Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2026, № 2233 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи амалкуни: 05.01.2026

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 2026, № 331
қабул карда шудааст


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 июли соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №7-10, мод. 534; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2022, №1888; с. 2023, №4-6, мод. 151; с. 2024, №1-2, мод. 28, №12, мод.744) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 3. Муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо

1. Муҳлати қонунигардонии дороиҳо панҷоҳу чор моҳро дар бар гирифта, аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур оғоз меёбад ва 5 январи соли 2026 ба анҷом мерасад.

2. Муҳлати қонунигардонии маблағҳо шасту шаш моҳро дар бар мегирад ва аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур оғоз меёбад.».

2. Дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 7 калимаҳои «мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур» ба калимаҳои «анҷом додани қонунигардонӣ» иваз карда шаванд.

...

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «ОБ АМНИСТИИ В СВЯЗИ С ЛЕГАЛИЗАЦИЕЙ АКТИВОВ И ДЕНЕЖНЫХ СРЕДСТВ ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН»
Принят постановлением МН МОРТ
от 4 февраля 2026 года, №331

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «Об амнистии в связи с легализацией активов и денежных средств граждан Республики Таджикистан» от 2 июля 2021 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2021 г., №7-10, ст. 534; Закон Республики Таджикистан от 20 июня 2022 года, №1888; 2023 г., №4-6, ст. 151; 2024 г., №1-2, ст. 28, №12, ст. 744) следующие изменения:

1. Статью 3 изложить в следующей редакции:

«Статья 3. Срок легализации активов и денежных средств

1. Срок легализации активов охватывает пятьдесят четыре месяца, начиная со дня введения в действие настоящего Закона и завершается 5 января 2026 года.

2. Срок легализации денежных средств охватывает шестьдесят шесть месяцев и начинается со дня введения в действие настоящего Закона.».

2. В частях 1 и 2 статьи 7 слова «введения в действие настоящего Закона» заменить словами «осуществления легализации».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 5 января 2026 года.


Президент
Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон


...