ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июни соли 2022, № 750
қабул гардидааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 2 июли соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №7-10, мод. 534) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни моддаи 3 калимаи "дувоздаҳ" ба калимаҳои "бисту чор" иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 5:
- аз қисми 1 калимаҳои "бо нишон додани таъиноти қонунигардонӣ" ва ҷумлаи дуюм хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои ", инчунин ҳама гуна" ба калимаҳои "ва ҳама гуна дигар" иваз карда шуда, калимаҳои "бо нишон додани таъиноти қонунигардонӣ" ва ", инчунин ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои қонунигардонӣ" хориҷ карда шаванд;
- қисмҳои 3 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда, инчунин молу мулки ғайриманқули меросиро, ки нисбат ба он баҳс вуҷуд надорад, бо роҳи пешниҳоди ариза метавонанд қонунӣ гардонанд, агар қитъаи замини зери сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин мақсад ҷудо ё қаблан бо санадҳои дахлдор вобаста ё дода шуда бошад, молу мулки ғайриманқули мазкур мутобиқи таъиноти қитъаи замин, вале бе гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатдиҳӣ сохта шуда бошад ва нигоҳ доштани он ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон накунад, инчунин ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии объектҳои дар атрофи ин сохтмон ҷойгирбуда таҳдид накунад.
4. Эъломия оид ба молу мулк, ки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ва ариза, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, бо замима намудани ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои қонунигардонии дороиҳо ба комиссияҳо оид ба қонунигардонии дороиҳо, ки аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсис дода мешаванд, пешниҳод карда мешаванд.".
3. Дар моддаи 6:
- дар матни модда калимаҳои "бонкҳои", "бонк" ва "бонкҳо" мувофиқан ба калимаҳои "ташкилотҳои қарзии молиявии", "ташкилоти қарзии молиявӣ" ва "ташкилотҳои қарзии молиявӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 1:
- ба банди 6) пас аз калимаи "манзил" калимаҳои "ё сохтмони манзили инфиродӣ бо мақсади шахсӣ" илова карда шаванд;
- дар банди 9) аломати вергул ба калимаи "ва" иваз карда шуда, пас аз калимаи "соҳибкорӣ" калимаҳои "ё шахсӣ" илова карда шаванд;
- дар банди 14) калимаи "пахтакорӣ" ба калимаи "кишоварзӣ" иваз карда шавад;
- дар банди 18) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- бандҳои 19), 20), 21) ва 22) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"19) пардохти арзиши молу маҳсулот ва таҷҳизоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи шахсӣ ё содирот;
20) пешниҳоди қарзи субординарӣ;
21) дигар намудҳои маблағгузорӣ, сармоягузорӣ ва ё харидорӣ намудани дигар молу мулк дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
22) дар ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисобҳои амонати дархостшаванда бе мақсади сармоягузории минбаъда ба номи худ ворид намудани пули миллӣ ва ё асъор бо роҳи пардохти нақдӣ ва (ё) ғайринақдӣ (бо роҳи интиқоли маблағҳо аз суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ) бо нишон додани мақсади қонунигардонӣ дар шартнома ва ҳуҷҷати хазинавии даромад.";
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Дар сурати тавассути амалӣ намудани банди 22) қисми 1 моддаи мазкур анҷом додани қонунигардонии маблағҳо, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ то ба расмият даровардани шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ 5 фоиз аз маблағ ситонида, ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.";
- дар қисми 3 рақамҳои "2)-18)" ба рақамҳои "2)-21)" иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Инчунин ҳангоми дар шакли ғайринақдӣ тибқи бандҳои 2)-21) қисми 1 моддаи мазкур истифода намудани маблағҳои мутобиқи банди 22) қисми 1 моддаи мазкур ба суратҳисобҳои амонати дархостшаванда бе мақсади сармоягузории минбаъда воридшуда, муқаррароти қисми 3 моддаи мазкур татбиқ намегардад.";
- дар қисми 4 рақамҳои "2)-18)" ба рақамҳои "2)-21)" иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 рақамҳо ва калимаҳои "2)-18)" ва "бандҳои дар" мувофиқан ба рақамҳо ва калимаҳои "2)-21" ва "дар бандҳои 2)-21)" иваз карда шаванд;
- қисмҳои 3, 4, 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 4, 5, 6 ва 7 ҳисобида шаванд.
4. Ба моддаи 10 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Фаъолияти соҳибкории соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки аз ҳисоби дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда таъсис ёфтаанд, дар давоми ду сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ мавриди санҷиш қарор дода намешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 20 июни соли 2022, № 1888
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ АМНИСТИИ В СВЯЗИ С ЛЕГАЛИЗАЦИЕЙ АКТИВОВ И ДЕНЕЖНЫХ СРЕДСТВ ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят постановлением
Маджлиси намояндагон МОРТ
от 15 июня 2022 года №750
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "Об амнистии в связи с легализацией активов и денежных средств граждан Республики Таджикистан" от 2 июля 2021 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2021 г., №7-10, ст. 534) следуюгцие изменения и дополнения:
1. В тексте статьи 3 слово "двенадцать" заменить словами "двадцать четыре".
2. В статье 5:
- из части 1 слова "с указанием назначения легализации" и второе предложение исключить;
- в части 2 слова ", а также любое" заменить словами "и любое иное", а слова "с указанием назначения легализации" и ", а также документ об уплате сбора за легализацию" исключить;
- части 3 и 4 изложить в следующей редакции:
"3. Граждане Республики Таджикистан в период легализации могут путем представления заявления легализовать недвижимое имущество, самовольно возведенное в личных целях или используемое в предпринимательской деятельности, а также наследственное недвижимое имущество, в отношении которого нет споров, если земельный участок под строительство отведен в порядке, установленном законом и другими правовыми актами Республики Таджикистан для этой цели, или в прошлом закреплен или предоставлен соответствующими актами, данное недвижимое имущество построено в соответствии с назначением земельного участка, но без получения соответствующих разрешительных документов для строительства, и его сохранение не нарушает права и охраняемые законом интересы других лиц, а также не создает угрозу их жизни и здоровью, либо безопасности объектов, расположенных вокруг этих построек.
4. Декларация об имуществе, предусмотренная частями 1 и 2 настоящей статьи, и заявление, предусмотренное частью 3 настоящей статьи, с приложением документа об уплате сбора за легализацию активов подаются комиссиям по легализации, которые создаются председателями городов и районов, а также районов города Душанбе.".
3. В статье 6:
- в тексте слова "банках", "банкам", "с банком", "банками", "банки", "банков" соответственно заменить словами "кредитно- финансовых организациях", "кредитно-финансовым организациям", "с кредитнофинансовой организацией", "кредитно-финансовыми организациями", "кредитно-финансовые организации", "кредитно- финансовых организаций";
- в части 1:
- пункт 6) после слова "жилья" дополнить словами "или строительства индивидуального жилья в личных целях";
- пункт 9) после слова "предпринимательского" дополнить словами "или личного";
- в пункте 14) слова "отрасли хлопководства" заменить словами "аграрной отрасли";
- в пункте 18) знак точки заменить знаком точки с запятой ";";
- дополнить пунктами 19), 20), 21) и 22) следуюгцего содержания:
"19) оплата стоимости товаров, продукции и оборудования производства Республики Таджикистан в целях личного использования или экспорта;
20) выдача субординированного кредита;
21) другие виды финансирования, инвестиций или покупка другого имущества на территории Республики Таджикистан с соблюдением требований законодательства Республики Таджикистан;
22) зачисление национальной или иностранной валюты наличным и (или) безналичным платежом (путем перевода денежных средств со счетов в кредитнофинансовых организациях) на депозитные счета до востребования без цели последующего инвестирования, открытых на своё имя в кредитно-финансовых организациях Республики Таджикистан, с указанием цели легализации в договоре и приходном кассовом документе.";
- дополнить частью 3 следующего содержания:
"3. В случае легализации денежных средств посредством осуществления пункта 22) части 1 настоящей статьи, кредитно- финансовыми организациями до оформления свидетельства о легализации денежных средств взыскивается 5 процентов от суммы денежных средств с зачислением их в государственный бюджет.";
- в части 3 цифры "2)-18)" заменить цифрами "2)
21)" и дополнить вторым предложением следующего содержания:
"Также в случае использования денежных средств, зачисленных согласно пункту 22) части 1 настоящей статьи в депозитный счет до востребования без цели последующего инвестирования в безналичной форме согласно пунктам 2)-21) части 1 настоящей статьи, положения части 3 настоящей статьи не применяются.";
- в части 4 цифры "2)-18)" заменить цифрами "2)
21)";
- в части 5 цифры и слова "2)-18)" и "назначению пунктов" соответственно заменить цифрами и словами "2)-21)" и "назначению пунктов 2)-21)";
- части 3, 4, 5 и 6 соответственно считать частьями 4, 5, 6 и 7.
4. Статью 10 дополнить частью 4 следующего содержания:
"4. Предпринимательская деятельность индивидуальных предпринимателей и юридических лиц, учрежденных за счет легализованных активов и денежных средств, в течение двух лет с даты государственной регистрации не подлежат проверкам.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его осЬициального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 20 июня 2022 года, №1888