва ғайра.

2. АЛОМАТИ САВОЛ (?)

5. Аломати савол пурсишро ифода карда, дар охири ҷумлаи содаи саволӣ гузошта мешавад:

Яке аз бандиён пурсид:

Ту аз куҷоӣ ва писари кистӣ?

Аз фалон деҳа, писари Арбоб Камол ном шахс.

Падарат зинда аст?

Ҳо.

Молу мулк дорад? (Садриддин Айнӣ)

ва ғайра.

6. Дар охири ҷумлаҳои саволӣ, ки ҷавоби шунавандаро талаб намекунанд, аломати савол гузошта мешавад: Ба омадан-ку омадам, аммо акнун ӯро чӣ тавр партофта меравам? (Сотим Улуғзода)

Модоме ки халқ ба ҷанговарон ҳадя мефиристодааст, ... ман чӣ тавр аз қатор берун монда метавонам? (Фотеҳ Ниёзӣ).

Эзоҳ. Агар ҷумлаҳои саволӣ эҳсосоти гӯяндаро дар бар гиранд, дар баробари аломати савол аломати хитоб ҳам гузошта мешавад:

Эй хунхор, то чанд чунин суханҳо мегӯйӣ?! (Сотим Улуғзода)

ва ғайра.

7. Дар ҷумлаҳои саволии аслӣ ва ғайриаслӣ барои ифодаи пурсиш се воситаи асосии саволӣ кор фармуда мешавад:

- ҷонишинҳои саволӣ (пурсишҷонишинҳо): кӣ?, чӣ?, киҳо?, чиҳо?, кадом?, чанд?, чаро?, ку?, куҷо?, кай?, чӣ тариқ?, чӣ тавр?:

Хуб, чӣ шудааст? Осмон ба замин фуру ғалтид, магар? (Сотим Улуғзода)

Чаро имрӯз ба дарс наомадӣ?

Омад бари ман. Кӣ? Ёр. Кай? Вақти саҳар... (Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)

Эй марди деҳқон, мақомгоҳи Рустами Дастон куҷост? (Сотим Улуғзода)

Ба куҷо равам? Чӣ кунам? Дарди дил ба кӣ гӯям? (Пӯлод Толис)

Чӣ хабар? Гулбарги рӯят аз чӣ пажмурда аст? (Сотим Улуғзода)

- ҳиссачаҳои саволӣ (магар, наход, наход ки, оё, -а, -чӣ ва ғайра):

Магар шумо хабар надоштед? Наход ҳамин қадар ширин бошад? (Фотеҳ Ниёзӣ)

Оё Меҳрон фаҳмид, ки ин манзумаҳо ба ҷойи ариза аст? (Сотим Улуғзода);

- тарзи талаффуз, оҳанги пурсиш:

Рост бигӯ, хулқу атвори онҳо чӣ гуна аст? Хушахлоқанд?

Шумо бо ин дурӯғ мехоҳед гиребони худро аз чанги ман бираҳонед? (Сотим Улуғзода)

Наёмад ба гӯшат ба ҳар анҷуман,

Камону каманди гави пилтан? (Абулқосим Фирдавсӣ)

Зи чашми шӯхи ту ҷон кай тавон бурд?

Ки доим бо камон андар камин аст. (Ҳофизи Шерозӣ)

ва ғайра.

3. АЛОМАТИ ХИТОБ (!)

8. Аломати хитоб дар ҳолатҳои зерин гузошта мешавад:

- дар охири ҷумлаи хитобӣ:

Хуш омадед, дӯстон, бори дигар биёед!

Тоҷикистон, ба пеш!

Ҷовидон бод сулҳ дар олам!

ва ғайра;

- дар охири ҷумлаи амр ва хоҳиш, ки бо оҳанги хитоб талаффуз мешавад:

Фарзандонам, ҳамеша китоб хонед!

Инсоф кун! Гунаҳгор дигарон буданд, дигарон! (Ҳаким Карим);

- дар ҳолатҳое, ки хитоб, нидо ва калимаҳои ҳа, оре, бале, не (на), эй,

ҳошо, баҳ-баҳ ва ғайра бо оҳанги хитоб талаффуз мешаванд:

Ҳа, парво накун, ғусса нахӯр! (Ҷалол Икромӣ)

Эй писар, бидон, ки дарахт бо решааш мустаҳкам аст! (Саъдии Шерозӣ)

Бале, аз қазову қадар гурез набудааст! (Сотим Улуғзода)

Банд дар пойи Рустам! Ҳошо! Маро чархи баланд ҳам баста наметавонад. (Сотим Улуғзода)

Баҳ-баҳ! Доноёни ман биҳишт дидаанд! (Сотим Улуғзода)

Тавба! Сад тавба! - аз нав даст ба гиребон бурд Абдулаҳад. (Саттор Турсун)

ва ғайра;

- пас аз мухотаб дар аввали ҷумла:

Эй худписанд! Ту лоф задӣ, ки ҳамоварди Исфандиёр ҳастӣ! (Сотим Улуғзода)

ва ғайра.

9. Агар дар ҷумлаи хитобӣ оҳанги талаффуз бошиддат бошад, ду ё се аломати хитоб гузошта мешавад:

Эй нопоки хештанношинос! Ба дастам афтодӣ!! (Сотим Улуғзода)

Беҳаё ту, золим ту, беномус ту!!! (Сотим Улуғзода)

Ба чашмам нигоҳ кун, номард!! Ман Восеъ!! (Сотим Улуғзода)

ва ғайра.

4. АЛОМАТИ ВЕРГУЛ (,)

10. Аломати вергул дар мавридҳои зерин гузошта мешавад:

1) барои ҷудо кардани аъзои чидаи ҷумла, ки дар байни онҳо пайвандакҳои пайиҳами ва, -у (-ю) наомадаанд:

Илоҳӣ, сафари ҳамаи он касон, ки аз хона, ҷой, падару модар, зану фарзанд ҷудо шуда, ба хизмати аскарӣ рафтаанд, бехатар бошад. (Фотеҳ Ниёзӣ)

Нони гандумии хушбӯй, шири гарм ва асал ҷоғи меҳмонро тафсонд. (Сотим Улуғзода)

ва ғайра;

2) барои ҷудо кардани аъзои такрор:

Фазлу ҳунарам, Ватан, туӣ, ту,

Сози зафарам, Ватан, туӣ, ту. (Мирзо Турсунзода)

ва ғайра;

3) барои ҷудо кардани аъзои истисноӣ:

- агар аъзои истисноӣ ҳаҷму андозаи маънои аъзои муқаррариро мушаххасу саҳеҳ кунад, аз ду тараф бо аломати вергул ҷудо карда мешавад: Ҳоло бисёриҳо, махсусан, ҷавонон аз кӯҳистон оҳиста-оҳиста ба водӣ мекӯчанд. (Саттор Турсун);

- агар аъзои истисноӣ бо аъзои муқаррарӣ (эзоҳшаванда) аз ҷиҳати ифодаи маъно баробар ё муодили якдигар бошад, пеш аз аъзои истисноӣ аломати тире ва пас аз он аломати вергул гузошта мешавад: ӯро - Фирӯзаро, тамоман бекас мондан намехоҳад. (Ҷалол Икромӣ)

Ман - Фирӯз Шоҳрухзода, соли 2020-ум ба донишгоҳ дохил шудам..... ва ғайра;

4) барои ҷудо кардани мухотаб. Дар ин ҳолат чунин қоида бояд риоя карда шавад:

- дар аввали ҷумла пас аз мухотаб:

Эй шаҳриёр, гуфтори Гургин пур аз ёва аст. (Сотим Улуғзода)

Очаҷон, дар берун ҳаво хеле хунук, шумо одами пир, боз хунук назанад? (Фотеҳ Ниёзӣ);

- дар байни ҷумла аз ду тарафи мухотаб:

Яке панди модаратро шунав, писар, ба бадӣ макӯшу шитоб макун.

Рост мегӯӣ, эй ёри бовафо ва меҳрубонам, ҳама мусибати ту аз боиси ман аст. (Сотим Улуғзода);

- дар охири ҷумла пеш аз мухотаб:

Дар достонҳои Фирдавсӣ панду ҳикмат бисёр аст, соҳиб.... ва ғайра;

5) барои ҷудо кардани калимаву ибора ва ҷумлаҳои туфайлӣ:

- агар калимаву ибора ва ҷумлаҳои туфайлӣ дар аввал оянд, пас аз онҳо вергул гузошта мешавад:

Хушбахтона, Зебӣ пас аз муддате аз роҳ баргашт. (Сотим Улуғзода)

Ниҳоят, он рӯзи фирӯз расид. (Садриддин Айнӣ)

Ба назарам, имсол баҳор хеле серборон омад. (Ҷалол Икромӣ)

Ҳамин тавр, барои ифодаи навъҳои гуногуни рустаниҳои ҳосилдеҳ истилоҳоти мухталифе истифода мешаванд, ки дар онҳо калимаи асосӣ худи рустаниҳоянд.

Тавре ёдрас шудем, ин устоди бузург беш аз 30 сол сарварии кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд ва дар ин муддат кафедра яке аз марказҳои қавии илми забоншиносӣ ва таълими он гардид.;

- агар калимаву ибора ва ҷумлаҳои туфайлӣ дар охири ҷумла оянд, пеш аз онҳо вергул гузошта мешавад:

Дуруст мекунем, албатта. (Сотим Улуғзода)

 Ин аберааш, гардам аз саратон... (Садриддин Айнӣ)

Мо қудрату тавони инро надорем, худат медонӣ....

ва ғайра;

- агар калимаву ибора ва ҷумлаҳои туфайлӣ дар байни ҷумла оянд, аз ду тараф бо вергул ҷудо карда мешаванд:

Аспи вай, бар хилофи чашмдошти ман, хеле тез метохт.

Тайсафуни қадима, ба арабӣ Мадоин, шояд ба ҳамин Бағдод монанд буд. (Сотим Улуғзода)

ва ғайра;

6) барои ҷудо кардани нидо, ки бо оҳанги хитоб талаффуз нашудааст:

Оҳ, Ҳомидҷон, омадед? Шумо бо мо меравед. (Раҳим Ҷалил)

Оббо, гӯр пирӣ шавад, қариб ки нашиносам-а? - гуфт охир Юнусбобо. (Фотеҳ Ниёзӣ)

ва ғайра;

7) барои ҷудо кардани ҳиссачаҳои тасдиқӣ (ҳа, бале, оре) ва инкорӣ (не, на):

Оре, вай дар он ҷавон писари худро шинохт. (Сотим Улуғзода)

Ҳа, аз модарам ва аз як муаллимаи мактаби деҳаамон. (Фотеҳ Ниёзӣ)

На, султонам, дар ин ҷо шинос шудам. (Сотим Улуғзода)

Не, ба фикрам, ҳеҷ гап не. (Фотеҳ Ниёзӣ)

Не, мон, гап занад вай. (Фазлиддин Муҳаммадиев)

ва ғайра;

8) барои ҷудо кардани ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст:

Золи Зар зуд аз асп фуруд омада, ба Баҳман таъзим кард, Баҳман ҳам пиёда шуд, ҳар дуяшон чанде пурсупос карданд. (Сотим Улуғзода)

Ҷаҳонро бо чашми ҷавонӣ мабин, хашму кинро аз дил бадар кун. (Сотим Улуғзода)

ва ғайра;

9) дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти хилофии пайвандакдор:

Манижа бояд ба шаҳр бармегашт, аммо дилаш ба ҷудоӣ аз Бежан андуҳгин буд.

Ин буд фикру хаёли шоир, вале тақдир ба вай чизи дигаре пеш овард. Фаррухзод яке сахт ҳуҷуми ҷавобӣ кард, лекин ҳуҷумаш барор нагирифт. (Сотим Улуғзода)

ва ғайра;

10) барои ҷудо кардани ҷумлаи пайрав дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ:

Умар донист, ки кори хубе кардааст.

Агар бемор дуруст шуданӣ бошад, табиб ба дари хона меояд.

Ман ба ту таслим намешавам, зеро ту як нафар ғулом ҳастӣ ва ман шоҳ. (Сотим Улуғзода)

ва ғайра;

11) дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, аломати вергул дар мавридҳои зерин гузошта мешавад:

 - агар ҷумлаи пайрав баъд аз сарҷумла омада бошад, пеш аз он вергул гузошта мешавад:

Бар қуббаи заррини қамар оҳиста-оҳиста сояи сиёҳ хазидан гирифт, то он ки се ҳиссаи онро тамоман пахш кард.

Ба ҳар ҳол пешомадҳои нохуш паси сар шуданд, гарчанде ки талхии онҳо дар дили шоир боқӣ монд.;

- агар ҷумлаи пайрав пеш аз сарҷумла омада бошад, аломати вергул пас аз ҷумлаи пайрав гузошта мешавад:

Вақте ки навкари вакили молиёт ба Бож омада, Фирдавсиро ба назди ҳоким бурданӣ шуд, шоир ҳайрон шуд. (Сотим Улуғзода);

 - агар ҷумлаи пайрав дар байни сарҷумла омада бошад, аз ду тараф бо вергул ҷудо карда мешавад:

Одина, вақте ки аз баргашта рафтани Ибод хотирҷамъ шуд, ба модаркалонаш гуфт. (Садриддин Айнӣ)

 Чакраҳое, ки аз чандин чунин чашмаҳо мечаканд, дар як ҷо ғун шуда, ҷӯйчаи мусаффоеро ба ҳам мерасонанд. (Садриддин Айнӣ)

ва ғайра;

12) дар нутқи мазмунан нақлшуда:

- агар сухани гӯянда баъд аз нутқи мазмунан нақлшуда омада бошад, аломати вергул пеш аз он гузошта мешавад:

Не, шумо пеш дароед, сарбоз, - ҷавоб медод дигаре бо овози ҳаяҷономези ларзон. (Фотеҳ Ниёзӣ);

- агар сухани гӯянда дар байн омада бошад, аз ду тараф бо вергул ҷудо карда мешавад:

Бегоҳ шуд, - ҷавоб дод Рустам, - шаби тира кас набард намекунад.

Шод бош, - ба расми ориёӣ салом дод ба вай Рустам, - тану ҷонат ба дониш обод бод. (Сотим Улуғзода)

 ва ғайра;

13) дар вақти такрор омадани амале, ки маънои инкор дораду бо пайвандаки ҷудоии ё... ё меояд, ҷумлаи содаи якум бо вергул ҷудо карда мешавад:

Ё дар идора касе набуд, ё телефон вайрон буд.

Ё бояд корро хобонем, ё асбоби нав диҳед. (Садриддин Айнӣ)

Ин сандуқ ё аз тилло пур, ё аз китоб. (Фазлиддин Муҳаммадиев)

Ё ба кино медарояд, ё ба назди яке аз рафиқонаш меравад. (Фазлиддин Муҳаммадиев)

ва ғайра.

5. АЛОМАТИ НУҚТАВЕРГУЛ (;)

11. Нуқтавергул дар чунин мавридҳо гузошта мешавад:

- дар байни аъзои чидаи тафсилӣ, ки бо рақам ё ҳарф гурӯҳбандӣ шудаанд:

Дар адабиёти тоҷикӣ жанрҳои зерини шеърӣ мавҷуд аст:

1) рубоӣ;

2) дубайтӣ;

3) ғазал;

4) қасида;

5) қитъа;

6) маснавӣ;

7) достон;

- дар байни қисмҳои ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб:

Ришаш сиёҳ ва қайчӣ карда шуда буд; рӯяш пурраи сафедчаи сурхчатоб ва чашмони бемижгони пӯшида ва хушкидарафтааш дар он рӯйи сурхчатоб ба парчаи ҳарири гулобӣ монанд буд; абруҳояш сиёҳи сермӯйи баланд; либоси ин нобино фақирона, лекин бисёр озода буд. (Садриддин Айнӣ);

- дар байни ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби тобеъ:

Умре, ки баъд аз вафоти шавҳар дар дари мардум мегузаронд; таоми бадастае, ки аз деги ҳамсоягон ба ивази меҳнат ва машаққатҳои беандозааш мехӯрд; захми забони занони ҳамсоя, ки ӯ канизи бебаҳои онҳо шуда буд, сафедор барин қадди рости холаро камон барин қат карданд. (Ҳаким Карим);

- дар байни қисмҳои ҷумлаи мураккаби омехта:

Падар, то вақте ки чашмаш кор мекард, ба болои чархи осиё кор кард, аммо он рӯз аз ҳаррӯза барвақттар рӯз торик шуд; бод шиддат карда, аз ҳавои гарду ғуборолуд регборон сар шуд; рег монанди борон борида, дар андак фурсат рӯйи заминро регфарш кард; ҳарчанд дарҳои хонаро кушода, чароғро гиронда будам, аз таркишҳои дар рег ба хона ҳам медаромад. (Садриддин Айнӣ)

 ва ғайра.

6. АЛОМАТИ БАЁН (:)

12. Аломати баён (дунуқта) дар мавридҳои зерин гузошта мешавад:

- пас аз калимаи хулосакунанда:

Деҳқонони бисёре, зану мард дар сабаду каҷоваҳо анвои меваҷот: ангур, нок, олу, зардолу, анор, анҷир, харбузаву тарбузҳоро барои фурӯш ба лашкаргоҳ оварданд. (Сотим Улуғзода);

- барои ҷудо кардани ҳудуди ҷумлаҳои сода, ки дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак омада, бо ҳамдигар муносибати сабабу натиҷа доранд ва яке дигареро шарҳ медиҳад:

Падарам ба ман насиҳат карда гуфт: - "Ту бояд ҷавони кордон ва зирак шавӣ!". Манижа шитобон назди Рустам рафт, ба вай аз Бежан паём дод ва гуфт: - "Рустами Дастон туӣ!". (Сотим Улуғзода); - дар муколама ва суҳбат ҳудуди сухани муаллиф аз нутқи айнан нақлшуда ҷудо карда мешавад:

Абуалӣ ибни Сино баъд аз тамом кардани таҳсили илм ба сараш чӣ воқеа рӯй доданро ба тарзи зерин ҳикоя мекунад: "Дар 18-солагиям ман аз ҳамаи ин илмҳо фориғ гардидам, баъд аз он падарам вафот кард ва бар аҳволи ман дигаргуниҳо рӯй дод ва бар гардани ман чизеро аз амалҳои султонӣ бор карданд ва баъд аз он зарурат маро бар он дошт, ки аз Бухоро биравам ба Гурганҷ". (Садриддин Айнӣ)

ва ғайра.

7. АЛОМАТИ ТИРЕ (-)

13. Аломати тире вазифаи тавзеҳ ва ҷудо карданро иҷро менамояд ва дар мавридҳои зерин гузошта мешавад:

- дар байни мубтадо ва хабари номие, ки феъли ёвар ҳазф шудааст.

Лоиқ - шоир.

Душанбе - пойтахти тоҷикон.

Фарзанди хуб - боғи падар, фарзанди бад - доғи падар. (Зарбулмасал).

 Эзоҳ. Агар феълҳои ёвар кор фармуда шуда бошанд, байни мубтадову хабар тире гузошта намешавад:

Лоиқ шоир аст.

Душанбе пойтахти тоҷикон мебошад.

Фарзанди хуб боғи падар аст, фарзанди бад доғи падар аст.

 ва ғайра;

- дар охири аъзои чида пеш аз калимаи хулосакунанда:

Қасрҳо, кӯшкҳо, саройҳо, корвонсаройҳо, бозорҳо, ятимхонаҳо, мадрасаҳо, китобхонаҳо, манораҳо - ҳама ва ҳама сӯхта хокистар гардида буданд. (Садриддин Айнӣ);

- дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти хилофии бепайвандак:

Меҳнат фаровон мекунад - танбалӣ вайрон мекунад. (Зарбулмасал)

Вай намехандад - ҳаёт ба вай механдад. Ҳамаи ин чизҳо мурдаанд - танҳо ишқи зан зинда аст. (Абдусалом Деҳотӣ);

- дар ҷумлаи мураккаби тобеи бепайвандак, ки ҷумлаи пайрав шарти воқеии амалу ҳолати сарҷумларо мефаҳмонад:

Ҳурмат кунӣ - ҳурмат мебинӣ. (Зарбулмасал)

Меҳнат кунӣ - роҳат мебинӣ. (Зарбулмасал);

- барои ҷудо кардани сухани муаллиф (нақлкунанда) аз нутқи айнан нақлшуда:

"Наход ки шумо аз ман хафа бошед?", - гуфт Ҳошим-корвон. (Сотим Улуғзода)

"Корамон як рӯз барор гирад, рӯзи дигар, ба қавле, фақат ситора мешуморем", - гуфт вай;

- дар байни исм ва шумораҳое, ки барои ифодаи фосилаи замон, ҳадди масофа, андозаи ҳаҷм ва вазн истифода мешавад:

Автобуси Душанбе - Бохтар ба роҳ баромад. Мо бо қатораи тезгарди Душанбе - Москва ба саёҳат рафтем. Роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд аз нақбҳои "Истиқлол" ва "Шаҳристон" мегузарад. Қатораи Душанбе - Хуҷанд ҳамеша пуродам аст. Дар саҳро 10 - 15 литр об лозим мешавад. Барои ҷашни имрӯза 40-50 кг пахта лозим аст....;

- баёнияи истисноӣ аз муайяншаванда бо тире ҷудо карда мешавад:

Вазорат аризаи шаҳрванд Беҳин Абдулло - донишҷӯйи курси якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод;

- дар муколама:

- Номат чист? - гуфта пурсид.

- Ёдгор!

- Номи падарат?

- Бозор!

- Чанд сол боз ин ҷо ҳастӣ?

- Аз даҳ сол зиёд шуд. (Садриддин Айнӣ)

Модар аз тирезаи ҷониби варзишгоҳ сарашро бароварда, писарашро ҷеғ зад:

- Шаҳзо-о-д, ҳо Шаҳзо-о-д!

Ҷавобе нашунид. Шавҳараш, ки дар хонаи дигар саргарми мутолиа ва навиштан буд, шишаҳои айнакро бо лаби доман поккунон ба ҳуҷра омада, коҳишомез ғур-ғур кард:

- Мардумро безобита кардан хуб не, Ширин.

Фурсати лаб кушодан нарасида, мард боз пурсид:

 - Вақти аз хона баромадан иҷозат пурсида буд?

- Бале, таъкид кардам, ки дур нарав, овози ман набаромада баргард.

- Чӣ ҷавоб дод?

- "Хуб, модарҷон, хуб",- гуфту тӯб дар даст парида-парида поин фуромад.

- Чаро ба ташвиш меафтӣ?

- Торикиро намебинед? (Абдулҳамид Самад)

ва ғайра.

8. АЛОМАТҲОИ ҚАВС ( ) ВА ҚАВСИ МУРАББАЪ [ ]

14. Аломати қавс ҳудуди калима, ибора, ҷумлаҳои сода ва ҳатто чанд ҷумлаи шарҳу эзоҳдиҳандаро нишон медиҳад, ки ба матни асосӣ алоқаи грамматикӣ надорад, он баъзан аз ҷиҳати вазифа ба аломати тире ва калимаи "яъне" баробар аст. Қавс дар ҳолатҳои зерин гузошта мешавад:

- барои ҷудо кардани аъзои чидаи ҷумла, ки баъд аз калимаҳои хулосакунанда бо мақсади тавзеҳ кор фармуда мешавад:

Зардолуҳои пешпазак (ҷавпазак, моҳтобӣ, лучак) кайҳо пухтаанд. Умуман, маъмурони амир (қозиҳо, раисҳо, ҳокимҳо ва дигарон) аз хазина моҳона намегирифтанд ва бо ягон роҳе, ки аз замони пеш одат шуда омадааст, маишати худро таъмин карда, ба амир ҳам пешкаш мекарданд. (Садриддин Айнӣ);

- барои ҷудо кардани воҳидҳои туфайлӣ, ки ҷиҳати возеҳ намудани нутқ хизмат мекунанд ва ё маълумотеро ба гуфтаи аввал илова менамоянд: Дар он ҷо коллективона лӯбиёшӯрак пухта мехӯрдем (ман лӯбиёшӯракпазиро дар қисми дувуми романи "Ғуломон" тасвир кардаам). (Садриддин Айнӣ);

- барои эзоҳи калимаҳои камистеъмол, куҳнашудаву аз истеъмолмонда, шевагӣ, истилоҳоти соҳавӣ ва муродифҳои маълуму машҳури онҳо дар дохили қавс зикр мешаванд:

Офтоби форами моҳи мизон (сентябр) ҳавои Ёвонро монанди ҳавои баҳорони беборон хушу хуррам гардонида буд.

Ҳамин тавр нест? - гуфта, ба Одина нигоҳ карданд. (Садриддин Айнӣ);

- барои шарҳу эзоҳи таъбиру ибора ва ҷумлаҳои душворфаҳм ва мақолу зарбулмасалҳои арабӣ кор фармуда мешавад:

 Хатти "настаълиқ" (хатте, ки аз хатҳои "насх" ва "таълиқ" ба вуҷуд омадааст) пеш аз замони Навоӣ баромада буд. (Садриддин Айнӣ);

- дар асарҳои драмавӣ (намоишӣ) қайду эзоҳҳое, ки ба амалу ҳолатҳои қаҳрамонон дахл доранд, дар қавс нишон дода мешаванд:

ТАРИЭЛ (аз даҳлез ҷаҳида баромада): Лайло, ман дар ин ҷо!

МАРТА (ба тарафи Лайло меравад): Чӣ гап шуд, ҷони хола? (аз намоишномаи "Ду ошиқи як дилбар");

- барои ҷудо кардани маълумоте, ки ба гуфтаи аввал зам мешавад: Шеъри Бозор Собир "Забони модарӣ" (пештар ин шеър "Забони Ватан" ном дошт) дар қироати ровии шинохта садо дод.

15. Қавси мураббаъ маъмулан дар асару мақолаҳои илмӣ ҳангоми истинод ба адабиёт истифода мешавад: [5, 2020, 39], яъне чунин маъно дорад, ки рақами 5 ба адабиёти истифода, 2020 соли нашри асар ва 39 рақами саҳифае, ки аз он истинод шудааст. Дар асарҳои илмӣ тарзи дигари нишон додани иқтибос низ истифода мешавад [Гулназарова, 2017, 55]

ва ғайра.

9. АЛОМАТИ СЕНУҚТА (...)

16. Аломати сенуқта (бисёрнуқта) нотамомӣ, давомнокӣ, бурида шудани нутқ ва ихтисор шудани як қисми матнро ифода менамояд. Ин аломат дар мавридҳои зайл гузошта мешавад:

- дар вақти ба ҳаяҷону изтироб омадани гӯянда ва ё бо сабабе бурида шудани ҷараёни нутқ:

Наход, гӯед, шишта будем, ки... и-е-и-! - дар ҷояш истода монд пирамард писари боборо дида. О...охир, ин Олимҷон-ку! (Пӯлод Толис);

- дар оғози ҷумла барои нишон додани ҷойи бурида шудани нутқ:

...Хайр, бо телефон мегӯям... Аз афти кор, аз ман ранҷид... Не, вай бояд фаҳмад, ки ҳозир вақти... (Пӯлод Толис);

- дар иқтибос зимни ихтисори матн (аз аввал, мобайн ва охир):

"...миннатдор мешавем; агар рафиқон, аъзои маҳфил ба ман, ба идораи маҷаллаи "Хониши адабӣ", шеър ва ҳикояҳои машқкардаашонро фиристанд". (Максим Горкий);

- ҳангоми канда-канда баён кардани фикр:

Модарҷон, маро... бубахш... ман... гуноҳ... надорам... о-о-о... охир вай... ма... ро ранҷонд...;

- дар сурати ихтисор шудани лафзи қабеҳ, суханони мамнуъ:

Аввал ба риши миршабу дарвозабон р...

В-он гаҳ ба риши муфтию қозикалон р...;

- дар вақти ҷавоб надодан ба пурсиш:

- Ту ҳезумкаш бошӣ, дос, арғамчин ва харат дар куҷост?

- Чикораӣ?

- ...

Амин дид, ки аз бандӣ ҳеҷ садое намебарояд, ба яке аз одамони худ нигоҳ карда фармон дод. (Садриддин Айнӣ)

ва ғайра.

10. АЛОМАТИ НОХУНАК (" ")

17. Аломати нохунак дар мавридҳои зерин гузошта мешавад:

- барои ҷудо кардани нутқи айнан нақлшуда аз сухани худи гӯянда:

Рӯзе он подшоҳро дар роҳе бо вай мулоқот афтод ва забон ба мақолот бикушод: "Эй дарвеш, сабаб чист, ки алоқа аз мо буридӣ ва қадам аз омадурафт кашидӣ?" Дарвеш ҷавоб дод: "Сабаб он ки донистам, ки наомада савол шунидан беҳтар аст, аз омада малол дидан". (Абдураҳмони Ҷомӣ)

 Зубайда ҷавоб дод: - "Дар заминҳои ман ба коштани пахта сар карданд". "Ҳамаи гапи бобоям ҳамин будааст?",- гуфта ҳайрон шудӣ? (Фазлиддин Муҳаммадиев);

- барои ҷудо кардани калимаву ибораҳое, ки ба маъноҳои маҷозӣ ё кинояомез кор фармуда шудаанд:

Ман бо нигоҳи машварат ба "шарики худ",- ба бобоям нигаристам. (Садриддин Айнӣ)

Дина, рӯзи дароз, катро "иҷора" гирифтам... ("Ҷумҳурият")

Аспҳо "оила"-ро пок нигоҳ дошта, асло ба "бегона"-ҳо чашм ало намекунанд ва ба "доми фиреб" намеафтанд. ("Ҷумҳурият");

- номи ташкилотҳо, китобҳо, маҷаллаву рӯзномаҳо ҳангоми истифодаи онҳо дар матн:

Шумораи нахустини рӯзномаи нави тоҷикӣ "Паёми Душанбе", ки пайки айёми бозсозист, аз чоп баромад.

Нависанда Ҷумъа Одина романи "Гузашти айём"-ро қабл аз давраи бозсозӣ навишта буд.

"Омӯзгор" нашрияи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст....;

- иқтибос аз дигар асару мақолаҳо дар асарҳои илмӣ: А. Раҳмонзода доир ба китобу китобхонӣ чунин гуфтааст: "Саромадони ҳикмат ва адаби тоҷик ба китоб бо меҳру муҳаббат муносибат намуда, онро ягона омили дарёфти дониш медонистанд ва дар осору ашъори пурмуҳтавои хеш арзиши баланди ин дӯсти беминнатро ситоиш мекарданд".

18. Аломати нохунак ҳангоми тартиб додани рӯйхати адабиёт дар асару мақолаҳои илмӣ гузошта намешавад.

Тарзи овардани адабиёт чунин аст:

1. Айнӣ С. Куллиёт. Ҷилди 11. Китоби 2. - Душанбе: Ирфон, 1964. - 436 с.

2. Қосимова М.Н. Ганҷи сухан. - Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2013. -639 с.

3. Саломиён М. Вижагиҳои услубии баъзе пасвандҳо дар забони шеъри тоҷикӣ//Суханшиносӣ. №1. - Душанбе: Дониш, 2016. - С. 33-38.

4. Ҳалимов С. Калимасозии исм дар забони адабии тоҷик /аз рӯи забони "Гулистон"-и Саъдӣ //Масъалаҳои забон ва адабиёт. Қисми 1/2. - Душанбе: Дониш, 1975. - С. 283-307.

11. САРХАТ

19. Сархат дар мавриди зерин гузошта мешавад:

- одатан, дар аввали сатри ҳар фикри нав, ки дар чанд ҷумла ифода ёфтааст, ҷойи холӣ гузошта мешавад. Аз ин рӯ, ҷойи холие, ки аз аввали сатр ба миқдори гунҷоиши панҷ ҳарф аст, ҷойи сархат ном дорад. Гузоштани сархат ба мазмуни нави матне, ки ба варақ сабт мегардад, вобаста мебошад;

- пас аз сарлавҳа ҳар як мавзуъ ё фикри нав дар матн ҳамеша аз сархат навишта мешавад.

12. НИМТИРЕ (-)

20. Нимтире (дефис) хатчаи васлкунандаи байни қисмҳои калимаи мураккаб ҳангоми якҷоя навиштан ё байни ду калимае мебошад, ки яке аз онҳо муносибати баёниявӣ дошта, якҷоя калимаи мураккабро ташкил медиҳанд. Ин аломат дар ҳолатҳои зерин гузошта мешавад:

- дар байни калимаҳои такрор: тозон-тозон, давон-давон ва ғайра;

- дар байни калимаҳое, ки ҷузъи шуморавиашон бо адад ифода шудааст:

1000-солагии зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино, 5500-солагии Саразми бостон, 15-рӯза, 9-моҳа, 100-сола, 575-солагӣ ва ғайра;

- исмҳое, ки ҷузъи дуюми онҳо маънои мустақил надоранд: нон-пон, бача-кача, чой-пой, бозор-мозор, қанд-панд, тахта-пахта ва ғайра;

- дар байни калимаҳои тақлидӣ ва тасвирӣ: шар-шар, фаш-фаш, чак-чак, гум-гум, ғиҷир-ғиҷир, тиқ-тиқ, тақ-тақ, ялт-ялт, шав-шав, ав-ав ва ғайра;

- дар исмҳои хоси иқтибосӣ: Коста-Рика, Улан-Удэ, Сан-Марино, Рио-де-Жанейро, Буэнос-Айрес ва ғайра;

- артикли арабии "ал" (ва гунаҳои он: -ал-, -ул-, -ут-, -ус-, -уш-) дар аввали номи шахсон, аввал ва мобайни асарҳои таърихӣ: Шайх Ал-Форобӣ, Ал-Азҳар, "Бадоеъ-ул-вақоеъ", "Мантиқ-ут-тайр", "Китоб-уш-шифо", "Ҳабиб-ус-сияр", "Лубоб-ул-албоб" ва ғайра;

- дар байни сифатҳои таъкидӣ: суп-сурх, сап-сафед, сип-сиёҳ, кап-кабуд, луб-лунда, тип-торик, каппа-калон ва ғайра;

- дар байни сифатҳое, ки аз такрори калимаҳои ҷудогона сохта шудаанд: коғази рах-рах, риши тор-тор, хурмои калон-калон, дарахтони хурд-хурд, хонаҳои паст-паст, ниҳолҳои борик-борик, говони фарбеҳ-фарбеҳ, бузҳои лоғар-лоғар ва ғайра;

- дар байни сифатҳои таркибӣ: ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ, китобҳои адабӣ-таърихӣ, фарҳанги тоҷикӣ-русӣ, сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ ва ғайра;

- дар сифатҳое, ки аз шумораву исм ва пасвандҳои -а, -ӣ (-гӣ), -ина сохта шудаанд: тоқии 4-кунҷа, масофаи 100-метра, санги 50-грама, хонаи 2-ҳуҷрагӣ ва ғайра;

- дар байни шумораҳои тахминӣ: чор-панҷ рӯз, сесад-чорсад тонна, шаст-ҳафтод нафар одам, сад-саду сӣ сар гов, даҳ-понздаҳ китоб ва ғайра;

- пеш аз пасванди -ум (-юм) ва нумеративи -то, ки бо шумораҳои миқдорӣ ё тахминӣ меоянд: 3-юм, 5-то, 10-12-то ва ғайра;

- дар байни зарфҳое, ки аз калимаҳои тақлиди овозӣ бо пасванди -он сохта мешаванд: чир-чиркунон, гумбур-гумбуркунон, гум-гумзанон, чаҳ-чаҳзанон ва ғайра;

- дар байни феълҳои ҳоле, ки аз такрори феълҳо сохта мешаванд: дав-давон, давон-давон, ҳай-ҳайгӯён, тоз-тозон, давида-давида, рафта-рафта, хонда-хонда, хандида-хандида, лангида-лангида, лангон-лангон ва ғайра;

- дар назм дар байни пешоянду пайвандакҳои ихтисорӣ ва дигар ҳиссаҳои нутқ: к-ин, к-он, з-ин, з-он, к-ӯ, в-ин, в-аз, к-аз, в-он, з-ӯ, бад-ин, бад-он, бад-ӯ, в-омад, к-омад ва ғайра;

- дар байни нидоҳои такрор: баҳ-баҳ, ҳай-ҳай, вой-вой, ҳа-ҳа-ҳа, ҳи-ҳи-ҳи ва ғайра.

Эзоҳ. Ҳангоми навишти тире дар аввал аз як тараф ва дар мобайн аз ду тараф фосила гузошта мешавад, вале ҳангоми навишти нимтире, ки дар байн меояд, фосила гузошта намешавад.

13. РАМЗҲОИ ИШОРАТӢ

21. Одатан, дар асарҳои бадеӣ, китобу рисола, мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ муаллифон барои шарҳу эзоҳи калима, ибора, ҷумла ва ё ба асару мақолае ишора кардан аз рақам ва рамзҳои махсуси ишоратӣ истифода мебаранд. Рақам ва рамзҳо тавассути компютер ба таври автоматӣ гузошта мешавад. Рамз ва рақамҳои ишоратӣ дар қисмати болоии анҷоми калимаҳо гузошта мешаванд ва дар поварақ маънидод мегарданд:

Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст. (Эмомалӣ Раҳмон)

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,

Бо дӯстон мурувват бо душманон мадоро.* (Ҳофизи Шерозӣ)

- агар ҳарфҳо барои муайян кардани шумораҳои бо рақам ифодаёфта оянд, чунин навишта мешаванд: 3(а), 3(б), 4(в), хонандаи синфи 11(г), кӯчаи Борбад 98(в), бинои №10(д);

- аломати параграф (§) барои ҷудо кардани зерфаслҳои бобҳо дар рисолаҳои илмӣ ва баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузошта мешавад:

Боби 1. Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон

§ 1. Густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд ва даврабандии он

§ 2. Сабки ҳиндӣ ва вижагиҳои савтии он

Боби 2. Муродифоти ҷумлаҳои сода дар "Чор дарвеш"

§ 1. Матолиби муқаддамотӣ

§ 2. Муродифоти ҷумлаҳои содаи тасдиқӣ ва инкорӣ

§ 3. Муродифоти қолабҳои аслӣ ва ҳосила

Хулоса

ва ғайра.

_______________________________________________________

Китоб - сарчашмаи маърифат//Маҷмуаи мақолаҳои илм, (зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода). - Хуҷанд: Ношир, 2020. - С.3.

*мадоро ба маънои муросо, таҳаммул