Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, № 264
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, № 264
Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.01.2025
№ 325)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 (минбаъд - Барнома) баҳри баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасониҳои илмиву таҳсилотӣ мутобиқ намудани онҳо таҳия карда шудааст.
2. Барнома дар асоси принсипҳо ва талаботе, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир ба дурнамои рушди дарозмуҳлати низоми илму маорифи ҷумҳурӣ мустаҳкам шудааст, таҳия гардидааст. Дар он пеш аз ҳама ба принсипҳои тарбияи васеи кадрҳои илмӣ, ки рақобатпазирии иқтисодиёти кишварро таъмин менамояд, ба низоми тайёр намудани кадрҳои илмии рақобатпазир дар бозори меҳнат, бунёди иқтидори инноватсионии рушди илм, ташаккулёбии дониш ва малакаи зарурӣ ҷиҳати рушди устувор мусоидат менамояд, афзалият дода шудааст.
3. Тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии тобеи вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Тарбияи олимони ҷавон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷалб намудани онҳо ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
5. Барнома ба бартараф намудани мушкилот дар соҳаи омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, муайян намудани мақсаду ҳадафҳо, афзалиятҳо ва воситаҳои давлат ҷиҳати омода намудани кадрҳои илмӣ равона гардидааст.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
6. Барнома бо мақсади такмил ва рушди низоми тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, таъмини муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо миқдори зарурии мутахассисон, пеш аз ҳама аз рӯйи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ ва ба вуҷуд овардани нерӯи илмие, ки қобилияти дар сатҳи талаботи муосир ҳал намудани муҳимтарин масъалаҳои рушди илмию техникӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дошта бошад, таҳия гардидааст.
...