Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2021, № 1802 "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 05.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888, аз 22.06.2023 № 1967, аз 23.02.2024 № 2043)

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 30 июни соли 2021, № 468

қабул карда шуд.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаина оид ба авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, мақсади он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

1) авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо (минбаъд - авф) - озод намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дороиҳо ва маблағҳое, ки мутобиқи талаботи Қонуни мазкур қонунӣ гардонида мешаванд, пешбинӣ намудани имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд;

2) давраи қонунигардонӣ - муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, ки дар давоми он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ гардонанд;

3) дороиҳо - молу мулки манқул ва ғайриманқули зерин:

а) металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷ шудаанд ё бо маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шудаанд;

б) металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок (молик - бенефитсиар) дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқул, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шуда (ташаккул дода шуда), таҳти ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қарор доранд;

в) молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда;

4) маблағҳо - пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъор, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он дар шакли нақдӣ ё ғайринақдӣ қарор доранд;

5) қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо - тартиби барасмиятдарории ҳуқуқи шаҳрвандон ба дороиҳо ва маблағҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан дар натиҷаи аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда шудани маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё ҳамчун объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда ба даст оварда шудаанд, тавассути сармоягузории онҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, инчунин расмиёти барасмиятдарории ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дороиҳое, ки дар натиҷаи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда нашудани ҳуқуқ ба он аз гардиши иқтисодӣ берун мондаанд;

6) ҳуҷҷати расмӣ оид ба қонунигардонӣ - шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо, шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии маблағҳои пулӣ (минбаъд - шаҳодатнома), ки ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда тасдиқ менамоянд.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, муассисон ва иштирокчиёни (саҳмиядорони) шахсони ҳуқуқӣ, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд) паҳн мегардад, ки дар давраи қонунигардонӣ дороӣ ва маблағҳои то санаи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар натиҷаи содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои авфшуда бадастовардаи худро мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур расмӣ намуда, ба гардиши иқтисодӣ ворид менамоянд.

2. Қонуни мазкур нисбат ба инҳо татбиқ намегардад:

1) дороиҳо ва маблағҳои шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд;

2) маблағҳои ба сифати қарз гирифтаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дороиҳои ба маблағи қарз харидоринамудаи онҳо;

3) дороиҳо ва маблағҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоташон маҳдуд гардидааст ва ё аз муомилот гирифта шудаанд;

4) дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то санаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур, вобаста ба дороиҳо ва маблағҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз он санади эътибори қонунӣ пайдокардаи суд (дигар мақомоти мутобиқи қонун ваколатдор) оид ба мусодира ё ба шахси дигар супоридани онҳо амал мекунад, инчунин дороиҳо ва маблағҳое, ки то санаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ё дар давраи амали Қонуни мазкур ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо мавриди муҳокимаи судӣ қарор дорад;

5) дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур вобаста ба онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз он парвандаи ҷиноятй ё маъмурии оғозшуда мавҷуд аст ва шаҳрванд аз имтиёзи бо Қонуни мазкур пешбинишуда ҷиҳати қатъ гардидани парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурии оғозшуда истифода накардааст;

6) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба дороиҳо ва маблағҳои тибқи Қонуни мазкур барои қонунигардонӣ пешниҳодшуда бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи судӣ маҳкум шудаанд;

7) дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳо ва ё ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба даст оварда шудаанд, ба истиснои ҷиноятҳо ва ё ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки тибқи Қонуни мазкур авф карда мешаванд;

8) дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳое, ки тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ)ро ба таври дахлдор татбиқ наменамоянд.

3. Амали Қонуни мазкур ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" монеъ намешавад.

Моддаи 3. Муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо

Муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо чилу ду моҳро дар бар мегирад ва аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур оғоз меёбад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888, аз 22.06.2023 № 1967, аз 23.02.2024 № 2043).

Моддаи 4. Махфияти маълумот оид ба қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо

1. Маълумот оид ба дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашаванда, инчунин соҳибони онҳо махфӣ мебошад.

2. Ифшои чунин маълумот танҳо аз ҷониби суд иҷозат дода мешавад.

Моддаи 5. Тартиб ва шартҳои қонунигардонии дороиҳо

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷшуда ё бо маблағҳои пулии қаблан дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он харидоришударо метавонанд бо роҳи пешниҳоди эъломия оид ба молу мулк қонунӣ гардонанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок (молик - бенефитсиар) дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ ва ҳама гуна дигар молу мулки манқул ва ғайриманқулро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои пулии қаблан дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ намуда, таҳти ҳуқуқи моликият дар хориҷа доранд, метавонанд бо роҳи пешниҳоди эъломия оид ба молу мулк қонунӣ гардонанд. Ба эъломия ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба чунин молу мулк, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ ба расмият дароварда шудаанд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи арзиш бо тасдиқи дахлдори он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон замима карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда, инчунин молу мулки ғайриманқули меросиро, ки нисбат ба он баҳс вуҷуд надорад, бо роҳи пешниҳоди ариза метавонанд қонунӣ гардонанд, агар қитъаи замини зери сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин мақсад ҷудо ё қаблан бо санадҳои дахлдор вобаста ё дода шуда бошад, молу мулки ғайриманқули мазкур мутобиқи таъиноти қитъаи замин, вале бе гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатдиҳӣ сохта шуда бошад ва нигоҳ доштани он ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон накунад, инчунин ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии объектҳои дар атрофи ин сохтмон ҷойгирбуда таҳдид накунад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

4. Эъломия оид ба молу мулк, ки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ва ариза, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, бо замима намудани ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои қонунигардонии дороиҳо ба комиссияҳо оид ба қонунигардонии дороиҳо, ки аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсис дода мешаванд, пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

5. Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо бо қарори комиссияи дахлдор оид ба қонунигардонӣ, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, дода мешавад. Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ барои анҷом додани бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқули қонунигардонидашуда ва ҳуқуқи моликият ба он ба ҳисоб меравад.

6. Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, намунаи шакли эъломия ва ариза, номгӯи ҳуҷҷатҳои барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул пешниҳодшаванда, намунаи шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо, шакли феҳристи дороиҳои қонунигардонидашуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

7. Роҳбарони комиссияҳо оид ба қонунигардонии дороиҳо иқтибос аз феҳристи дороиҳои қонунигардонидашударо аввали ҳар моҳ ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъмини махфияти онҳо пешниҳод менамоянд.

Моддаи 6. Тартиб ва шартҳои қонунигардонии маблағҳо

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ метавонанд маблағҳои худро бо тартиби зерин қонунӣ гардонанд:

1) дар ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисобҳои пасандози муҳлатноки на кам аз яксола ва ё амонати исломӣ ба ҳамин муҳлат ба номи худ ворид намудани пули миллӣ ва ё асъор бо роҳи пардохти нақдӣ ва (ё) ғайринақдӣ (бо роҳи интиқоли маблағҳо аз суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ) бо нишон додани мақсади қонунигардонӣ дар шартнома ва ҳуҷҷати хазинавии даромад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888);

2) саҳмгузорӣ дар ташаккули сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ бе ҳуқуқи бозпас гирифтани маблағ аз сармоя дар давоми се сол;

3) харидории ҳиссаҳо ва саҳмияҳои шахсони ҳуқуқии тиҷоратии давлатӣ ва хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) харидории коғазҳои қиматноки давлатӣ ва хусусӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эмиссия шудаанд;

5) харидории евробондҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) иштирок дар сохтмони ҳиссагии манзил ё сохтмони манзили инфиродӣ бо мақсади шахсӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888);

7) ташкили хоҷагии деҳқонӣ ва маблағгузории фаъолияти онҳо тавассути ворид намудани маблағ ба суратҳисоби бонкии онҳо ё саҳмгузорӣ дар фаъолияти хоҷагии деҳқонии амалкунанда;

8) сармоягузорӣ ба соҳибкории хурду миёна бо ё бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ;

9) пардохти молу маҳсулот ва таҷҳизоти воридотии таъиноти соҳибкорӣ ё шахсӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888);

10) сармоягузории корхонаҳои истеҳсолӣ;

11) сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ;

12) сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар;

13) сармоягузорӣ ба сохтмони молу мулки ғайриманқули ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста;

14) сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888);

15) сармоягузорӣ барои таъсиси субъектҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ бо ҷои корӣ барои на кам аз 30 корманд;

16) сармоягузорӣ барои таъсис ва ё тавсеаи фаъолияти марбут ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда;

17) сармоягузории такрорӣ барои рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла истеҳсолӣ, коркард ва кишоварзӣ;

18) ба ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор фурӯхтани асъор (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888);

19) пардохти арзиши молу маҳсулот ва таҷҳизоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи шахсӣ ё содирот (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888);

20) пешниҳоди қарзи субординарӣ;

21) дигар намудҳои маблағгузорӣ, сармоягузорӣ ва ё харидорӣ намудани дигар молу мулк дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

22) дар ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисобҳои амонати дархостшаванда бе мақсади сармоягузории минбаъда ба номи худ ворид намудани пули миллӣ ва ё асъор бо роҳи пардохти нақдӣ ва (ё) ғайринақдӣ (бо роҳи интиқоли маблағҳо аз суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ) бо нишон додани мақсади қонунигардонӣ дар шартнома ва ҳуҷҷати хазинавии даромад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

2. Дар сурати аз суратҳисобҳои пасандози муҳлатнок ё амонати исломии муҳлатнок, ки тибқи шартнома бо ташкилоти қарзии молиявӣ бо мақсади қонунигардонии маблағҳо кушода шудаанд, пеш аз муҳлат бозпас гирифтани пули миллӣ ё асъор, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ 5 фоиз аз маблағ ситонида, ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

3. Дар сурати тавассути амалӣ намудани банди 22) қисми 1 моддаи мазкур анҷом додани қонунигардонии маблағҳо, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ то ба расмият даровардани шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ 5 фоиз аз маблағ ситонида, ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

4. Агар маблағҳои авфкардашудаи суратҳисобҳои пасандози муҳлатнок ё амонати исломии муҳлатнок бо пули миллӣ ё асъор пеш аз муҳлат дар шакли ғайринақдӣ бозпас гирифта шуда, тибқи бандҳои 2)-21) қисми 1 моддаи мазкур равона карда шаванд, пас нисбат ба маблағи мазкур муқаррароти қисми 2 ҳамин модда татбиқ намегарданд. Инчунин ҳангоми дар шакли ғайринақдӣ тибқи бандҳои 2)-21) қисми 1 моддаи мазкур истифода намудани маблағҳои мутобиқи банди 22) қисми 1 моддаи мазкур ба суратҳисобҳои амонати дархостшаванда бе мақсади сармоягузории минбаъда воридшуда, муқаррароти қисми 3 моддаи мазкур татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

5. Қонунигардонии маблағҳо тавассути амалӣ намудани бандҳои 2)-21) қисми 1 ҳамин модда танҳо бо шарти аз ҷониби шаҳрванд ба суратҳисоби амонати дархостшавандаи ӯ дар ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман ворид намудани маблағҳои қонунигардонидашаванда бо нишон додани таъинот ва мақсади қонунигардонӣ дар шартнома ва ҳуҷҷати хазинавии даромад ва харҷи минбаъдаи онҳо аз ин суратҳисобҳо бо таъиноти бандҳои зикршуда дар шакли ғайринақдӣ имконпазир аст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

6. Ба шаҳрвандоне, ки маблағҳои худро тибқи қисми 1 моддаи мазкур қонунӣ мегардонанд, ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ медиҳанд, ки ҳаҷми маблағи вориднамуда ва санаи ворид намудани онро нишон медиҳад. Дар робита ба бандҳои 2)-21) қисми 1 ҳамин модда шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ пас аз харҷи маблағи қонунигардонидашаванда аз суратҳисоби амонати дархостшавандаи бо таъиноти дар бандҳои 2)-21) қисми 1 ҳамин модда ишорашуда ва пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи амалӣ гардидани таъиноти банди дахлдор дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

7. Талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё тодархостии бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ, шакли ҳисобот, инчунин рӯйхати ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

Моддаи 7. Имтиёзҳои андозӣ

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳо (ба истиснои молу мулки ғайриманқул) ва маблағҳои худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ ва дар давоми се соли пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур аз пардохти андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоизу ҷаримаҳои ба чунин дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда дахлдошта, инчунин ба даромад аз онҳо, ба маблағҳои аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашуда дахлдошта озод карда мешаванд ва дар давраи имтиёзи андоз, ки бо ҳамин модда муқаррар мегардад, дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда, инчунин даромад аз онҳо ва маблағҳо аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашуда ба даромади (объекти) андозбандишаванда дохил карда намешаванд.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои қонунигардонидашуда, аз ҷумла маблағҳо аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашудаи худро дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамчун пасандози муҳлатнок ва ё амонати исломии муҳлатнок мегузоранд, ба даромади (объекти) андозбандишавандаи шаҳрвандон дохил карда намешаванд. Инчунин дар давоми панҷ соли пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ба тариқи истисно аз пардохти андоз аз даромади чунин пасандозҳо озод карда мешаванд.

3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки молу мулки ғайриманқулро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ тибқи Қонуни мазкур аз ҳамаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин фоизҳо ва ҷаримаҳои ба чунин молу мулки ғайриманқул дахлдошта озод карда мешаванд ва дар ин давра молу мулки ғайриманқули қонунигардонидашуда ба даромади (объекти) андозбандишаванда дохил карда намешаванд.

Моддаи 8. Хароҷоти марбут ба қонунигардонӣ

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳои худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ хироҷ пардохт менамоянд.

2. Хароҷоти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда барои барасмиятдарории қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо аз ҳисоби шаҳрвандон пардохт карда мешавад.

Моддаи 9. Авфи шаҳрвандоне, ки дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ гардонидаанд

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ дороиҳо ва маблағҳои онҳо мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонида шудаанд, авф карда шуда, барои кирдорҳои дар моддаҳои 259, 259(1)- 262 (дар ҳолати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳое, ки дар натиҷаи содир намудани дигар ҷиноятҳои дар ҳамин қисм пешбинишуда ба даст оварда шудаанд), 263, 269, 270, 271, 273, 274, 284, 285, 286, 287, 289 қисми 1, 291, 292, 293, 294, 295, 318, 340(1)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки то оғози давраи қонунигардонӣ содир намудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ дороиҳо ва маблағҳои онҳо мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонида шудаанд, авф карда шуда, барои кирдорҳои дар моддаҳои 165, 171, 407, 409, 412, 417, 421, 424, 425, 427, 430, 431, 510, 511, 527(1) (дар ҳолати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳое, ки дар натиҷаи содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар ҳамин қисм пешбинишуда ба даст оварда шудаанд), 537, 538, 541, 542, 543, 545, 553, 554,558,572,577, 578, 588,591,593,594, 597, 599, 601, 603(1), 605, 606, 615, 617, 626, 630, 644-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки то оғози давраи қонунигардонӣ содир намудаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд.

3. Парвандаҳои ҷиноятие, ки нисбати шаҳрвандон то санаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур аз рӯи ҷиноятҳои тибқи қисми 1 ҳамин модда авфшуда оғоз гардида буданд, инчунин дар баррасии судӣ қарор доранд, дар сурати аз ҷониби онҳо мутобиқи Қонуни мазкур қонунигардонӣ шудани дороиҳо ва маблағҳо қатъ карда мешаванд. Бо мавод аз рӯи ҷиноятҳои тибқи қисми 1 ҳамин модда авфшаванда, ки аз рӯи онҳо қарор қабул карда нашудааст, дар сурати аз ҷониби шаҳрвандон мутобиқи Қонуни мазкур қонунигардонӣ шудани дороиҳо ва маблағҳо аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбаташон рад карда мешавад.

4. Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки нисбати шаҳрвандон то санаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур аз рӯи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии тибқи қисми 2 ҳамин модда авфшуда оғоз гардида буданд, инчунин дар баррасии судӣ қарор доранд, дар сурати аз ҷониби онҳо мутобиқи Қонуни мазкур қонунигардонӣ шудани дороиҳо ва маблағҳо қатъ карда мешаванд.

5. Нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ дороиҳо ва маблағҳои худро мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонидаанд, инчунин аз рӯи дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашавандаи онҳо, дар асоси маълумоти дар рафти қонунигардонӣ тибқи Қонуни мазкур ошкоршуда, гузаронидани ҳамагуна санҷиш ва тафтиши мақомоти давлатӣ, ҳаракатҳои мурофиавӣ, аз ҷумла таъқиби ҷиноятӣ, оғози парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурӣ, татбиқи чораҳои ҷазои маъмурӣ ё интизомӣ манъ аст.

6. Дороиҳо ва маблағҳои тибқи Қонуни мазкур қонунигардонидашудаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби ӯ содир гардидани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди мусодира қарор намегирад.

7. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқии таъсисдодаи онҳо аз рӯи дороиҳо ва маблағҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар натиҷаи дар эъломияи даромад ва ё ҳамчун объекти андозбандишаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон надодан ба даст оварда шудаанд ва ба гардиши иқтисодии қонунӣ (ба пасандоз гузошта шудаанд, ба сармояи шахси ҳуқуқӣ ворид карда шудаанд, коғазҳои қиматнок харида шудаанд, сохтмони молу мулки ғайриманқул ва дигарҳо) ворид карда шудаанд, барои кирдорҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинишуда авфшуда ҳисобида шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ кашида намешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1967).

Моддаи 10. Кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд

1. Қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо бо ҳуҷҷати расмӣ оид ба қонунигардонӣ тасдиқ карда мешавад.

2. Давлат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дороиҳо ва маблағҳои худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонидаанд, инчунин дахлнопазирии дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашударо кафолат медиҳад.

3. Шаҳрвандон аз рӯи ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи Қонуни мазкур ҳангоми гузаронидани қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо ҳуқуқи ба суд шикоят карданро доранд.

4. Фаъолияти соҳибкории соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки аз ҳисоби дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда таъсис ёфтаанд, дар давоми ду сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ мавриди санҷиш қарор дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

Моддаи 11. Муҳлати даъво

1. Муҳлати даъво доир ба масъалаҳои қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон тибқи Қонуни мазкур як сол буда, пас аз гузаштани ин муҳлат чунин масъалаҳо аз ҷониби суд баррасӣ карда намешаванд.

2. Муҳлати даъво вобаста ба масъалаҳои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул дар сурати бо сабабҳои узрнок гузаронидани он мумкин аст, ки аз ҷониби суд барқарор карда шавад.

Моддаи 12. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра ва боэътимод будани маълумот ва ҳуҷҷатҳои ҷиҳати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои пешниҳодшуда ҷавобгар мебошанд.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки талаботи Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 13. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

2 июли соли 2021, № 1802

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888)

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 30 июни соли 2021, № 468

қабул карда шуд.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаина оид ба авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, мақсади он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

1) авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо (минбаъд - авф) - озод намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дороиҳо ва маблағҳое, ки мутобиқи талаботи Қонуни мазкур қонунӣ гардонида мешаванд, пешбинӣ намудани имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд;

2) давраи қонунигардонӣ - муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, ки дар давоми он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ гардонанд;

3) дороиҳо - молу мулки манқул ва ғайриманқули зерин:

а) металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷ шудаанд ё бо маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шудаанд;

б) металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок (молик - бенефитсиар) дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқул, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шуда (ташаккул дода шуда), таҳти ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қарор доранд;

в) молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда;

4) маблағҳо - пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъор, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он дар шакли нақдӣ ё ғайринақдӣ қарор доранд;

5) қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо - тартиби барасмиятдарории ҳуқуқи шаҳрвандон ба дороиҳо ва маблағҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан дар натиҷаи аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда шудани маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё ҳамчун объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда ба даст оварда шудаанд, тавассути сармоягузории онҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, инчунин расмиёти барасмиятдарории ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дороиҳое, ки дар натиҷаи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда нашудани ҳуқуқ ба он аз гардиши иқтисодӣ берун мондаанд;

6) ҳуҷҷати расмӣ оид ба қонунигардонӣ - шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо, шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии маблағҳои пулӣ (минбаъд - шаҳодатнома), ки ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда тасдиқ менамоянд.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, муассисон ва иштирокчиёни (саҳмиядорони) шахсони ҳуқуқӣ, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд) паҳн мегардад, ки дар давраи қонунигардонӣ дороӣ ва маблағҳои то санаи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар натиҷаи содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои авфшуда бадастовардаи худро мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур расмӣ намуда, ба гардиши иқтисодӣ ворид менамоянд.

2. Қонуни мазкур нисбат ба инҳо татбиқ намегардад:

1) дороиҳо ва маблағҳои шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд;

2) маблағҳои ба сифати қарз гирифтаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дороиҳои ба маблағи қарз харидоринамудаи онҳо;

3) дороиҳо ва маблағҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоташон маҳдуд гардидааст ва ё аз муомилот гирифта шудаанд;

4) дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то санаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур, вобаста ба дороиҳо ва маблағҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз он санади эътибори қонунӣ пайдокардаи суд (дигар мақомоти мутобиқи қонун ваколатдор) оид ба мусодира ё ба шахси дигар супоридани онҳо амал мекунад, инчунин дороиҳо ва маблағҳое, ки то санаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ё дар давраи амали Қонуни мазкур ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо мавриди муҳокимаи судӣ қарор дорад;

5) дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур вобаста ба онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз он парвандаи ҷиноятй ё маъмурии оғозшуда мавҷуд аст ва шаҳрванд аз имтиёзи бо Қонуни мазкур пешбинишуда ҷиҳати қатъ гардидани парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурии оғозшуда истифода накардааст;

6) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба дороиҳо ва маблағҳои тибқи Қонуни мазкур барои қонунигардонӣ пешниҳодшуда бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи судӣ маҳкум шудаанд;

7) дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳо ва ё ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба даст оварда шудаанд, ба истиснои ҷиноятҳо ва ё ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки тибқи Қонуни мазкур авф карда мешаванд;

8) дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳое, ки тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ)ро ба таври дахлдор татбиқ наменамоянд.

3. Амали Қонуни мазкур ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" монеъ намешавад.

Моддаи 3. Муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо

Муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо бисту чор моҳро дар бар мегирад ва аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур оғоз меёбад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

Моддаи 4. Махфияти маълумот оид ба қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо

1. Маълумот оид ба дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашаванда, инчунин соҳибони онҳо махфӣ мебошад.

2. Ифшои чунин маълумот танҳо аз ҷониби суд иҷозат дода мешавад.

Моддаи 5. Тартиб ва шартҳои қонунигардонии дороиҳо

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷшуда ё бо маблағҳои пулии қаблан дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он харидоришударо метавонанд бо роҳи пешниҳоди эъломия оид ба молу мулк қонунӣ гардонанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок (молик - бенефитсиар) дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ ва ҳама гуна дигар молу мулки манқул ва ғайриманқулро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои пулии қаблан дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ намуда, таҳти ҳуқуқи моликият дар хориҷа доранд, метавонанд бо роҳи пешниҳоди эъломия оид ба молу мулк қонунӣ гардонанд. Ба эъломия ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба чунин молу мулк, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ ба расмият дароварда шудаанд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи арзиш бо тасдиқи дахлдори он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон замима карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда, инчунин молу мулки ғайриманқули меросиро, ки нисбат ба он баҳс вуҷуд надорад, бо роҳи пешниҳоди ариза метавонанд қонунӣ гардонанд, агар қитъаи замини зери сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин мақсад ҷудо ё қаблан бо санадҳои дахлдор вобаста ё дода шуда бошад, молу мулки ғайриманқули мазкур мутобиқи таъиноти қитъаи замин, вале бе гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатдиҳӣ сохта шуда бошад ва нигоҳ доштани он ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон накунад, инчунин ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии объектҳои дар атрофи ин сохтмон ҷойгирбуда таҳдид накунад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

4. Эъломия оид ба молу мулк, ки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ва ариза, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, бо замима намудани ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои қонунигардонии дороиҳо ба комиссияҳо оид ба қонунигардонии дороиҳо, ки аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсис дода мешаванд, пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

5. Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо бо қарори комиссияи дахлдор оид ба қонунигардонӣ, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, дода мешавад. Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ барои анҷом додани бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқули қонунигардонидашуда ва ҳуқуқи моликият ба он ба ҳисоб меравад.

6. Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, намунаи шакли эъломия ва ариза, номгӯи ҳуҷҷатҳои барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул пешниҳодшаванда, намунаи шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо, шакли феҳристи дороиҳои қонунигардонидашуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

7. Роҳбарони комиссияҳо оид ба қонунигардонии дороиҳо иқтибос аз феҳристи дороиҳои қонунигардонидашударо аввали ҳар моҳ ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъмини махфияти онҳо пешниҳод менамоянд.

Моддаи 6. Тартиб ва шартҳои қонунигардонии маблағҳо

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ метавонанд маблағҳои худро бо тартиби зерин қонунӣ гардонанд:

1) дар ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисобҳои пасандози муҳлатноки на кам аз яксола ва ё амонати исломӣ ба ҳамин муҳлат ба номи худ ворид намудани пули миллӣ ва ё асъор бо роҳи пардохти нақдӣ ва (ё) ғайринақдӣ (бо роҳи интиқоли маблағҳо аз суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ) бо нишон додани мақсади қонунигардонӣ дар шартнома ва ҳуҷҷати хазинавии даромад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888);

2) саҳмгузорӣ дар ташаккули сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ бе ҳуқуқи бозпас гирифтани маблағ аз сармоя дар давоми се сол;

3) харидории ҳиссаҳо ва саҳмияҳои шахсони ҳуқуқии тиҷоратии давлатӣ ва хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) харидории коғазҳои қиматноки давлатӣ ва хусусӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эмиссия шудаанд;

5) харидории евробондҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) иштирок дар сохтмони ҳиссагии манзил ё сохтмони манзили инфиродӣ бо мақсади шахсӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888);

7) ташкили хоҷагии деҳқонӣ ва маблағгузории фаъолияти онҳо тавассути ворид намудани маблағ ба суратҳисоби бонкии онҳо ё саҳмгузорӣ дар фаъолияти хоҷагии деҳқонии амалкунанда;

8) сармоягузорӣ ба соҳибкории хурду миёна бо ё бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ;

9) пардохти молу маҳсулот ва таҷҳизоти воридотии таъиноти соҳибкорӣ ё шахсӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888);

10) сармоягузории корхонаҳои истеҳсолӣ;

11) сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ;

12) сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар;

13) сармоягузорӣ ба сохтмони молу мулки ғайриманқули ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста;

14) сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888);

15) сармоягузорӣ барои таъсиси субъектҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ бо ҷои корӣ барои на кам аз 30 корманд;

16) сармоягузорӣ барои таъсис ва ё тавсеаи фаъолияти марбут ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда;

17) сармоягузории такрорӣ барои рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла истеҳсолӣ, коркард ва кишоварзӣ;

18) ба ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор фурӯхтани асъор (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888);

19) пардохти арзиши молу маҳсулот ва таҷҳизоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи шахсӣ ё содирот (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888);

20) пешниҳоди қарзи субординарӣ;

21) дигар намудҳои маблағгузорӣ, сармоягузорӣ ва ё харидорӣ намудани дигар молу мулк дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

22) дар ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисобҳои амонати дархостшаванда бе мақсади сармоягузории минбаъда ба номи худ ворид намудани пули миллӣ ва ё асъор бо роҳи пардохти нақдӣ ва (ё) ғайринақдӣ (бо роҳи интиқоли маблағҳо аз суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ) бо нишон додани мақсади қонунигардонӣ дар шартнома ва ҳуҷҷати хазинавии даромад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

2. Дар сурати аз суратҳисобҳои пасандози муҳлатнок ё амонати исломии муҳлатнок, ки тибқи шартнома бо ташкилоти қарзии молиявӣ бо мақсади қонунигардонии маблағҳо кушода шудаанд, пеш аз муҳлат бозпас гирифтани пули миллӣ ё асъор, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ 5 фоиз аз маблағ ситонида, ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

3. Дар сурати тавассути амалӣ намудани банди 22) қисми 1 моддаи мазкур анҷом додани қонунигардонии маблағҳо, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ то ба расмият даровардани шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ 5 фоиз аз маблағ ситонида, ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

4. Агар маблағҳои авфкардашудаи суратҳисобҳои пасандози муҳлатнок ё амонати исломии муҳлатнок бо пули миллӣ ё асъор пеш аз муҳлат дар шакли ғайринақдӣ бозпас гирифта шуда, тибқи бандҳои 2)-21) қисми 1 моддаи мазкур равона карда шаванд, пас нисбат ба маблағи мазкур муқаррароти қисми 2 ҳамин модда татбиқ намегарданд. Инчунин ҳангоми дар шакли ғайринақдӣ тибқи бандҳои 2)-21) қисми 1 моддаи мазкур истифода намудани маблағҳои мутобиқи банди 22) қисми 1 моддаи мазкур ба суратҳисобҳои амонати дархостшаванда бе мақсади сармоягузории минбаъда воридшуда, муқаррароти қисми 3 моддаи мазкур татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

5. Қонунигардонии маблағҳо тавассути амалӣ намудани бандҳои 2)-21) қисми 1 ҳамин модда танҳо бо шарти аз ҷониби шаҳрванд ба суратҳисоби амонати дархостшавандаи ӯ дар ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман ворид намудани маблағҳои қонунигардонидашаванда бо нишон додани таъинот ва мақсади қонунигардонӣ дар шартнома ва ҳуҷҷати хазинавии даромад ва харҷи минбаъдаи онҳо аз ин суратҳисобҳо бо таъиноти бандҳои зикршуда дар шакли ғайринақдӣ имконпазир аст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

6. Ба шаҳрвандоне, ки маблағҳои худро тибқи қисми 1 моддаи мазкур қонунӣ мегардонанд, ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ медиҳанд, ки ҳаҷми маблағи вориднамуда ва санаи ворид намудани онро нишон медиҳад. Дар робита ба бандҳои 2)-21) қисми 1 ҳамин модда шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ пас аз харҷи маблағи қонунигардонидашаванда аз суратҳисоби амонати дархостшавандаи бо таъиноти дар бандҳои 2)-21) қисми 1 ҳамин модда ишорашуда ва пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи амалӣ гардидани таъиноти банди дахлдор дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

7. Талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё тодархостии бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ, шакли ҳисобот, инчунин рӯйхати ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2022 № 1888).

Моддаи 7. Имтиёзҳои андозӣ

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳо (ба истиснои молу мулки ғайриманқул) ва маблағҳои худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ ва дар давоми се соли пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур аз пардохти андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоизу ҷаримаҳои ба чунин дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда дахлдошта, инчунин ба даромад аз онҳо, ба маблағҳои аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашуда дахлдошта озод карда мешаванд ва дар давраи имтиёзи андоз, ки бо ҳамин модда муқаррар мегардад, дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда, инчунин даромад аз онҳо ва маблағҳо аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашуда ба даромади (объекти) андозбандишаванда дохил карда намешаванд.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои қонунигардонидашуда, аз ҷумла маблағҳо аз фурӯши дороиҳои қонунигардонидашудаи худро дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамчун пасандози муҳлатнок ва ё амонати исломии муҳлатнок мегузоранд, ба даромади (объекти) андозбандишавандаи шаҳрвандон дохил карда намешаванд. Инчунин дар давоми панҷ соли пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ба тариқи истисно аз пардохти андоз аз даромади чунин пасандозҳо озод карда мешаванд.

3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки молу мулки ғайриманқулро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ тибқи Қонуни мазкур аз ҳамаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин фоизҳо ва ҷаримаҳои ба чунин молу мулки ғайриманқул дахлдошта озод карда мешаванд ва дар ин давра молу мулки ғайриманқули қонунигардонидашуда ба даромади (объекти) андозбандишаванда дохил карда намешаванд.

Моддаи 8. Хароҷоти марбут ба қонунигардонӣ

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳои худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ хироҷ пардохт менамоянд.

2. Хароҷоти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда барои барасмиятдарории қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо аз ҳисоби шаҳрвандон пардохт карда мешавад.

Моддаи 9. Авфи шаҳрвандоне, ки дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ гардонидаанд

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ дороиҳо ва маблағҳои онҳо мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонида шудаанд, авф карда шуда, барои кирдорҳои дар моддаҳои 259, 259(1)- 262 (дар ҳолати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳое, ки дар натиҷаи содир намудани дигар ҷиноятҳои дар ҳамин қисм пешбинишуда ба даст оварда шудаанд), 263, 269, 270, 271, 273, 274, 284, 285, 286, 287, 289 қисми 1, 291, 292, 293, 294, 295, 318, 340(1)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки то оғози давраи қонунигардонӣ содир намудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ дороиҳо ва маблағҳои онҳо мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонида шудаанд, авф карда шуда, барои кирдорҳои дар моддаҳои 165, 171, 407, 409, 412, 417, 421, 424, 425, 427, 430, 431, 510, 511, 527(1) (дар ҳолати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳое, ки дар натиҷаи содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар ҳамин қисм пешбинишуда ба даст оварда шудаанд), 537, 538, 541, 542, 543, 545, 553, 554,558,572,577, 578, 588,591,593,594, 597, 599, 601, 603(1), 605, 606, 615, 617, 626, 630, 644-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки то оғози давраи қонунигардонӣ содир намудаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд.

3. Парвандаҳои ҷиноятие, ки нисбати шаҳрвандон то санаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур аз рӯи ҷиноятҳои тибқи қисми 1 ҳамин модда авфшуда оғоз гардида буданд, инчунин дар баррасии судӣ қарор доранд, дар сурати аз ҷониби онҳо мутобиқи Қонуни мазкур қонунигардонӣ шудани дороиҳо ва маблағҳо қатъ карда мешаванд. Бо мавод аз рӯи ҷиноятҳои тибқи қисми 1 ҳамин модда авфшаванда, ки аз рӯи онҳо қарор қабул карда нашудааст, дар сурати аз ҷониби шаҳрвандон мутобиқи Қонуни мазкур қонунигардонӣ шудани дороиҳо ва маблағҳо аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбаташон рад карда мешавад.

4. Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки нисбати шаҳрвандон то санаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур аз рӯи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии тибқи қисми 2 ҳамин модда авфшуда оғоз гардида буданд, инчунин дар баррасии судӣ қарор доранд, дар сурати аз ҷониби онҳо мутобиқи Қонуни мазкур қонунигардонӣ шудани дороиҳо ва маблағҳо қатъ карда мешаванд.

5. Нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ дороиҳо ва маблағҳои худро мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонидаанд, инчунин аз рӯи дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашавандаи онҳо, дар асоси маълумоти дар рафти қонунигардонӣ тибқи Қонуни мазкур ошкоршуда, гузаронидани ҳамагуна санҷиш ва тафтиши мақомоти давлатӣ, ҳаракатҳои мурофиавӣ, аз ҷумла таъқиби ҷиноятӣ, оғози парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурӣ, татбиқи чораҳои ҷазои маъмурӣ ё интизомӣ манъ аст.

6. Дороиҳо ва маблағҳои тибқи Қонуни мазкур қонунигардонидашудаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби ӯ содир гардидани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди мусодира қарор намегирад.

7. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқии таъсисдодаи онҳо аз рӯи дороиҳо ва маблағҳое, ки дар натиҷаи дар эъломияи даромад ва ё ҳамчун объекти андозбандишаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон надодан ба даст оварда шудаанд ва то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ба гардиши иқтисодии қонунӣ (ба пасандоз гузошта шудаанд, ба сармояи шахси ҳуқуқӣ ворид карда шудаанд, коғазҳои қиматнок харида шудаанд, сохтмони молу мулки ғайриманқул ва дигарҳо) ворид карда шудаанд, барои кирдорҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинишуда авфшуда ҳисобида шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ кашида намешаванд.