Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 264 "Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи дурнамои қабул ва хатми магистратура, аспирантура, докторантураи фалсафа (PhD)-докторантура аз рӯйи ихтисос, докторантура ва постдокторантура барои солҳои 2021-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

2. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва вазорату идораҳои дигари дахлдор ҷиҳати амалисозии барнома ва нақшаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва вазорату идораҳо ҷиҳати амалӣ намудани муқаррароти барнома ва нақшаҳои он ва назорати иҷрои он ба зиммаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вогузор карда шавад.

4. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои барнома ва нақшаҳои он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 июни соли 2021, № 264

 ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе подготовки научных кадров высшей квалификации на 2021-2030 годы

В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу подготовки научных кадров высшей квалификации на 2021-2030 годы, План мероприятий по реализации Государственной программы подготовки научных кадров высшей квалификации на 2021-2030 годы и Перспективный план приема и выпуска магистратуры, аспирантуры, докторантуры философии (PhD)докторантуры по специальности, докторантуры и постдокторантуры на 2021-2030 годы (приложения 1, 2 и 3).

2. Национальной академии наук Таджикистана, отраслевым академиям, Министерству образования и науки Республики Таджикистан, государственному учреждению "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан" и другим соответствующим министерствам и ведомствам принять необходимые меры по реализации программы и её планов.

3. Координацию деятельности государственных органов, министерств и ведомств по реализации положений программы и её планов, и контроль за ее исполнением возложить на Национальную академию наук Таджикистана.

4. Национальной академии наук Таджикистана ежегодно до 1 марта предоставлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения программы и её планов.

Председатель

 

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 июня 2021 года, №264